БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Диабети қанд

  Ин беморӣ бештар дар байни чавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш аст. Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 6-10% афзоиш меёбанд. Сабаби онро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд ва аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд. Диабети қанд бемории хатарнок аст.

Дар ин беморӣ гармонҳои бо номи «инсулин» ё тавлид намешавад, ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад.

Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони дучори ин беморӣ гардида, бо далели он ки инсулин камбудӣ  дорад ва  ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) то сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.

Навъҳои беморӣ:

2 намуди ин беморӣ вучуд дорад. Навъи якум бо номи диабети чавон маъмул аст, ва навъи дуввум бештар дар шахсони калонсол ба мушоҳида мерасад. дар ин намуди диабет норасогии инсулин дар бадан қисман ба назар мерасад, аммо организм наметавонад аз он истифода намояд. Ин ҳолат муқовимат ба инсулин номида мешавад.

Паёмадҳои бемории диабети қанд:

  Диабети қанд мумкин аст, сабаби ба вучуд омадани оризаҳои рагҳои  қаблӣ гардад. Аксар шахсоне, ки дучори ин беморӣ гардидаанд, бо далели бемориҳои қалбӣ , сактаи мағзӣ ё бемориҳои рагҳои қаблӣ мемиранд. Дармон бо тағйири шеваи зиндагӣ ва як доруи хос мутафуралин метавонад назорати диабети  қандро кӯмак кунад ва хатарҳои зикшударо коҳиш диҳад

Тавсия:

-ҳарчӣ зудтар ба назорати диабети  қанд шурӯъ кунед ва хатари бемориҳои қалбиро коҳиш диҳед.

-вазни  худро дар ҳадди миёна нигоҳ доред.

-аз истемоли қанд худдорӣ намоед.

-бо тавсияи табиб диабети қандро озмоиш ва ташхис кунед

-дар шеваи зиндагии худ тағирот ворид кунед

-истеъмоли сигор ва нӯшокиҳои спиртдорро қатъ намоед.

-дору истеъмол намоед.

-ба варзиш машғул шавед.

 

ФОТО

 

ВИДЕО