БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Душанбеи 28-уми апрел дар Бемористони Ибни Сино пизишкони чашми эронӣ ба қабули беморон машғул мешавад

Аз 28-уми  апрели соли равон мутахассисони маъруфи эронӣ, пизишкони чашм дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати беморон шурӯъ менамояд. Ин пизишкон мутахассисони варзидаи соҳа буда, зимни табобат аз навтарин усулҳои табобатӣ кор мегиранд. Дар шӯъбаи чашми Бемористони Ибни Сино табобати

 чунин намуди бемориҳо ба роҳ монда шудааст: чашмпарда (катаракта) ё хирашавии бураки чашм, нейроофтальмология (оризаҳои бемориҳои асаб), оризаҳои эндокринологӣ, ки аз таъсири бемории диабети қанд ба вуҷуд омадаанд, дурбинӣ ва наздикбинӣ, марҳилаи барқароркунии баъдиҷарроҳии захмҳои чашм ва барқароркунии биниши он, ретинопатияи навзодон ва ғайра. Онҳое ки мубталои бемориҳои чашм ҳастанд ва ё аз  сустшавии қувваи босира шикоят доранд, метавонанд, худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд.

 

ФОТО

 

ВИДЕО