Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИРОАИ КИТОБИ "ҲАЗОРВОЖАИ ЧАҲОРЗАБОНАИ ПИЗИШКӢ"

    Ҳар кас ба забони худ забондон гардад,

    Донистани сад забон осон гардад.

    Рӯзи 15.09.2017 дар Бемористони Ибни Сино ироаи китоби "Ҳазорвожаи Чаҳорзабонаи Пизишкӣ" пешкаши ҳаводорони илму адаб гардид. Ин китоб аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дастгирии молии Бемористони Ибни Сино ба чоп расид.

     
  • АТЕРОСКЛЕРОЗИ РАГҲОИ МАҒЗИ САР

    Атеросклерози рагҳои мағзи  сар бемории паҳнгашта буда, асосан пардаи дохилии рагҳои хунгарди мағзи сарро иллатдор мекунад. Дар гирди пилокҳои атеросклеротикӣ бофтаи пайвасткунанда бузург мегардад ва намаки калтсий дар девораҳои раг ҷамъ мешавад.

     
  • ЗАРДАҶӮШ Ё СӮЗИШИ МЕЪДА

    Адмирали маъруфи англис Г. Нелсон, ки дар ҷанге аз як чашмаш маҳрум шуда буд ҳамеша мегуфт: "Ман ҳозирам чашми дуввумамро ҳам бидиҳад, фақат маро аз зардаҷӯш наҷот диҳед".

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахши гемодиализ

Дар  Бемористони Ибни Сино бо насби дастгоҳи навтарин, беҳтарин лавозим ва маводи якбормасрафи тавлиди Олмон ва Эрон ва мутахассисони варзидаи хориҷию ватанӣ ба мушкили беморони норасоии музмини гурдаи Тоҷикистон, ки ниёз ба диализ доранд, расидагӣ мекунанд.

Беморони норасоии музмини гурда ва ё онҳое, ки баъд аз ҷарроҳӣ, гурдаашон ногаҳон аз фаъолият мемонад, эҳтиёҷ ба гемодиализи фаврӣ доранд. Чунин беморон имкон ва фурсат нахоҳанд дошт, ки пайваста (ҳафтае ду ё як бор) ба марказҳои дармонии хориҷӣ сафар кунанд. Дар ин ҳол, то кунун дар пойтахти Тоҷикистон танҳо як маркази гемодиализ вуҷуд дорад. Бахши гемодиализи Бемористони Ибни Сино дувумин чунин марказ дар Душанбе ба ҳисоб меравад.

ФОТО