Гастроэнтерология
Бо кушодашавии бахши гастроэнтерология дар Бемористони Ибни Сино имкониятҳо барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва гепатитҳо фарохам оварда шуд. Дар ин бахш бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхруда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рудаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рудаҳо, бастани варикозҳои сурхруда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхруда бо балон ва стент, гузоштани лулаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва ҳама намуди гепатитҳо анҷом дода мешаванд. Ба табобати беморон бошад гастроэнтероги барҷастаи эронӣ доктор Сиёвуш Мансурӣ машгул аст, ки мутахассиси варзидаи ин соҳа мебошад. Бояд илова намуд, ки бахши гастроэнтерология бо беҳтарину муосиртарин таҷҳизот аз қабили эндоскоп ва клоноскоп муҷаҳҳаз буда, табобат бо кор гирифтан аз усулҳои навтарин сурат мегирад.