БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд бо дастгоҳи ангиография муҷаҳҳаз гардид

14-04-2014 Бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар  шаҳри Хуҷанд бо дастгоҳи ангиография, ки пешрафтатарин ва муассиртарин василаи ташхиси бемориҳои қалб ва рагҳои хунгузар мебошад., муҷаҳхаз гардид. Маҳз тавассути ҳамин дастгоҳ, яъне  ангиография  акнун дар ин бахш барои анҷоми амали ангиопластика, ки равиши нави дармони рагҳои хунгузар буда,

бидуни ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад, шароит фароҳам омад.

Дар назар аст, ки нахустин ташхиси бемориҳои қалб ва рагҳои хунгузар тариқи  ин дастгоҳ аз 15 апрел бо ширкати мутахассиси маъруфи Бемористони Ибни Сино, кардиолог-интервенсионисти эронӣ Доктор Сомӣ шурӯъ гардад. Ниёзмандон метавонанд, барои қабули ин мутахассиси варзида ба бахши минтақавии бемористон дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.  Нишонӣ: кӯчаи Раҳим Ҷалил , 31 а

 

ФОТО

 

ВИДЕО