БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ҷарроҳи дил Маҳмудризо Сарзаим ғамхори солимии қалби шумост

Беҳтарин хабар барои нафароне, ки аз дарди дилу рагҳои хунгард азият мекашанд. Рӯзи ҷумъа, 15-уми августи соли ҷорӣ кардиохирурги машҳури эронӣ Маҳмудризо Сарзаим, ки таҷрибаи 18-солаи корӣ дар бахши ҷароҳиҳои 

дил дорад, ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Лозим ба тазаккур аст, ки дар давоми таҷрибаи кории худ аз ҷониби Доктор Сарзаим беш аз 3500 амали ҷарроҳӣ бобарор анҷом дода шудааст. Миёни ин амалҳо ҷароҳиҳое аз қабили иваз ва пластикаи клапанҳои дил, амалиёт барои бартараф намудани бемориҳои модарзодии қалб, аортооператсия, бартараф намудани тангии раги шараён бо роҳи стентмонӣ, амалиёти раги шараёни бузурги қафаси сина, инчунин амалиёти камшумор дар раги шараёни каротидӣ, амалиёти эндоскопии дил ва ғайра мебошанд. Агар шумо мехоҳед ба қабули Доктор Сарзаим омада, қалбатонро табобат кунед, пас дар Бемористони Ибни Сино сабти ном намоед! 

ФОТО

 

ВИДЕО