БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Шӯъбаи бемориҳои чашм

Шӯъбаи бемориҳои чашми Бемористони Ибни Сино навтаъсис буда, аз оғози соли равон ба фаъолият шурӯъ намудааст.  Дар ин шӯъба мутахассисони варзидаи ватанӣ ва эронӣ фаъолият доранд.

Утоқи кории пизишки чашм бо  дастгоҳҳои визометрия, авторефкератометрия, ретиноскопия, офталмохромоскопия, биомикроскопия, тонометрия, линзметрия ва ғайра  таҷҳизонида шудааст:

 

Пизишки чашм зимни муоинаи беморон аввал аз дастгоҳи визометрия барои муайян намудани тезбинии чашм кор мегирад:

Авторефкератометрия - таҳқиқи компютерии қарнияи чашм аст, ки  дар муддати якчанд дақиқа дараҷаи пастшавии тезбинии чашмро муайян менамояд:

Дар мавридҳои зарурӣ пизишки чашми Бемористони Ибни Сино аз ретиноскопия –дастгоҳе, ки барои азназаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои қаъри чашм хизмат мекунад, истифода мебарад:

Тонометрия дар мавриди чен кардани фишори чашм истифода бурда мешавад:

Агар ба бемор гирифтани айнак зарур шуморида шавад, дастгоҳи линзметрия метавонад барои  муайян намудани дараҷаи айнак кӯмак расонад:

Дар ин маврид ҳамчунин аз маҷмӯи шишаҳои махсуси силиндрӣ ва сферикӣ  низ истифода бурда мешавад:

Дар ин шӯъба табобати  чунин намуди бемориҳо ба роҳ монда мешавад: чашмпарда, нейроофтальмология (оризаҳои бемориҳои асаб), оризаҳои эндокринологӣ ё оризаҳои чашм, ки аз таъсири бемории диабети қанд ба вуҷуд омадаанд, дурбинӣ ва наздикбинӣ, марҳилаи барқароркунии баъдиҷарроҳии захмҳои чашм ва барқароркунии биниши он, чашмпардаи навзодон ва ғайра.

Дастгоҳи  ABCкан  дар мавориди пеш аз ҷарроҳӣ барои ташхиси ултрасадоии чашм ва муайян кардани андозаҳои линзаи сунъӣ истифода мешавад:

Ҳангоми ҷарроҳӣ аз микроскоп низ истифода мебаранд:

Ҷарроҳии катарактаи чашм ба воситаи дастгоҳи  Faico анҷом дода  мешавад :

Ҳамчунин дар ин шӯъба чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:

  • -ҷарроҳии мушакҳои чашм (страбизм).
  • -ҷарроҳии узвҳои ашк.
  • -ҷарроҳии қарния (птерегиум).

Табобати консервативӣ ва ҷарроҳии бемориҳо  дар ин шӯъбаи бемориҳои чашми Бемористони Ибни Сино чунин бартариятҳо дорад :

 -илтиҳоби мултаҳими бактериявӣ, вирусӣ ва аллергикӣ;

-табобати астигматизм бо интихоб намудани оинаҳои сферикӣ ва силиндрӣ;

-олуси (страбизм) чашми кӯдакон (модарзодӣ) ва оризаҳои асабӣ;

-оризаҳои эндокринологии кӯдакон ва наврасон;

-табобати консервативии доғҳои дегенеративӣ ва дистрофия дар шабакия;

-табобати тағироти синусолӣ дар қисмҳои пеши курраи чашм;

-табобати ретинопатияи дибетикӣ;

-табобати оризаҳои ҷоғари заҳролудшуда.        

 

ФОТО

 

ВИДЕО