БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • PCNL чист?

    Урологи бемористон,

    доктор Мубин Аминов.

     

    PCNL таркиби  кӯтоҳшудаи  англисӣ буда, шакли  комили он Per cutanium Lithotripci мебошад. Яъне сангшиканӣ аз тариқи пӯст дар гурда аст.

     
  • Чашмандозе ба таърихи пайдоиши ултрасадо (УЗИ)

    Пизишки дастгоҳи ултрасадо,

    доктор Ҳақназаров Меҳроҷ.

     

    Дар бораи вуҷуди мавҷҳои садоӣ одамон қаблан огоҳ буданд, аммо аз вуҷуди «нурҳои ноаён» бехабар. Нурҳои ноаёнро олими итолиёӣ Л.Спаллансини дар соли 1794 кашф кард.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Октябр 2015

19 Октябр 2015

АСАБШИНОСӢ - БАХШИ МУХИМИ ТИББ

Шӯъбаи асабшиносии Бемористони Ибни Сино яке аз бахшҳои ҷавонтарини бемористон ба шумор меравад ва чанд вақт пеш ба фаъолияти худ шурӯъ кард. Асабшиносӣ бахши муҳими тибби муосир ба шумор меравад  ва бо масоили пайдоиши бемориҳои системи марказӣ ва ғайримарказии асаб, ташхис, пешгирӣ  ва табобати онҳо машғул мебошад. Системаи асаби инсон яке аз муҳимтарин таркибҳои организми одамӣ ба шумор меравад

Муфассал...

17 Октябр 2015

Анъанаи хуби Бемористони Ибни Сино ва сафари кории пизишкони маъруфи бемористон ба филиалҳо идома дорад!

Ба тавваҷӯҳи сокинони ноҳияи Фархор  мерасонем ки санаи 20 октябр бо сафари кори ба ноҳия гинеколог Ситора Қодирова ташриф меорад! Онҳое, ки аз бемориҳои мухталифи занона азият мекашанд, метавонанд аз машварат ва табобати ин мутахассиси ботаҷриба баҳраманд гарданд!

Муфассал...

14 Октябр 2015

Дар кадом маврид ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ муроҷиат намудан лозим аст?

Шӯъбаи ёрии таъҷилӣ бештар барои ба эътидол овардани ҳолати бемороне, ки ба бӯҳрони фишорбаландӣ ё норасоии дил дучор гардидаанд, нафарони маҷрӯҳ ва шахсоне, ки таби баланд доранд, аз ғизо заҳролуд шудаанд ва дигар ҳолатҳои оҷилӣ, пешбинӣ гардидааст.

Муфассал...

Ҷоғар ва табобати он

Яке аз бемориҳое, ки ҷарроҳии умумӣ ба он сару кор дорад бемории ҷоғар (зоб) ба шумор меравад. Сабабҳои пайдоиши бемории ҷоғар то ба ҳол пурра муаян нагардидаанд. 
Асоситарин омили тамоюл ба ин беморӣ, имрӯз норасоии йод дар хӯрок ба шумор меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое, ки намакро бо йод омехта намекунанд, ҳолатҳои бемории ҷоғар зиёдтар ба назар мерасад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, паҳншавии ин беморӣ дар навоҳии бо йод бой низ дида мешавад

Муфассал...

09 Октябр 2015

Олусӣ – мушкили иҷтимоист

Ҳар кадом аз чашмони одам дорои шаш мушак мебошанд, ки функсияи ҳаракатдиҳандаи чашмро таъмин мекунанд. Аз рӯи қоида биниши инсон бинокулярӣ (яъне нигоҳ бо ду чашм, ки дар анализатори биноӣ бо ҳам васл мегарданд) мебошад. Анализатори биноӣ дар қишри мағзи сар ҷойгир гардида, назорати ҳамоҳангро аз болои ҳамаи 12 мушак ба амал меорад. Халалдоргардидани ҳамоҳангии кори як ё гурӯҳи мушакҳо, сабаби ба вуҷуд омадани олусӣ мегардад.

Муфассал...

07 Октябр 2015

АЛГОДИСМЕНОРЕЯ – ЧӢ ГУНА БЕМОРӢ АСТ?

Шўъбаи гинекологии Бемористони Ибни Сино тайи чанд сол мешавад, ки дар ташхису табобати бемориҳои занона пешсаф буда, шумораи зиёди беморон аз табобати самараноки мутахассисон бархўрдор гардиданд. Таҷҳизоти замонавии аврупоӣ ва пизишкони пуртаҷриба омили асосӣ дар табобати беморони гинекологӣ маҳсуб мешавад. Имрўз дар шўъбаи гинекологии Бемористони Ибни Сино табобат ҳам бо роҳи

Муфассал...

Зебогии Шумо дар дасти мост!

Дар бахши ҷарроҳии пластикии Бемористони Ибни Сино мутахассисони ватанӣ ва хориҷии пуртаҷриба амалҳои гуногунро дар соҳаи зебоӣ ва тармимӣ анҷом медиҳанд. Барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани ин амалҳо  бахши мазкур бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст. 

Муфассал...

06 Октябр 2015

“Даричаи” солимии Шумо

Дили инсон дорои чор дарича мебошад. Функсия даричаҳо аз таъмини гардиши яктарафаи хун бо воситаи дил, мебошад. 

Бемориҳои даричаҳои дил он замон ба вуҷуд меоянд, ки кори ин даричаҳо номуназам мегардад. Чунин ҳолат метавонад дар натиҷаи стеноз ё норасоии даричаҳои дил ба вуҷуд ояд.

Муфассал...

01 Октябр 2015

Бемористони Ибни Сино дар бораи бемории “Отити миёна”

Отити миёна бемории илтиҳобии гӯши миёна ба шумор меравад. Сабаби асосии пайдоиши ин беморӣ ворид шудани сироят ба гӯши миёна мебошад. Гӯши миёна қисмати на чандон калонест, ки байни гӯши берунӣ  ва дарунӣ ҷойгир гардидааст. Гӯши миёна аз се устухончаи хурдакак (болғача, сандон ва кӯбак) иборат ёфтааст. Маҳз ин устухончаҳо қобилияти шунавоии гӯшро таъмин мекунанд.

Муфассал...

ФОТО