БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Чӣ гуна холестеринро бояд коҳиш дод?

  Сатҳи холестерин дар хун вобаста ба синну сол ва  сарфи назар аз сиҳатии режими зиндагӣ афзоиш меёбад. Чанд роҳи табиие вуҷуд дорад, ки тариқи он коҳиш додани сатҳи холестерини хун осонтар аст. Холестерин аслан ба организми инсон

муфид ҳам ҳаст:

-яъне он метавонад, ба  ҳазми чарбуи бадан муоидат кунад;

- синтези витемини D –ро фароҳам мекунад;

-дар тавлиди ҳормонҳои ҷинсӣ ширкат мекунад.

Аммо ағлаб аз осебпазирии он ёдовар мешаванд, ки пайваста зери  мафҳуми «холестерин»  чунин тасаввурот  :

- баста шудани рагҳо бо лахтаҳои сахти шараён (атеросклероз), ки ба «инфаркт» ва «инсулт» оварда мерасонад, ба назар меояд.  Айни ҳол ба нисфи аҳолии кишварҳои мутараққӣ хатари гирифторӣ ба бемориҳои қалбу рагҳои хунгузар таҳдид мекунад.

Хушбахтона бисёр равишҳои сода ва табиӣ вуҷуд дорад, ки барои коҳиш додани сатҳи холестерин ва тоза кардани рагҳо бидуни истеъмол аз дорувориҳои хос муосидат мекунад. Аз ҷумла :

-тағири режими ғизохӯрӣ;

-афзоиши фаъолияти ҷисмонӣ;

-истифодаи маводҳои иловагии ғизоӣ.

Баъзе чизҳоро наметавон контрол кард. Чунончӣ бо афзоиши синну сол ва пир шудани бадан ҷигар ба тавлиди бештари холестерин шуруъ мекунад. Бо ҳамин далел сатҳи холестерини занон метавонад пас аз давраи қатъи ҳайз  якбора боло равад.  Аммо он омилҳоеро, ки шумо метавонед онро идора кунед, бояд тағир дод. Чӣ метавонад барои коҳиш додани сатҳи холестерин ва поксозии хун кӯмак кунад?

Барои баъзеҳо, мисол беморони гирифтори диабети қанд ва ё ҷавонони холестерини хунашон боло дорувориҳои табиӣ мумкин аст кофӣ  набошад. Аз ин рӯ дар ин маврид бояд бо равишҳои дармонии анъанавӣ низ аҳамият дод.

Муваффақтарин ва густурдатарин дорувориҳои истифодашаванда ин истотинҳо мебошанд, ки ба ҷигар дар мавриди коҳиши тавлиди холестерин таъсир мерасонанд. Ва ҳамчунин барои азхуд кардан ё ҷазби як қисми холестерини дар рагҳои хунгузар ҷамъшуда  кумак мекунанд.

Омили стресс.

Фишори рӯҳии тӯлонӣ метавонад, сатҳи холестеринро афзоиш диҳад. Эҳтимолияти мавҷудияти холестерин «бад» дар онҳое, ки аз лиҳози эҳсосӣ ба стресс вокуниш нишон медиҳанд, 3 маротиба аз шахсоне, ки стрессро бидуни эҳсосот идора мекунанд, болотар аст. Дастрасӣ ба мувозина ва ҳифзи оромиро дар шароити стресс тамрини нафасӣ ва йога  метавонад таъмин кунад, ки ба таври ғайримустақим холестеринро коҳиш медиҳад.  

Омили моддаҳои изофии ғизоӣ.

Истролҳои гиёҳӣ, ки аз моддаҳои гиёҳӣ ба даст омадаанд,  аз ҷазби холестерин ҷилавгирӣ намуда сатҳи онро то ба 13% коҳиш медиҳанд. Ҳамчунин моддаҳои алоҳидаи изофӣ ба маводӣ ғизоӣ фурухта мешаванд, ки ба таркиби маҳсулоти махсуси хурока шомил мешаванд. Истифодаи ҳаррузаи аз 2 то 3 грамми истролҳои гиёҳӣ  муфидтар аст.  
Биринҷи сурх- доруҳои аз гиёҳ омода шуда, таъсири дар баробари стотинҳо муфидтарро дорад  ва ҳамчунин аз ҷониби дармоншиносон пайваста барои истифодаи он бо мақсади  коҳиш додани холестерини ҷигар тавсия дода мешавад. Биринҷи сурх холестеринро коҳиш дода рагҳои хунгузарро тоза мекунад.

Ниатсин - ҷараёни тахрибсозӣ ва ҳазфи холестерини «хуб»-ро аз бадан маҳдуд мекунад.  Аммо изофаҳои ғизоӣ бо ниатсинро бояд танҳо таҳти назорати табибон истифода кард, зеро  шахсони мубталои бемории ҷигар, ниқрис, дарди мафосил ва захми меъда  набояд  онро аз  миқдори муайяншуда   зиёд истифода баранд.

ФОТО

 

ВИДЕО