БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон омодаи пазириши донишҷӯёни тоҷик аст

 Агар бихоҳед дар яке аз беҳтарин донишгоҳҳо дар риштаҳои пизишкӣ, дандонпизишкӣ, дорусозӣ ва дигар риштаҳои тиб таҳсил кунед, акнун чунин имкон дар  Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон барои шумо фароҳам аст.

      Шаҳри Ҳамадон дар кишври Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доманаи сарсабзи кӯҳи Алванд воқеъ аст.  Оромгоҳи ҳаким Абӯалии Сино – бузургтарин табиби ҷаҳон  дар  ин шаҳр воқеъ шуда ва пизишкони бузурги  ҷаҳон барои зиёрати оромгоҳи ӯ ба Ҳамадон меоянд.

       Аз он ҷо ки марқади шарифи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон қарор дорад

ва зиёратгоҳи ошиқон аст, шаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳамадон хоҳархонда ҳастанд ва хиёбоне дар шаҳри Ҳамадон ба номи Кӯлоб ва хиёбоне дар Кӯлоб ба номи Ҳамадон аст.

     Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон яке аз донишгоҳҳои қадимии Эрон аст ва 7 донишкада ба номҳои пизишкӣ, дорусозӣ, парасторӣ, пиропизишкӣ, беҳдошт ва тавонбахшӣ дошта, дар ҳоли ҳозир панҷ ҳазор донишҷӯ дорад.  

  Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон омодаи пазириши донишҷӯ дар риштаҳои пизишкӣ, дорусозӣ, парасторӣ, момоӣ ва беҳдошт аз миёни шаҳрвандони кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон аст.

      Барои гирифтани иттилоъоти бештар ва сабти ном ба дафтари ин донишгоҳ дар Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе муроҷиа кунед ва ё бо телефонҳои 44 6400115, 446400127  тамос бигиред.

    Ва ё ба веб-сайти www.ibnisino.tj  нигоҳ кунед.

ФОТО

 

ВИДЕО