БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Эълони Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳри Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон

Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳри Ҳамадони  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ  бо Бемористони Ибни Сино (шаҳри Душанбе)  қабули донишҷӯён – шаҳрвандони Тоҷикистонро ба риштаҳои пизишкии умумӣ, дандонпизишкӣ, дорусозӣ ва парасторӣ эълом мекунад.

       Довталабони таҳсил бояд мактаби миёнаро бо баҳоҳои хубу  аъло  хатм карда ва забони форсиро  балад  бошанд.  Донистани забони инглисӣ низ афзалият шумурда мешавад. Онҳое, ки

 забон (ва хатти) форсиро  намедонанд, бояст  давраи омӯзишии тайёрии  шашмоҳаро  дар ин донишгоҳ тай кунанд.

         Ҳаққи таҳсил барои як сол 7700 доллар аст. Ва ҳамчунин довталабон ҳазинаи роҳ то Ҳамадонро ва ҳазинаи истиқомати худро ҷудогона  пардохт мекунанд.

         Хоҳишмандон метавонанд мадорики ба забони форсӣ ва ё инглисӣ тарҷума ва таъйидшудаи худро ба Бемористони Ибни Сино, ба шуъбаи кадр  бисупоранд.

   Телефон барои тамос: 44 640 01 27; 93 855 08 46.  

ФОТО

 

ВИДЕО