БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Апрел 2015

27 Апрел 2015

Бонувони Фархор, мо ба назди шумо меравем!

Баргузор кардани сафари пизишкони маъруф ба ин ё он филиали Бемористони Ибни Сино  ба анъана медарояд!

Ба тавваҷуҳи сокинони ноҳияи Фархор мерасонем, ки рӯзи чоршанбе, 29 уми апрел, бо сафари корӣ ба ин ноҳия пизишки амрози занон (генеколог)  Ситора Қодирова ташриф меорад!  Онҳое,  ки аз бемориҳои мухталифи  занона  азият мекашанд, метавонанд аз машварат ва табобати  ин мутахассиси ботаҷриба   баҳраманд шаванд!

Муфассал...

23 Апрел 2015

Чашмпизишк Фирдавсӣ ба табобат шуруъ кард!

Бибиоишаи чорсола баробари ворид шудан ба утоқи чашмпизишкӣ дав-давон худро ба оғӯши доктор Фирдавсӣ партофт! Доктори маъруф низ ӯро ба зудӣ шинохта ба оғӯш гирифт ва аз чашмонаш ба меҳр буса зад. Лаҳзае пас духтарчаи тахминан 10 сола низ бо табассуми зебо вориди утоқи чашмпизишкӣ гардид. Доктор ӯро низ падарвор ба оғӯши меҳр гирифту пас аз ташхиc (Офталмохромоскопия- таҳқиқи қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсуси ранга) хулоса баровард: -Оли! Мушакҳои чашмон ҷо ба ҷо шудаанд ва дигар хафве боқӣ намонда! Бибиоша ҳам комилан шифо ёфта аст!

 Муътабари 10 соларо моҳи августи соли гузашта ва Бибиоишаи чорсоларо моҳи феврали ҳамин сол ҷарроҳӣ карда буданд. Ҳарду ҳам аз хурдсолӣ, гирифтори страбизм (олусчашмӣ) будаанд, ки марҳилаи баъдиҷарроҳии захмҳои чашмро бомуваффақият гузаронидаанд! Модари Муътабар пас аз пок кардани ашки шодӣ, ки беист аз

Муфассал...

22 Апрел 2015

Гепатити Б чист? Пешгирӣ ва дармони он чӣ гуна аст?

Хурсандиовар аст, ки тавассути ҳама гуна дастгоҳҳои нодиру замонавӣ, фаъолияти пурсамари мутахассисони варзидаи маҳалливу ҷалби пизишкони маъруфи хориҷӣ, озмоиши  ҳама намуди гепатитҳо ва табобати бемориҳои гастроэнрологӣ дар Бемористони Ибни Сино бо беҳтарин усулҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом  мешаванд.  Мавриди зикр  аст, ки доруҳои камёфти табобатӣ низ аз тарафи Бемористон таъмин мегарданд. Маърифатнок намудани  тиббии ҷомеа боиси паст шудани сатҳи бемориҳои мухталиф мегардад. Дар ин ҷода низ мо омодаи ёрию мусоидат  ҳастем.

Гепатити Б чист? Пешгирӣ ва дармони он чӣ гуна аст?

Гепатити Б як уфунати ҷиддии ҷигар аст, ки тавассути вируси Гепатити Б (HBV) ба вуҷуд меояд. Дар баъзе аз афрод ин бемори музмин шуда, боиси мушкилоти ҷиддии ҷигар аз қабили Тсиррози ҷигар ва ё саратони он мешавад. Аксари беморони мубтало ба Гепатити Б баъд аз марҳалаҳои дармонӣ, комилан беҳбуд пайдо мекунанд.  

Муфассал...

Маъруфтарин чашмпизишки хориҷӣ дар беҳтарин бемористони кишвар!

Ба таваҷҷуҳи нафароне, ки аз бемориҳои чашм азият мекашанд мерасонем, ки бо ибтикори ташкилоти «Суғуртаи миллӣ»  ва даъвати роҳбарияти Бемористони Ибни Сино, чашмпизишки маъруфи эронӣ доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ,  рӯзи 23 уми апрел, ба кишварамон ташриф меорад!

Шахсоне, ки тибқи барномаи “Ташхис”, «Табабат» ва «Амал» соҳиби пулиси суғуртавӣ шудаанд, бо истифода аз имтиёзҳои пешниҳоднамудаи ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» ташхис, табобат ва ҷарроҳиро бо супоридани маблағи ночиз ба даст меоранд!

Муфассал...

21 Апрел 2015

Доктор Мансурӣ боз ба Тоҷикистон меояд!

Ба таваҷуҳи нафароне, ки аз бемориҳои гастроэнтерологӣ (бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург) ва гепатит азият мекашанд!

Бо ибтикори ташкилоти  даъвати роҳбарияти Бемористони Ибни Сино профессор Сиёвуш Мансурӣ, мутахсиссиси дараҷаи олии гастроэнторология 30 апрел ба кишварамон ташриф меоранд!

Доктор Мансурӣ 

Муфассал...

18 Апрел 2015

Мо табобати босифат ва босамарро кафолат медиҳем!

