БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЛТИҲОБИ ҚАРНИЯИ ЧАШМ Ё КАРОТИТ!

    Мудири бахши чашмпизишкии

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Шаҳло Бобоҷонова.

     

    Қарнияи чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисмати чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ "каротит" меноманд.

     
  • ИНКОНТИНЕНТСИЯ Ё БЕИХТИЁР ҶОРИШУДАНИ ПЕШОБ

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,                                                

    доктор Мубин Аминов.

     

    Беихтиёр ҷорӣ шудани пешбро дар забони тиб инконтинентсия меноманд. Инконтенентсия яке аз бемориҳои паҳнгашта дар таҷрибаи клиникии урологӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ, тақрибан 20% аз аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумҳо мушоҳида мешавад.

     
  • БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

    Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда бошанд (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд). Агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/598681_444385178971991_936098525_n.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/22.jpg'

Март 2013

28 Март 2013

Доктори маъруфи эронӣ Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор рӯзхои 31-уми март ва 1 –уми апрели соли равон дар бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд ба кабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул мешавад

  28-03-2013 Доктори маъруфи эронӣ Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор рӯзхои 31-уми март ва 1 –уми апрели соли равон дар бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шахри Хуҷанд беморони гурда ва роҳҳои пешобро қабул, муоина ва дар сурати зарурат ҷарроҳӣ хоҳад кард.  Доктор  Мусавибаҳор  эндоурологи собиқадори эронӣ буда,  тайи солҳои фаъолият  зиёда аз 1500 амали PCNL ( сангшикании  зерипӯстӣ),  зиёда аз 4 000 амали TUL (сангшиканӣ аз тариқи маҷрои пешоб) ва систолитотрипсия (сангшиканӣ дар масона)-ро бо сифати баланд анҷом додааст.

Муфассал...

26 Март 2013

Имконияти муфид барои варзишгарону ҳунармандон

26-03-2013 Варзишгарони тоҷик акнун имкон доранд, ки аз хизматрасониҳои Бемористони Ибни Сино ба таври ройгон истифода баранд. Барои ин онҳоро лозим аст, ки саломатии худро қаблан дар ширкати «Суғуртаи миллӣ» суғурта намоянд. Чанде қабл варзишгардухтари тоҷик оид ба намуди теквандо, хонандаи мактаби №72 Меҳрубону Зоироваро сарпарасти ӯ директори ширкати «Боғи Ҳисор-лимитед» Ҳоҷӣ Бурҳониддин дар ин ширкат суғурта намуд ва акнун дар мавриди ниёз пайдо намуданаш ӯ метавонад, дар дилхоҳ вақти худ аз хизтматрасонии ин бемористон истифода барад

Муфассал...

25 Март 2013

Аз 26 март эндоурологи эронӣ -доктор Сайид Ҳабибуллох Мӯсавибаҳор дар Бемористони Ибни Сино ба ҷарроҳии беморони гурда машгул мешавад

  25-03-2013  Аз 26 марти  соли равон дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ,  эндоуролог -доктор Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор ба ҷарроҳии беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул хохад шуд.. Доктори Сайид Ҳабибуллох Мӯсавибаҳор яке аз мутахассисони хуби соҳа ба шумор рафта таҷрибаи беш аз 13 сола дорад. Тамоми амалиётҳои ҷарроҳии урологӣ ва эндоурологиро бо маҳорати баланд анҷом медихад

Муфассал...

23 Март 2013

Бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд расман мавриди истифода қарор гирифт

  23-03-2013  Рӯзи 22 марти соли равон  дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бахши минтақавии  Бемористони Ибни Сино баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндагони дигар сохторҳои марбута ширкат намуданд. Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода бо дигарон аз дохили бино, шароити дар он муҳайё гардида ва сифати дастгоҳу таҷҳизоти он дидан намуда, ба он баҳои баланд дод  ва афзуд, ки ҳадафи бо эрониҳо кор карданашон ин аст, ки «он таҷҳизотҳое, ки дар мо нест, онҳо дастрас мекунанд ва дигар зарурати аз ҷумҳурӣ берун рафтан намешавад».

Муфассал...

