БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Бахши кардиоҷарроҳӣ

Кардиоҷарроҳӣ  яке аз се бахши бемористон аст, ки баробари кушодашавии бемористон роҳандозӣ шуда буд.

Ин бахш ифтихори бемористон аст ва амалҳое, ки дар ин ҷо анҷом мешаванд, ҳатто барои кишвархои пешрафта нодир маҳсуб мешаванд. Маризҳое, ки бо дору ва методи дохилирагӣ табобат намешаванд, барои амал ба ин бахш гузаронда мешаванд.

 

Кардиоҷарроҳӣ ошёнаи чоруми бемористонро ишғол кардааст ва аз ду қисм- ҳуҷраи амал ва ҳуҷраи эҳё иборат мебошад.

Дар ин мақола фақат ҳуҷраи амалро баррасӣ мекунем.

Ҳуҷраи  амали дил бо навтарин дастгоҳ ва васоил муҷаҳҳаз аст:

-дастгоҳи беҳушӣ:

тахт ва лампи махсус:

-дастгоҳи гардиши сунъии хун:

-баллони нафасдиҳӣ:

васоили амал:

Дар ин ҳуҷра мураккабтарин  амалҳои дил аз қабили шунтгузории коронарӣ, ивази дарича, рафъи нуқсонхо ва ғайра анҷом мешаванд.

Тими  ҷарроҳон ва парасторонро дар вақти амал аз ҳашт то даҳ нафар ташкил медиханд

Амали дилро ба чор марҳила тақсим кардан мумкин аст:

-таёр кардани мариз (стерилгардонӣ, беҳушкунӣ ва ғайра);

-боз кардан (васл кардан ба дастгоҳи гардиши сунъии хун, кардиоплегия ва ғайра);

-рафъи нуқс-асли амал (шунтгузорӣ, ивази дарича, бастани сӯрохӣ, бардоштани омос ва ғайра);

-берун омадан (аз дастгоҳи гардиши сунъии хун гирифтан, бастан ва ғайра);

Амали дил беш аз 3 соат  давом мекунад.

ФОТО

 

ВИДЕО