Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • НАҚШИ УЛТРАСАДО ДАР ТАШХИСИ ПИЕЛОНЕФРИТ

    Пиелонефрити музмин дар сохтори ҳамаи бемориҳои сирояти-илтиҳобии гурда ҷои намоёнро ишғол мекунад ва миёни бемориҳои гурда, паҳншудатарин  беморӣ ба шумор меравад. Хатари ин беморӣ бо зиёд шудани синну сол бештар мегардад. Пиелонефрити музмин бо вуҷуди доштани раванди хуруҷкунанда, метавонад солҳо бе нишонаҳои хос ҷараён ёбад. Аз ин лиҳоз дақиқ ташхис додани беморӣ дар раванди табобаташ нақши вежа пайдо мекунад. Ба андешаи мутахассиси бахши ташхиси дастгоҳии Бемористони Ибни Сино, номзади илмҳои тибб  Меҳроҷ Ҳақназаров таҷҳизоти муосири тиббӣ имрӯз ба табибон ин имконро фароҳам намудааст, ки гурдаро дақиқ муъоина кунанд.

     
  • ТАБОБАТИ МУОСИРИ САНГИ ГУРДА БО УСУЛИ "PCNL"

    Тибқи оморҳои расмӣ имрӯз бемории санги гурда ва роҳҳои пешобгузар яке аз  мушкилоти доғ дар саросари ҷаҳон ба шумор меравад.  Аз ҷумла, ин масъала  дар Ҷумҳурии мо низ боиси нигаронист. Пайдошавии санг дар гурда ва роҳҳои пешобгузар аз ҷинсият вобастагии махсус надорад, яъне ҳам занон ва ҳам мардон яксон метавонанд мубтало ба ин беморӣ гарданд.

     
  • ТАБОБАТИ МУОСИРИ БЕМОРИҲОИ ЧАШМ

    Олимон муаян намудаанд, ки инсон 90%и маълумотро дар бораи муҳити гирду атроф ба василаи чашмҳо дарёфт менамояд. Ин маънои онро дорад, ки чашмҳо яке аз узвҳои муҳими инсон ба ҳисоб мераванд. 

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахшҳо

Ринопластика

Ринопластика- пластикаи бинӣ, тағир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, тағир додани шакли нӯги бинӣ, хурд кардани андозаҳои  қанот ва сӯрохиҳои бинӣ, бартараф кардани деформатсияҳо ва качии бинӣ ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинӣ ;

 

Гастроэнтерология

Бо кушодашавии бахши гастроэнтерология дар Бемористони Ибни Сино имкониятҳо барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва гепатитҳо фарохам оварда шуд. Дар ин бахш бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхруда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рудаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рудаҳо, бастани варикозҳои сурхруда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхруда бо балон ва стент, гузоштани лулаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва ҳама намуди гепатитҳо анҷом дода мешаванд. Ба табобати беморон бошад гастроэнтероги барҷастаи эронӣ доктор Сиёвуш Мансурӣ машгул аст, ки мутахассиси варзидаи ин соҳа мебошад. Бояд илова намуд, ки бахши гастроэнтерология бо беҳтарину муосиртарин таҷҳизот аз қабили эндоскоп ва клоноскоп муҷаҳҳаз буда, табобат бо кор гирифтан аз усулҳои навтарин сурат мегирад.   

 

  

 

 

 

Бемориҳои чашм

Дар шӯъбаи бемориҳои чашми Бемористони Ибни сино мутахассисони варзидаи ватанӣ ва иронӣ фаъолият доранд. Қабули беморон дар ин шӯъба аз рӯи чунин намуди бемориҳо ба роҳ монда мешавад: чашмпарда ё хирашавии бураки чашм, нейроофтальмология (оризаҳои бемориҳои асаб), оризаҳои эндокринологӣ ё оризаҳои чашм, ки аз таъсири бемории диабети қанд ба вуҷуд омадаанд, дурбинӣ ва наздикбинӣ, марҳилаи барқароркунии баъдиҷарроҳии захмҳои чашм ва барқароркунии биниши он, ретинопатияи навзодон ва ғайра.

