БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

     
  • ЗОБИ БАЪД АЗ ВАЛОДАТ

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

                                    

    Як намуди хеле шоеъ аз бемориҳои ғадуди сипаршакл, зоби баъди валодат аст. Аз ҳар 10 зани валодаткарда, яке аз онҳо гирифтори зоби пас аз валодат  мегардад. Зоби баъди валодат дар касоне иттифоқ меуфтад, ки зоби камкори пинҳонӣ дошта бошад, аммо аз вуҷуди он бехабар бошад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

14 Май 2013

Раҳоӣ аз дард баъди 5 сол

  14-05-2013 Ин ҳафта бо ширкати эндоурологи эронӣ Амирҳасани Шаҳриёр дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино  амалҳои ҷарроҳии гурда ва роҳҳои пешоб анҷом дода шуд.Ҳамаи амалҳои ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфта, беморон баъд аз 3-4 рӯзи ҷарроҳӣ дар ҳолати хуб ба табобати амбулаторӣ фиристода шуданд.

Яке аз ин беморон, ки 5 сол пеш дар яке аз бемористонҳои маҳаллӣ ҷарроҳии аденомэктомия шудааст, тӯли ин 5 сол ҳангоми пешоб кардан аз дард азият мекашид. Пас аз муроҷиат ба Бемористони Ибни Сино, бемор пурра аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд. Маълум гардид, ки гарданаи масонаи бемор пурра танг (контрактура) гардидааст. Сипас тавассути дастгоҳи эндоскоп-резетоскоп ин тангӣ бартараф карда шуда, бофтаҳои фиброзӣ бо резетоскоп тарошида шуданд. Амал бомуваффақият анҷом ёфт ва рӯзи 4-ум бемор ба хонааш мураххас гардид. Ҳамчунин пешобкунии бемор пурра барқарор гардидааст.

Муфассал...

ФОТО