Бахши ортопедӣ
МАШВАРАТИ ОРТОПЕД
Қабули ортопед 58 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Қабул ва муоинаи бемор (муоинаи ҷойи шикояти бемор, камар, андомҳои болоӣ ва поёнӣ).
2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.
3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз.
4. Баррасии озмоишҳо (ташхиси ренгенӣ, ташхиси КТ ва МРТ).
5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.
6. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).
7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ
Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад.
Мутахассиси бахши ортопедӣ, доктор Қурбоналӣ Мирзобеков рӯзҳои душанбе то шанбе аз соати 8 то 12 қабул мекунад.
Бахши ортопедӣ (шикастабандӣ) дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир гардидааст. Дар бахши мазкур бемориҳои гуногуни ортопедӣ ташхису табобат мегарданд.
Аз ҷумла:
- Гузоштани эндопротези буғумҳои косу ронҳо;
- Эндопротези буғуми зонуҳо;
- Баромадани маъмулии (одатии) собунак (надколенник);
- Баромади маъмулии бозу;
- Шикастани усухонҳои андомҳои болоӣ ва поёнӣ;
- Кандашавии миниск;
- Омосҳои хушсифати устухонҳо;
- Чурраи байни муҳраҳои камар ва гардан;
- Гирифтани гигрома аз зону;
- Табобати консервативии остеопороз.
Нархномаи хизматрасониҳои бахши ортопедиро метавонед аз ин нишонӣ пайдо кунед: http://ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/664-ortoped.html