Методҳои тадқиқотӣ ва табобат дар бахши бемориҳои чашм

  • Визометрия-муайян намудани тезбинии чашм.
  • Авторефкератометрия - таҳқиқи компютерии қарнияи чашм, ки

    Муфассал...

Бахши гемодиализ

Дар  Бемористони Ибни Сино бо насби дастгоҳи навтарин, беҳтарин лавозим ва маводи якбормасрафи тавлиди Олмон ва Эрон ва мутахассисони варзидаи хориҷию ватанӣ ба мушкили беморони норасоии музмини гурдаи Тоҷикистон, ки ниёз ба диализ доранд, расидагӣ мекунанд.

Муфассал...

Томографияи компютерӣ

      Томографияи компютерӣ усули нави муоинаи тиббӣ мебошад, ки барои муайян намудани хурдтарин ҷузъиёти узвҳои дохилӣ ва сохту таркиби он тавассути нурҳои рентгенӣ истифода бурда мешавад.

Муфассал...

БАХШИ ҶАРРОҲИИ МАҒЗУ АЪСОБ (НЕЙРОХИРУРГӢ)

Ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино, ба шакли як бахши алоҳида ба роҳ монда шудааст. Ин бахши бемористон, бахши нисбатан ҷадид буда, аз моҳи сентябри соли 2013 ба фаъолияти худ оғоз намуд. Тасмими ифтитоҳи бахши ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино замоне қабул гардид, ки роҳбарияти бемористон вазъияти ин соҳаро дар кишвар таҳлил намуда, ба қароре омаданд, ки таъсис додани чунин як бахш бо ҳама таҷҳизоти замонавии тиббӣ амри бисеёр зарурирст, то ки гирифторони ин гуна бемориҳо тавонанд дар дохили кишвар бидуни сафар намудан ба хориҷа ва сарфу хароҷотҳои гарон худро табобат намоянд.

Ва натиҷаи фаъолияти ин бахш то ба имрӯз, дурустии ин амалкардро собит намуд. Танҳо дар соли аввали фаъолияти он, дар ин ҷо беш аз 100 амали ҷароҳии мағзу аъсоб, аз қабили ҷарроҳии чурраи байни мӯҳраҳои сутунмӯҳра, спондилолистез ё бартараф намудани беҷошавии мӯҳраҳо, спондилолиз - бартараф намудани ноустувории мӯҳраҳо бо василаи лавҳаи титан ва ғ. бо муввафақият анҷом дода шуд. Ҷарроҳони ин бахш ҳамзамон бо ҷарроҳиҳои сутунмӯҳра, ба ҷарроҳиҳои аз байн бурдани омоси ҳароммағз ва омоси майнаи сар низ даст мезананд, ки дар ҷарроҳии муосир амалҳои бисёр нозуку нодиранд.

Мутахассиси ҷавон Парвиз Иброҳимов, ки хатмкардаи орденатурии Донишгоҳи ҷарроҳиҳои мағзу аъсоби шаҳри Ҳамадони Эрон мебошад ва тоза фаъолияташро дар ин бахш шурӯ карда аст.          Ба гуфтаи ин мутахассиси ҷавон имрӯз бахши ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино ба таври доъимӣ фаъолият мекунад ва онҳо имкони гузаронидани мушкилтарин ҷарроҳиҳои мағзу аъсобро доро мебошанд. Ба гуфтаи доктор Иброҳимов, дар бахши мазкур табобат ва ҷарроҳии сутунмӯҳра ва ҳароммағз ( ҷарроҳиҳои Spinal trauma, Spinal Degeneration, Spinal Stenosis, Spinal Instability), ҳамаи осебҳои мағзӣ (Head Brain Trauma), ҷарроҳии омосҳои сутунмӯҳра (Spinal tumors), омосҳои ҳароммағз (Spinal cord tumors), ҳамагуна омосҳои мағзӣ (Brain tumors), кистҳои мағзи сар ва ҷарроҳии омоси ғадуди гипофизро (Pituitaris tumor) бо истифода аз усулҳои муосир ва таҷҳизоти замонавӣ анҷом медиҳанд. Баъзе аз усулҳои ҷарроҳӣ масалан дар ҷарроҳии сутунмӯҳа, ба гуфтаи доктор Парвиз Иброҳимов ба беморон имкон медиҳанд баъди гузаштани 2 рӯз аз амали ҷарроҳӣ ба зиндагии маъмулиашон баргарданд. Вай афзуд, ки барои гузаронидани ҷарроҳиҳои мураккаб ба бахши ҷарроҳии мағзу аъсоб мутахассисони варзидаи соҳа аз хориҷи кишвар низ даъват мешаванд. Ҳамаи ин ҷароҳиҳо дар бахши мазкур бо усули буриши кӯтоҳ ё инвизивӣ анҷом мешаванд, ки имкон медиҳад бемор баъди ҷарроҳӣ зудтар саломатиашро барқарор намояд. 