20 Март 2013

Табрикоти Бемористони Ибни Сино ба сокинони кишвар ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ

  20-03-2013  Ҳамватанони азиз! Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш  ҳамаи шумо, мардуми шарифи Тоҷикистон ва аҳли ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи табиату баҳор, оғози сарсабзиву хуррамӣ, яъне Наврӯзи оламафрӯз, ки имрӯзҳо бо қадамҳои неку мубораки худ дар диёри зебову дилрабои Тоҷикистон фаро расидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар ва умуман мардуми сайёра оромиву осоиш, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзи наврӯзиро орзу менамоем..  Бигзор аз файзу баракати баҳорон ва Наврӯзи оламафрӯз зиндагии ҳар фарди кишварамон рангу таровати тоза гирад! Наврӯзатон фархундаву муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Муфассал...

19 Март 2013

109 амали ангиографӣ дар оғози соли 2013

   19-03-2013  Шурӯъ аз моҳи январи соли 2013 то ба имрӯз дар Бемористони Ибни Сино 109 амали ангиографӣ (баррасии ҳолати шараёнҳои коронарӣ ) ва ҳам катетеризатсия (муайян кардани ҳолати даричаҳои дилӣ, муайян кардани сатҳи фишор дар ҳуфраҳои мухталифи дил), 24 амали ангиопластикаи коронарӣ (кушодани тангиҳои шараёнҳо бо воситаҳои баллон ва стент), 1 амали комиссуротомияи митралӣ (кушодани тангии равзанаи митралӣ), 6 амали ангиопластикаи шараёнҳои гурда, мағзи сар ва пойҳо)

Муфассал...

18 Март 2013

Тӯҳфаи наврӯзии Бемористони Ибни Сино ба сокинони шаҳри Хуҷанд

   18-03-2013 Рӯзи 22 марти соли равон соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бахши минтақавии  Бемористони Ибни Сино баргузор мешавад.

   Бахши минтақавии бемористон дар шаҳри Хуҷанд аз шӯъбаҳои ташхис ва дармони кардиологӣ, урологӣ, амрози занон ё гинекология, ҳамчунин пизишкии умумӣ, озмоишгоҳ ва рентген иборат хоҳад буд.

Муфассал...

12 Март 2013

Дар соли 2012 дар Бемористони Ибни Сино 6 амали нодири ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки дар Тоҷикистон бори аввал сурат гирифтааст.

12-03-2013 Дар соли 2012 дар шӯъбаи кардиологияи Бемористони Ибни Сино 91 амали ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки аз инҳо 36 амали шунтгузории аорто-коронарӣ,  19 амали корректсияи нуқсонҳои модарзодии дил, 18 амали ивази даричаҳои дил бо протезҳои механикӣ ва тармими онҳо бо дарз ва ё ҳалқа, 4 амали ивази даричаи  шоҳраг бо протези механикии №23– SJМ ҳамзамон бо шунтгузории мамма-коронарӣ ва аорто-коронарӣ дар шароити ГХС ва КПФХ ва 2 амали амали ҷарроҳии Гленн дар шароити гардиши хуни сунъӣ ва

Муфассал...

11 Март 2013

Дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон ба қабули беморон шурӯъ намуд

 11-03-2013  Дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон ба қабули беморон шурӯъ намуд. Дар ин муддат аллакай эҳтиёҷмандони зиёде барои қабул, муоина ва табобат ба ин мутахассиси варзида муроҷиат намуданд. Меҳробӣ Сосон яке аз мутахассисони варзида ва маъруфи иронӣ буда , собиқаи кории бисёрсола дорад, аз ҷумла зиёда аз 1000 амали PCNL (амали сангшикании тарики пӯстӣ)-ро бо сифати баланд

Муфассал...

09 Март 2013

348 амали эндоҷарроҳӣ дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино дар як сол

  09-03-2013 Дар соли 2012 дар шӯъбаи урологии Бемористони Ибни Сино  1200   бемор муроҷиат намуданд,ки аз онхо 409 нафарашон бистарӣ гардидаанд. Дар ин муддат ба беморони муроҷиат намуда,  417амали ҷарроҳӣ  гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 69 амали ҷарроҳии боз ва боқимонда 348 амали ҷарроҳӣ  бо усули эндоҷарроҳӣ амалӣ  гардидааст. Аз ҷумла 38 амали систоскопия, 18 амали уретероскопия, 92 амали гирифтани стенти DJ,

Муфассал...

ФОТО