Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • АТЕРОСКЛЕРОЗИ РАГҲОИ МАҒЗИ САР

    Атеросклерози рагҳои мағзи  сар бемории паҳнгашта буда, асосан пардаи дохилии рагҳои хунгарди мағзи сарро иллатдор мекунад. Дар гирди пилокҳои атеросклеротикӣ бофтаи пайвасткунанда бузург мегардад ва намаки калтсий дар девораҳои раг ҷамъ мешавад.

     
  • ЗАРДАҶӮШ Ё СӮЗИШИ МЕЪДА

    Адмирали маъруфи англис Г. Нелсон, ки дар ҷанге аз як чашмаш маҳрум шуда буд ҳамеша мегуфт: "Ман ҳозирам чашми дуввумамро ҳам бидиҳад, фақат маро аз зардаҷӯш наҷот диҳед".

     
  • КАРДИОҶАРРОҲӢ: УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАБОБАТ

    Таърихи кардиоҷарроҳии муосир тирамоҳи соли 1896 оғоз гардид. Бори аввал ба табиби олмонӣ муяссар гардид ба дили аз захми чоқу осеб дида, дарз бизанад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахши ҷарроҳи умумӣ

Шӯъбаи ҷарроҳии умумӣ дар пайвастагӣ бо шӯъбаҳои ҷарроҳии урологӣ ва ҷарроҳиҳои гинекологиву дил, аз бахшҳое ба ҳисоб меравад, ки берун аз ҷумҳурӣ медонанду эътироф мекунанд. Мутахассисони ин бахш мураккабтарин ва нозуктарин ҷарроҳиҳоро дар сатҳи олӣ ва сифати баланд гузаронида, садҳо нафарро ба зиндагии маъмулии бедарду ранҷ-зиндагии пурумед баргардонидаанд!

Сифати баланд ва розигии мардумон беҳуда ба даст намеояд: Бемористони Ибни Синотарҳи бесобикаи хусусӣ буда, дар сатҳу меъёри байналмилаллӣ ба аҳолӣ хидмат мерасонад! Натиҷаи ҳамкориҳои судмандбо бемористонҳои хориҷӣ ва заҳмату кӯшиши роҳбарияти бемористон аст, ки беҳтарин мутахассисони хориҷиву дохилӣ инҷо фаъолияти босамар доранд. Ворид сохтани таҷҳизоти навтарини тиббӣ, доруву маводҳои масрафшавандаи тиббӣ аз хориҷи кишвар шароитеро фароҳам сохтааст, ки хидматрасониву табобат дар тамоми бахшҳои бемористон( Хуҷанд, Фархор, Панҷакент) бесобиқа ва камназир бошад!

Дар сӯҳбат ба мо, мудири бахши ҷарроҳии умумӣ Акрамҷон Самадов иброз дошт, ки танҳо дар як моҳи охир ҷарроҳии гирифтани санги талхадон дар 4-бемор бо усуливидео-эндоскопӣ гузаронида шуда аст:

- Пештар ин гуна амалиёт тариқи буридани бадани бемор сурат мегирифт ва ниҳоятан душвору хафнок низ ҳисоб меёфт. Барои онки хавфи сироятшавиии бемор вуҷуд дошту чор-панҷ нафар дар ин амалиёт ширкат меварзиданд ва бемор низ пас аз даҳ дувоздаҳ рӯз ҷавоб дода мешуд. Ҳоло бошад тавасути дастгоҳҳои аврупоӣ видео-эндоскопӣ ин амал зуд ва бехавф гузаронида мешавад, ки бемор низ пас аз як ё ду рӯз метавонад пурра ба фаъолияти маъмулияш машғул шавад!

Назар ба гуфтаи ин доктори ҷавон пас аз соли нав, чандин амалиётҳое аз қабилибуриши болои маҳбали баччадон,ҷарроҳиҳоипластикӣ дар узвҳоии ҷинсии занона (вагинопластика), ҳабобаҳои узвҳои ковокии шикам дар якҷоягӣ бо мутахассисони шуъбаи урология ва гинекология гузаронида шудааст.

”Мо имкони гузаронидани аксари ҷарроҳиҳоро дорем, ба таври мисол, бемории эхинококи ҷигар, гемангиомаи ҷигар, бемориҳои вобаста ба рӯдаву меъда, гирифта партофтани омосҳои хушсифат, буриши қисмати рост ё чапи ҷигар ва амалиётҳои ҷарроҳиҳои бемории ҷоғар (зоб) аз ин қабил мебошанд. Бемориҳои фассодгирифтаи пӯст, флегмона(илтиҳоби фассодии насҷи пӯст), фрункул (илтиҳоби мавтии фассодноки пӯст, ки дар натиҷаи уфунати халтачаи мӯй ба вуҷуд меояд), карбункул(илтиҳоби мавтии фассоднокии пӯст, ки дар натиҷаи уфунати якчанд халтачаи мӯй ба вуҷуд меояд, гидроденит(илтиҳоби фассодноки ғадудҳои арақбарор ва чарбидор) ҷарроҳиҳо дар бартараф намудани омосҳо ва ғурраҳои бадан ва даҳҳо намуди дигар низ гузаронида мешаванд. Тавре зикр намудем, аксари ин ҷарроҳиҳо тавассути таҷҳизотҳои мудерн анҷом дода мешаванд, ки ба сифат ва натиҷаи амалиёт таъсири мусбӣ мегузоранд”, мегӯяд Акрамҷон Самадов.

Доктор Акрамҷон Самадов изҳор дошт, ки роҳбарияти бемористон дар садади ифтитоҳи бахши ҷарроҳии таъҷилӣ мебошанд. Таври маълум ин гуна беморон ба таври фаврӣ аз ташхис гузаронида шуда, натиҷаю нишондодашон низ бояд зуд муайян карда шавад. Ин шароитро ба таври комил ва аҳсан бемористони Ибни Сино дорост.

Чун сухан дар бораи нарху наво ва имтиёзҳо рафт доктор Самадовқайд намуд, ки вобаста ба намудҳои ҷарроҳӣ нархи он ҳам фарқ мекунад: «Нархҳои мо дастрас ва мутаносибан бо душвориашон қобили қабуланд. Роҳбарияти бемористон ба хотири дастрасӣ доштани ҳамаи мардум дар якҷоягӣ бо ташкилоти «Суғуртаи миллӣ», барномаеро роҳандозӣ намуда аст, ки харҷу сарфи беморонро комилан коҳиш медиҳад! Дар шуъбаи мо аз 20% то 30% хароҷоти сарфмешударо ташкилоти "Суғуртаи миллӣ” пардохт мекунад. Гумон мекунам ин кори хайр ва қобили дастгирист! Зеро роҳбарияти бемористон ин амрро ба хотири ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум пеш гирифтааст ва ҳадафашон ин аст, ки кулли мардум аз табобати босифат ва хидматҳои тибии пешқадам баҳраманд гарданд!»

ФОТО