Бахши дандонпизишкӣ

Таи 2 сол мешавад, ки сокинони кишвар аз хизматрасонии бахши дандонпизишкии Бемористони Ибни Сино истифода мебаранд. Дар ин муддат теъдоди зиёди сокинон ба сатҳи хизматрасонӣ  ва касбияту дарки масъулиятшиносии мутахассисони ин соҳа баҳои баланд додаанд. Сатҳи пазироӣ, қабул ва хизматрасонии олӣ бо истифода аз шароити мусоиде, ки дар ин бахш муҳайёст,

Муфассал...

Бахши гӯшу гулӯю бинӣ

Дар бахши гӯшу гулӯю бинӣ чунин намуди бемориҳо табобат карда мешаванд:

1. Бемориҳои гӯш;

2. Бемориҳои гӯши хоричӣ: cерумени гӯш; ҷисми бегонаи гузаргоҳи хориҷи гӯш; кӯраки гузаргоҳи хориҷи гӯш; отити шадиди хориҷии густаришёфта; сурхбоди гӯши хориҷӣ; экземаи гӯши хориҷӣ; перихондрити суфраи гӯш; отомикоз.

Бемориҳои гӯши миёнӣ: отитҳои шадиди экссудативӣ; отитҳои миёнии шадид; отитҳои фасодноки миёнии музмин; мастоидитҳо; оризаҳои гӯшзоди косахонаи сар ва сепсис; бемориҳои гӯши дохилӣ; гӯшвазнинии найросенсорӣ; отосклероз.

Бемориҳои бинӣ ва ҷавфҳои шафати бинӣ:

1. Бемориҳои бинӣ;

2. Ринофима;

3. Ринити шадид;

4. Ринити музмин;

5. Ринити бодигармӣ;

6. Каҷшавии миёндевори бинӣ;

7. Кӯраки бинӣ;

8. Хуномос ва думмали миёндевори бинӣ;

9. Хунравӣ аз бинӣ.

Бемориҳои ҷавфҳои шафати бинӣ:

1. Синуситҳои шадид;

2. Гайморитҳои музмин;

3. Фронтитҳои музмин;

4. Этмоидитҳои музмин;

5. Сфеноидитҳои музмин;

6. Омосҳои хушсифати бинӣ ва ҷавфҳои шафати бинӣ;

7. Осеби бинӣ;

8. Осеби ҷавфҳои шафати бинӣ.

Бемориҳои балъум:

1. Фарингитҳои шадид ва музмин;

2. Аденоидҳо;

3. Гипертрофияи бодомакҳои ком;

4. Тонзиллити музмин;

5. Паратонзиллит;

6. Парафарингит;

7. Думмали паси гулӯ;

Бемориҳои ханҷара, сурхрӯда ва хирной:

1. Ларингитҳои шадид ва музмин.

 

Бахши ортопедӣ

Дар бахши ортопедии бемористон амалҳои зерин анҷом дода мешаванд: 

-эндопротез (иваз кардани буғум ва ё гузоштани буғуми сунъӣ) дар буғуми косу рон ва зону;

Дар ин бахш  танхо дар мохи ноябр

Муфассал...

Бахши ҷарроҳии пластикӣ


Дар ин бахш мутахассисони ватанӣ ва хориҷии пуртаҷриба амалҳои гуногунро дар соҳаи зебоӣ ва тармимӣ анҷом медиҳанд. Барои дар сатҳи зарурѝ амалӣ намудани ин амалҳо  бахши мазкур бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст.

