БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • PCNL чист?

    Урологи бемористон,

    доктор Мубин Аминов.

     

    PCNL таркиби  кӯтоҳшудаи  англисӣ буда, шакли  комили он Per cutanium Lithotripci мебошад. Яъне сангшиканӣ аз тариқи пӯст дар гурда аст.

     
  • Чашмандозе ба таърихи пайдоиши ултрасадо (УЗИ)

    Пизишки дастгоҳи ултрасадо,

    доктор Ҳақназаров Меҳроҷ.

     

    Дар бораи вуҷуди мавҷҳои садоӣ одамон қаблан огоҳ буданд, аммо аз вуҷуди «нурҳои ноаён» бехабар. Нурҳои ноаёнро олими итолиёӣ Л.Спаллансини дар соли 1794 кашф кард.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Декабр 2016

30 Декабр 2016

27 Декабр 2016

ЁРИИ АВВАЛИЯ ҲАНГОМИ САКТАИ МАҒЗӢ (ИНСУЛТ)

Инсулт ё сактаи мағзӣ бемории бисёр хатарнок аст. Бо муайян кардани аломатҳои он ва расонидани ёрии аввалия ба бемор, шумо метавонед ҷони ӯро наҷот диҳед. Дар тибби имрӯз озмоиши (тести) бисёр содда ва самараноке вуҷуд дорад, ки имкон медиҳад, хеле зуд аломатҳои аввалини ин бемориро муайян намуд.

Муфассал...

22 Декабр 2016

ИЛТИҲОБИ МИЛКИ ДАНДОН

Бемориҳои парадонт яке аз мушкилоти печида дар бахши дандонпизишкӣ ба шумор мераванд. Ин бемориҳо хусусияти паҳншавии оммавӣ доранд ва табобаташон бисёр душвор аст.

Муфассал...

20 Декабр 2016

ҶИГАР - ОЗМОИШГОҲИ КИМИЁӢ

Ҷигарро "озмоишгоҳи кимиёии" организм таъбир мекунанд. дар ҳақиқат ин узв дар фаъолияти кулли бадани инсон нақши вежа дорад. Ҷигар дар организм барои равандҳои хӯрокҳазмкунӣ, гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо ҷавобгӯ мебошад. Мутахассисон яке аз вазоифи асосии ҷигарро полоиш ва безараргардонии моддаҳои заҳрдор (самъӣ) ном мебаранд.

Муфассал...

ЭСТРОЖЕН Ё ҲОРМОНИ ЗЕБОӢ

Занро бисёриҳо мавҷуди пешгӯинашаванда меноманд. Ва ин иддао то андозае ҳақиқат дорад ва аҷиб ҳам ба назар намерасад. Олимон муътақиданд, ки саломатӣ ва табъӣ занро ҳормонҳо идора мекунанд. Мутаасифона илми муосир дар бобати ҳормонҳо ҳанӯз маълумоти комил дар даст надорад.

Муфассал...

17 Декабр 2016

РАВҒАНИ МОҲӢ ВА ФАВОИДИ ОН

Бисёриҳо шояд ёд доранд, ки дар кудакӣ чи тавр падару модарон онҳоро маҷбур мекарданд , ки равғани моҳӣ бинушанд. Ва олимон имрӯз собит кардаанд, ки рафтори волидайни мо комилан ҳақ будааст. Аслан равғанҳо ё фоидаоваранд ё зараровар. Беҳтарин равғанҳо ҳамонҳоеанд, ки ҳолати моеъгии худро дар ҳарорати хонагӣ ҳифз мекунанд. Онҳо дар таркиби худ кислотаҳои равғании барои ҳаёти инсон заруриро доро мебошанд.

Муфассал...

15 Декабр 2016

ИНСУЛТ (САКТАИ МАҒЗӢ) ВА ХАТАРОТИ ОН.

Инсулт ё сактаи мағзӣ имрӯз миёни бемориҳо, дуввумин сабаби марг ва саввумин сабаби маъюбии инсонҳо шинохта шудааст. Теъдоди гирифторони инсулт низ сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Сабаи асосии инро мутахассисон дар пир шудани аҳолӣ, исстресҳо ва тарзи ҳаёти носолим медонанд. Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар самти пешгирии инсулт аз соли 1990 то соли 2010 теъдоди ҳолатҳои марговар аз сактаи мағзӣ 26%  ва маъюбият аз он бошад 19% афзоиш ёфтааст.

Муфассал...

МЕЪЁРИ ПАСТИ ҚАНД ДАР ХУН

Бисёр вақт одамон бо аломатҳои меъёри пасти қанд дар хун дучор мегарданд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин ҳолаташон хабардор намегарданд. Яке аз нишонаҳои клоссикии меъёри пасти қанди хун, мондашавӣ ва беҳолӣ баёни соатҳои 11 то 15 ба шумор меравад.

Муфассал...

14 Декабр 2016

САБАБҲОИ ДАРД ДАР ЗОНУ

Баъзе одамон гумон мекунанд, ки дард дар буғуми зону, танҳо хоси одамони бузургсол аст. Аммо ба дарди зону метавонанд одамони ҳар синну сол мубтало гарданд. Дарди сахт дар буғуми зону метавонад ба мушкилот дар ҳаракат мунҷар гардад. Инсони мубтало ба дарди зону бояд сабаби дақиқи дардро бидонад, то битавонад онро дуруст табобат намояд. Буғуми зону ба пой имкон медиҳад, ки хаму рост шуда, вазни танро нигаҳ дорад.

Муфассал...

06 Декабр 2016

ҲОФИЗА

Ҳофиза ё хотираи инсон падидаи нодирест. Баъзе аз шаклҳои ҳофизаро ҳатто соддатарин организмҳои якҳуҷайра низ доро мебошанд. Аммо одамон бисёр вақт дар бобати пастшавии ҳофизаашон шикоят мекунанд. Оё имконоте вуҷуд доранд, ки инсон ҳофизаашро ҳифз ва беҳтар намояд?

Муфассал...

ФОТО