БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Мутахассисони Бемористони Ибни Сино бори аввал дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд амали ангиопластӣ анҷом доданд

  Имрӯз  (23 май) бори аввал дар бахши  минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд се амали ангиопластӣ анҷом дода шуд. Се  нафар беморони 48, 51 ва 62-сола бо бемории ишемиявии дил амали ангиопластӣ шуданд. Амали ангиопластиро мутахассиси тоҷик, доктор Сарҳадҷон Бобоалиев, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон давраҳои коромӯзиро тай кардааст, анҷом дод. С. Бобоалиев гуфт,    бемори аввал  хонуми 48-сола фарбеҳии дараҷаи чаҳорум ва фишорбаландии дараҷаи севум дошт.

 

            Бемори дигар марди 51 –сола моҳе пеш ба сактаи миокард гирифтор шуда  ва бемори севум бо алоими шадиди коронарӣ бистарӣ  гардида буд.

         Ҳоло вазъи ҳар се бемор хуб аст ва умед аст, пас аз ду-се рӯз ба хона мураххас шаванд.

         Ангиопластика амалест, ки ба воситаи дастгоҳи ангиограф ба рагҳои масдуд ва тангшудаи дил ва узвҳои дигари  стент гузошта мешавад ва стент ҷараёни маъмулии хунро ба дил ва узвҳои дигар таъмин мекунад. 

        Дар бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд моҳи гузашта дастгоҳи ангиограф насб гардид ва акнун беморони вилояти Суғд маҷбур нестанд барои ин амал ба Душанбе ва кишварҳои дигар сафари пурхатар ва сермасраф анҷом диҳанд.

ФОТО

 

ВИДЕО