БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Қабули навбатии мутахассиси бахши зебоӣ ва ҷарроҳии пластикӣ Муҳаммад Беҳрӯз дар Бемористони Ибни Сино 20-уми апрел шурӯъ мегардад

  Муҳаммад Беҳрӯз мутахассиси бахши зебоӣ ва ҷарроҳии пластикӣ 20-уми апрел  ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад.  Номбурда амалҳои гуногунро дар соҳаи зебоӣ ва тармимӣ : кошти мӯйи сар –кошти (аутотрансплонтатсияи) мӯй дар сурати рехтани мӯйҳо, кошти абрӯвон, пластикаи синаҳо, хурдкунӣ, тарангкунӣ  (лифтинг)

ва калонкунии синаи зан, блефаропластика- пластикаи пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои атрофи чашмон, рафъи варам, овезонии пӯст ва чарбуи пилки чашмон ; отопластика-пластикаи гӯшҳо, тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш, рафъи деформатсияи суфраи гӯш, фейслифтинг-тарангкунии пӯсти рӯй бо бартараф кардани ожангҳои пӯст; -ринопластика- пластикаи бинӣ, тағир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, тағир додани шакли нӯги бинӣ, хурд кардани андозаҳои  қанот ва сӯрохиҳои бинӣ, бартараф кардани деформатсияҳо ва качии бинӣ ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинӣ ; абдоминопластика-пластикаи шикам, бартараф кардани изофаи пӯстҳо ва чарбуи овезони шикам, мустаҳкам кардани девори пеши шикам  бо тарҳу усули нав барои хушнамуд  ва боз ҳам ҷавон сохтани симои шумо, барҳам додани чини пешонӣ  ва қисматҳои рӯй ва дигар амалҳое, ки барои устувории зебогии шумо мусоидат мекунад, дар сатҳи аврупоӣ анҷом медиҳад. Ниёзмандон  метавонанд барои қабул худро каблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд.

 

ФОТО

 

ВИДЕО