БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бахши ёрии таъҷилӣ

Хабар

  • ИЛТИҲОБИ ҚАРНИЯИ ЧАШМ Ё КАРОТИТ!

    Мудири бахши чашмпизишкии

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Шаҳло Бобоҷонова.

     

    Қарнияи чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисмати чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ "каротит" меноманд.

     
  • ИНКОНТИНЕНТСИЯ Ё БЕИХТИЁР ҶОРИШУДАНИ ПЕШОБ

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,                                                

    доктор Мубин Аминов.

     

    Беихтиёр ҷорӣ шудани пешбро дар забони тиб инконтинентсия меноманд. Инконтенентсия яке аз бемориҳои паҳнгашта дар таҷрибаи клиникии урологӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ, тақрибан 20% аз аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумҳо мушоҳида мешавад.

     
  • БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

    Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда бошанд (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд). Агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахшҳо

Бахши амрози занона

Табибони гинекологи бемористони мо -  мутахасиссони дараҷаи олӣ  ва ботаҷрибаи бисерсолаи корӣ, ки дар фаъолияташон аз дастгоҳҳо ва озмоишу ташхисоти муосир истифода мебаранд. Таҷҳизоти ташхисию табобатии замонавӣ, интихоби фаровони озмоишот, ТУС  ва дараҷаи баланди тахасуссии кормандон ба Шумо кафолати табобати оҷилӣ  ва бомуваффақият медиханд. 

Қабул аз тарафи табибони гинеколог гузаронида мешавад

Табибон ихтисоси гинекологияи эндокринологӣ

ва ташхиси ултрасадо дар амрози занонаро доранд.

Дар шароити Бемористони Ибни Сино Шумо имконияти гузаштани муоина ва табобати ҳама гунна бемориҳои амрози занонаро доред:

- бемориҳои гарданаки бачадон: эрозияи гарданаки бачадон, эктропион,  лейкоплакия, полипҳои кистаҳои гарданаки бачадон ;

-бемориҳои илтиҳобии узвҳои коси хурд: сальпингит, оофорит, эндометрит, цервицит, кольпит,  вульвит, вульвовагинит;

- бемориҳои  ғайри илтиҳобии узвъхои коси хурд:  миомаи бачадон, эндометриоз (аденомиоз) бачадон ва замимаҳо, полипҳои эндометрия, синехияҳои дохилираҳмѝ, бемории лиҳомии коси хурд;

- бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ  гузаранда:  хламидиоз, уреаплазмоз, микоплазмоз, кандидоз, гарднереллез, герпеси узвҳои таносул;

-вайроншавии давраи ҳайзбинӣ;

 - ташхис ва табобати безурётӣ;

-мушкилҳои сину соли климактерики;

 Банақшагирии ҳомиладорӣ.

Таҳияи контрацепцияҳо, гузоштани спирали дохили раҳим.

Қатъи ҳамл:

Сакти ҷанин ё  қатъи ҳамли аспирасионӣ, дар маарҳилаи бармаҳали то 5 ҳафтаина дар муддати 2-5 дақиқа зери беҳушии ҷузъи ё умумии бесадамаи гарданаки бачадон гузаронида мешавад.

Исқоти ҷанини медикаметози (фармацевтикй) – безарари максималӣ,  қатъи ҳамли  бидуни ҷарроҳӣ  дар маарҳилаҳои аввали (то 6-7 ҳафтаина ) бо маводҳои безарари ба қайд гирифтаи Кумитаи Фармасевтикии Вазорати Тандурустии ҶТ ва дорои иҷозати (Мифегин, Мифепристон, Пенкрофтон) гузаронидамешавад.

Барномаи индивидуалии назорати хомиладорй

     Дар беморхона барои модарони оянда барномаи махсусе дар мувофиқа бо хохишу дархостҳои Шумо ва бо дарназардошти натиҷаҳои тадқиқот таҳия мегардад. Барнома барои муҳайё намудани шароити муносиб ва мувофиқу арзанда барои Шумо ва тифли Шумо пешбинй гардидааст ва дар ин замина ҳамаи махсусияти организми Шумо низ ба назари эътибор гирифта мешавад.

Барномаи мукаммали назорат ва муоинаи занони ҳомила ҳамчунин дар худ машварати дигар мутахассисон: терапевт, окулист ва кардиологро фаро мегирад.

Амалиётҳои ҷарроҳӣ

Дар шароити амалиётхонаи хурд амалиётҳои зеррин гузаронида мешаванд:

 -  қатъи ҳамл;

- тарошидани ташхисии ковокии раҳим;

- гистероскопия;

- гистерография;

- гидротубация;

- хромосальпингоскопия;

- гирифтани кистаи ғадуди бартолиноаи;

- амалиёт дар узвъҳои берунаи таносул;

 - хименотомия – буриши пардаи духтарй;

 - биопсияи гарданаки бачадон+тарошидани канали сервикалй;

 - полипэктомия;

 - қатъи болои маҳбалии бачадон;

 - экстирпацияи бачадон;

- гирифтани омосҳои хушсифати бачадон ва замимаҳои он;

- ҷарроҳиҳои лапароскопи: кистэктомия, ҳангоми безурётй, ҳомиладории берун аз бачадон, бемориҳои лихомии ковокии коси хурд, тубэктомия;

 - тармими найчаҳои бачадон;

- ҷарроҳиҳои тармими дар узвъҳои берунаи таносул.

Алоқа бо табибон дар дилхоҳ вакти рӯз ба таври шабонарӯзй сурат мегирад.

Ташрифи  табиби шахсии шумо аз рӯи вақти ба шумо муносиб ба роҳ монда мешавад.

Шумо дар дилхоҳ вақт метавонед ба табиб оид ба ягон суол муроҷиат намоед.Гинекология-эндоҷарроҳи

ФОТО