Апрел 2013
30 Апрел 2013
Иқдоми нави муштараки Бемористони Ибни Сино ва ширкати «Суғуртаи миллӣ»
30-04-2013 Бемористони Ибни Сино дар якчоягӣ бо ширкати «Суғуртаи миллӣ» иқдоми нави муштаракеро роҳандозӣ намуданд, ки тибқи он акнун ҳар як шахс имкон дорад бо гузаштани муоинаи пурра ва комили тиббӣ бо арзиши ҳамагӣ 300 сомонӣ бо тахфифи зиёд полиси суғуртавӣ дастрас намояд ва дар муддати як сол аз хидматҳои тиббии Бемористони Ибни Сино ба таври ройгон истифода намояд
29 Апрел 2013
Табибони Бемористони Ибни Сино ройгон забони англисӣ меомӯзанд
29-04-2013 Бо ташаббуси маъмурияти Бемористони Ибни Сино ҳамаи кормандони бемористон ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб карда шуданд. Ин амал барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони бемористон, аз ҷумла пизишкон роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳолате, ки дар Бемористони Ибни Сино зимни табобат аз навтарин таҷҳизоти замонавии тиббӣ истифода бурда мешавад, донистани забони англисӣ кори мутахассисони ватаниро осон хохад кард.
27 Апрел 2013
«Барои он, ки соҳаи тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёбад, қолабҳои мавҷударо шикастан лозим»
Се сол мешавад, ки Тоҷикистониҳо имконияти дар сатҳи байналмилалӣ қабул кардани муолиҷаи тиббиро пайдо кардаанд. Се сол пеш дар Душанбе Бемористони байналмилалии Ибни Сино ба кор даромад, ки дар он мутахассисони варзида аз кишварҳои Эрон, Олмон, Ҷопон, Русия ва Тоҷикистон фаъолият мебаранд, то ин ки ба одамон саломатӣ эҳдо намоянд.
26 Апрел 2013
Амали пиелопластика бо усули лапароскопия
26-04-2013 Сайид Ҳусейн Ҳусейни Шарифӣ: эндоурологи эронӣ аз 18 апрел дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони гурда ва роҳи пешоб машғул буд. Ин мутахассис аслан аз усулҳои эндоскопӣ ва лапароскопӣ кор мегирад.
25 Апрел 2013
Ташрифи кардиологи машҳури эронӣ- Доктор Сомӣ ба филиали Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд
25-04-2013 Аз 1 то 3 май дар Бемористони Ибни Синои шаҳри Хуҷанд кардиологи машҳури эронӣ Доктор Сомӣ ба қабули беморони дил машғул хоҳад шуд.
24 Апрел 2013
Бемористони Ибни Сино: «Боварии мардум ба мо бештар мегардад!»
24-04-2013 Бо ширкати Маҳмудризо Сарзаим-ҷарроҳи дил дар Бемористони Ибни Сино 10 ҷарроҳии мураккаби дил анҷом дода шуд. Аз ҷумла 4 амали ҷарроҳии шунтгузории аортокоронарӣ, як амали эндартерэктомия аз шараёни хоби дохила аз рост, як амали коррексияи радикалии нуқсони модарзодии дил -Тетрада-фалло, дар як бемор ивази даричаи шоҳраг бо
23 Апрел 2013
Бори нахуст дар Тоҷикистон! Дар Бемористони Ибни Сино амале анчом дода шуд, ки дар дигар кишвархои ҷаҳон низ кам ба назар мерасад
23-04-2013 Дар шӯъбаи ангиопластикаи Бемористони Ибни Сино шанбеи 20-апрели соли равон ба бемори 16 солае амали нодири ангиопластикӣ анҷом дода шуд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар олам низ кам ба назар мерасад. Тавре мутахассиси варзидаи эронӣ, кардиолог-интервенсионист Алдубонӣ Амирҳусейн-доктор Сомӣ иброз медорад, ҳатто дар Эрон мумкин аст, ки танҳо 2-3 ҳолати чунин беморӣ вуҷуд дошта бошад.
22 Апрел 2013
Беморони санги гурдаро зарур аст, ки ҳар се моҳ аз назорати дастгоҳи ултрасадо гузаранд
22-04-2013 Таи 2 рӯзи охир дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино бо ширкати урологи эронӣ-Сайид Ҳусейн Шарифӣ амалхои зиёди ҷарроҳии беморони гурда ва роҳҳои пешоб анҷом дода шуд. Ба таври умум дар семохаи аввалаи соли 2013 танҳо ба бахши урологии бемористон зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 90 нафарашон
19 Апрел 2013
Камол Насрулло : «Табобатгоҳи аҳли дил дар ин ҷост!»
19-04-2013 Камол Насрулло-шоири халқии Тоҷикистон яке аз муштариёни ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» буда, тавассути полиси суғуртавӣ аз хизматрасониҳои тиббии Бемористони Ибни Сино ройгон истифода мебарад. Шоир аз ба роҳ мондани чунин хизматрасонии тиббӣ тавассути полиси суғуртавӣ хеле қаноатманд буда, андешаҳои худро дар ин бора чунин иброз дошт:
Табобатгоҳи аҳли дил дар ин ҷост,
Муроди синаро ҳосил дар ин ҷост.
18 Апрел 2013
Дар Бемористони Ибни Сино мутахассисони эронӣ ба қабули беморони гурда ва дил шурӯъ намуданд
18-04-2013 Дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ, уролог-Сайид Ҳусейн Шарифӣ ба фаъолият оғоз намуд. Беморони гурда ва роҳи пешоб метавонанд барои қабул худро дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд. Ҳамчунин дар ин рӯз ҷарроҳи дил, доктор Маҳмудризо Сарзаим низ ба қабул ва муоинаи беморони дил шурӯъ кард. Ба роҳ мондани усулҳои навтарини хизматрасонӣ чӣ дар бахши урологӣ