БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Эндоуролог Мусавибаҳор 11 август боз ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад

Хабари хуш барои нафароне, ки аз бемории санги гурда ва пешобдон азият мекашанд. Эндоурологи варзидаи Эрон Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор рӯзи душанбе, 11 август боз ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Шахсоне, ки мубталои дарди гурда ва роҳҳои пешобдонанд, 

имконияти хубе доранд, ки аз хизмати мутахассиси баландпоя истифода баранд. Бо иштироки доктор Мусавибаҳор дар Бемористони Ибни Сино табобатҳои гуногуни бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобгузар гузаронида шуда, дар ҳолати зарурӣ амалҳои ҷарроҳӣ анҷом меёбад.  Ёдовар мегардем, ки Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор собиқаи 13- солаи тахассусӣ дар амалҳои урологиву эндоурологӣ дорад. Хоҳишмандон, шитобед! Барои расидан ба қабули ин табиб қаблан худро дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоед! 

ФОТО

 

ВИДЕО