Дар ин бахш амалҳои зерин гузаронида мешаванд:

Муфассал...

Дорухона

90% доруҳо ба бемористони мо аз Эрон ворид карда мешаванд. Ҳамчунин ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору ва маводи тиббии аълосифати Амрико, Олмон, Туркия, Испания ва чанд мамолики дигар низ аз ҷумлаи шарикони мо мебошанд. Мо мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ фаъолият анҷом медиҳем ва ҳам дору, ҳам маводи тиббии масрафӣ, ки ворид мекунем, ҷавобгўйи стандартҳои байналмилалӣ  мебошанд!

Васоил ва маводе, ки дар шикастабандиҳо ва амалҳои дигари ортопедӣ, ҷарроҳиҳои гинекологиву урологӣ истифода  мешаванд, низ аз Олмону Испания ворид карда мешаванд.

Шарикони бемористони мо ба мо эътимод доранд ва дар сатҳи меъёрҳои роиҷи  байналмилалӣ бо мо муносибат мекунанд. Бештар мо аз тариқи шабакаи интернет табодули назар карда, ба тавофуқ мерасем ва шартнома мебандем. Дар баробари ҷиддӣ будан, онҳо хеле ҳассос ҳам ҳастанд. Як ҳарфи зиёдатӣ, як калимаи беҷо метавонад ба кори мо халал ворид созад. Ба ҷуз донистани забону назокатҳои муошират, боз каме дипломат будан ҳам лозим аст.

Интихоби дору 

Аз анбори махсуси нигаҳдории доруҳо ба мо хабар медиҳанд, ки захираи кадом номгўи доруҳо  камтар боқӣ мондааст. Ҳамчунин  мудирони шўъбаҳо супориш медиҳанд, аз бахшҳои бемористон дар Панҷакенту Хуҷанду Фархор омори лозимаро мегирем, пас аз ҷамъ кардани маълумоти зарурӣ, бо ширкатҳои ҳамкорамон тамос мегирем ва дар доруҳои лозимаро супориш медиҳем ва онҳо бароямон ирсол  мекунанд.

Нархи доруҳо

Нархи доруҳои мо ба истиснои чанд номгўи дору, ки камёфту гаронарзишанд, аз нархи бозори дохилӣ фарқ намекунад.  Вале бартарии доруҳои мо дар он аст, ки комилан аз дасти аввал, бидуни миёнҷиҳо дастрас карда мешавад! Бо итминон  гуфта метавонам, ки дар дорухонаи мо ягон доруи қалбакӣ нест ва дар оянда ҳам роҳ намеёбад! Доруҳои мо дорои сифати аъло ва хеле муассир мебошанд! Касоне ҳам буданд, ки пас аз тавсияи пизишкон аз дигар дорухонаҳо дору харида, таъсири онро эҳсос накарданд ва дубора ба мо муроҷиъа карданд. Агар мақсад аз истеъмоли дору сиҳат ёфтан  бошад, пас дору бояд истеъмол намуд, на номи дору! Чунонки гуфтам, доруҳои мо пас аз муоинаи нафари муроҷиаткарда,  бо тавсияи духтурон фурўхта мешаванд,

Доруҳои мавсимӣ 

Мо вобаста ба мавсим ва бемориҳое, ки дар ин фасл хурӯҷ мекунанд низ дору ворид месозем. Ду –се моҳ пешакӣ супориш медиҳем, шартнома мебандем ва шариконамон  доруҳоро бароямон  мефиристонанд. Доруҳо дар утоқи махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти баландсифати хориҷӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва аз ҷониби Хадамоти фарматсевтии кишварамон сертефикати лозима доранд. Рўйхати  тамоми доруҳо дар компютер ҷой дода шуда, ҳангоми фурўхтан ба мизоҷон пурра таркибу хосияти он ва тарзи истеъмоли он шарҳ дода  мешавад. Тамоми ҷаҳду кўшиши мо ба он равона шудааст, ки дар таъмини беморону аҳолӣ бо дору  камбудие надошта бошем ва хушбахтона, дар ин замина то ҳол муваффақ будаем!



Нархномаи Дорухона

ФОТО