БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Шуруъ аз панҷшанбеи 15-уми май дар Бемористони Ибни Сино пизишки чашм, доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ ба қабули беморон машғул мешавад

  Аз 15-уми майи соли равон мутахассиси маъруфи эронӣ, пизишки чашм Аҳмадалии Фирдавсӣ дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати беморон шурӯъ менамояд. Номбурда  мутахассиси варзидаи соҳа буда, зимни табобат аз навтарин усулҳои табобатӣ кор мегирад.

Дар шуъбаи чашми Бемористони Ибни Сино табобати  чунин намуди бемориҳо ба роҳ монда шудааст: чашмпарда (катаракта) ё хирашавии бураки чашм, нейроофтальмология (оризаҳои бемориҳои асаб), оризаҳои эндокринологӣ, ки аз таъсири бемории диабети қанд ба вуҷуд омадаанд, дурбинӣ ва наздикбинӣ, марҳилаи барқароркунии баъдиҷарроҳии захмҳои чашм ва барқароркунии биниши он, ретинопатияи навзодон ва ғайра. Онҳое ки мубталои бемориҳои чашм ҳастанд ва ё аз  сустшавии қувваи босира шикоят доранд, метавонанд, худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд.

ФОТО

 

ВИДЕО