Одатан ба назди гинеколог занону духтарон меоянд, аммо вақте мо дохили утоқи кори мудири шӯъбаи гинекологияи Бемористони Ибни Сино Ситора Қодирова гардидем, он кас, бо истифода аз расму дастурамалҳо, ба ҷавоне тарзи фаъолияти бачадон ва ҷараёни ҳомилагиро мефаҳмониданд.

Ситора Қодирова аз ҷумлаи мутахассисонест, ки ба ҷуз донишу таҷрибаи андӯхта, боз дар кишварҳои Эрону Ҳиндустон, Қибриси шимолӣ бар дониши худ афзудаву аз таҷрибаи пешқадам баҳраҳо бардошта аст. Бо вуҷуди зиёд будани теъдоди ниёзмандон, арзи сипос менамоем, ки доктор вақт ҷудо карда, ба саволҳои мо посух доданд:

Муфассал...

13 Апрел 2015

Хушхабар!

Ба таваҷҷуҳи аҳолии шаҳри Хуҷанд ва сокинони вилояти Суғд мерасонем, ки филиали Бемористони Ибни Сино дар Хуҷанд, барои дастрасии мардум ба хидматрасониҳои пешқадами тиббӣ, саннаи 17 уми апрели соли равон, сафари мутахассиси варзида ва маъруфи соҳаи ортопедӣ, профессор Саидбилол Қурбоновро ба ин шаҳр баргузор мекунад!

Ниёзмандон метавонанд аз мушовараи профессор баҳраманд шаванд ва дар сурати зарурат нуқсонҳои модарзодӣ ва ё бар асари садама бардоштаи устохонҳои дасту пой ва дигар узвҳоро бо усулҳои навтарин ҷарроҳӣ кунанд!

Аз фурсати муносиб истифода кунед ва аз машварату табобати пизишки кордидаву варзида баҳра бардоред!

Бемористон бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои анҷоми амалҳои ҷарроҳӣ шароити зарурро доро мебошад! 

Маълумоти бештар дар сайтҳои www. Ibnisino.tj ва sugurta.tj

Телефон барои маълумоти бештар: 8 34 22 5 77 33

 

Муфассал...

04 Апрел 2015

Чаро бо усули Эндоскопия бояд табобат намуд?

Ҳанӯз 2500 сол қабл табибон дар мавриди усулҳои барқароргардонии ҷараёни пешоб аз обдони басташуда, бо роҳи ворид намудани найчаҳо ба роҳҳои пешобгузар фикр мекарданд. Хушбахтона, бо тараққиёт ва пешрафти илму техника, инсоният роҳҳои бартараф намудани ин бемориро низ ноил шуд. Акнун тариқи истифода аз таҷҳизоти резектор, роҳҳои пешобрави обдон боз карда шуда, ин амал зуд ва босифат иҷро карда мешавад!

Ғадуди простата ҳамагӣ 2 х 3 см. буда, 30 грамм вазн дорад. Бо гузашти вақт ва рафтани сину сол ин ғадуд хаҷман бузургтар шуда, мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад. Дар мавриди пайдоиши ин беморӣ, оқибатҳои он ва тарзи табобату имконоти мавҷудаи имрӯза суҳбате доштем бо урологи Бемористони Ибни Сино доктор Мубин Аминов, ки фишурдаи онро инҷо меорем:

Муфассал...

03 Апрел 2015

Дору бояд истеъмол намуд, на номи дору!

Барои маълумот пайдо кардан дар мавриди доруҳое, ки ба Бемористони Ибни Сино ворид ва истифода  мешаванд  сўҳбате доштем   бо менеҷери хариди дору ва васоили тиббии  ин бемористони  машҳур, Фарзона Абдуллоева, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Сараввал фаҳмидан мехостем, ки ҳамаи доруҳои шумо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид мешаванд, ё бо  кишварҳои дигар  низ додугирифт доред?

 -Дуруст фармудед, 90% доруҳо ба бемористони мо аз Эрон ворид карда мешаванд.   Ҳамчунин ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору ва  маводи тиббии аълосифати   Амрико,  Олмон, Туркия,  Испания  ва чанд мамолики дигар  низ аз ҷумлаи  шарикони мо  мебошанд.

Муфассал...

02 Апрел 2015

Озмоиши босифат, зуд ва дақиқ

Калимаи ҳормон аз юнонӣ гирифта шуда, маънояш «бедор кардан, ба шӯр овардан мебошад». Ҳормонҳоро ғадудҳо ба вуҷуд меоранд, чи дар меъда, чи дар гулӯ ва чи дар мағзи сар.

Умуман, дар организми инсон 100 намуди ҳормон фаъол аст, ки нуқсон пазируфтани яктои онҳо сабаби норасоии дигар ҳормонҳо мешавад. Норасоии ҳормонҳо дар организми инсон боиси дигаргуниҳои манфӣ мешавад. Ба таври мисол, агар дар организми зан ҳормони мардона инкишофи аз ҳад зиёд дошта бошад, ин зан дар рафтору гуфтор низ ба мардон монанд мешавад ва баръакс. Бештар будани ҳормони мардина ба

Муфассал...

ФОТО