БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Мутахасисони сатҳи ҷаҳонӣ дар Бемористони Ибни Сино

Дӯстони гиромӣ, корбарони сомонаи мо! 

Шумо албатта огаҳ ҳастед, ки ба роҳ мондани сафарҳои мунтазами мутахассисони хориҷӣ ба бемористони мо кори чандон саҳл набуд. Барои ин муддати тулонӣ гуфтушунидҳо идома ёфтанд, ки дар натиҷа мову шумо имрӯз имкони хубе дорем, ки аз хизмати чунин мутахассисони варзида ба мисоли кардиологи барҷаста Доктор Сомӣ

ва ё эндоурологи варзида Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор истифода намоем. Инҳо ва дигар табибони, ки ба Бемористони Ибни Сино ташриф меоранд, мутахассисони варзидаи сатҳи ҷаҳониянд, ки ба мо дасти дӯстиву бародарӣ дароз намуда, новобаста аз зичии реҷаи кориашон ба Бемористон меоянд. Лаҳзае тасаввур кунед, ки агар нафаре аз шумо мехоҳад барои табобат ба Олмон, Эрон, Исроил ва ё дигар давлати хориҷа сафар кунад. Барои анҷоми ин сафар шумо мебояд такудави зиёд намоед, ҳуҷҷатҳо омода созед ва ҳамчунон ба шумо барои ин кор маблағи зиёде  (агар арзиши чипта, табобат, будубош дар кишвари бегона) лозим мешавад. Ҳамзамон шумо мушкилоти забониву будубош ва қонуну қоидаҳои дигар кишварро низ бояд ба инобат гиред. Бемористони Ибни Сино бошад, ки мақсаду маромаш танҳо саломатӣ ва беҳбудии ҳаёти шумост, барои дастрасӣ пайдо намудани шумо ба хизмати мутахассисони варзидаву сатҳи ҷаҳонӣ дошта, ҳама шароитҳои лозимаро фароҳам овардааст. Тавассути ин мутахассисон шумо имкон доред пеш аз ҳама ташхиси аниқи бемориатонро муайян созед (теъдоди зиёди бемороне, ки ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат намудаанд, оиди диагнозҳои нодурустмонда дар ин ё он беморхона шикоят менамоянд) ва танҳо баъди дақиқ кардани ташхис ба табобати босифати он шуруъ намоед. Шонси хуби расидан ба назди мутахассиси варзидаро аз даст надиҳед! Бемористони Ибни Сино интизори шумост! 

ФОТО

 

ВИДЕО