БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ РЕЗИШИ МӮЙ БА ВАСИЛАИ ФИЗИОТЕРОПӢ

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино.

    доктор Каримов Муҳибуллоҳ.

     

    Физиотерапӣ – ҳангоми рехтани мӯй. Давомнокии ҳаёти мӯйи инсон бисёр кӯтоҳ буда, танҳо 3 солро ташкил медиҳад. Ҳаррӯз мо тақрибан 50-150 мӯи кӯҳнашударо гум мекунем ва ин як раванди физиологии муқаррарӣ аст.

     
  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Декабр 2013

26 Декабр 2013

Муолиҷаи беихтиёр равон шудани пешоб дар Бемористони Ибни Сино бо истифода аз дастгоҳи «Слинг»

  26-12-2013 Бемори 72 сола С.Р. ба шӯъбаи урологии Бемористони Ибни Сино бо шикояти беихтиёр рехтани пешоб  муроҷиат намуд. Номбурда худро тӯли 8-10 соли охир бемор меҳисобад ва новобаста аз он ки борҳо дар бемористонҳои мухталифи кишвар табобат гирифтааст, ҳамаи он  бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Муфассал...

24 Декабр 2013

Эндоурологи эронӣ доктор Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморон шурӯъ намуд.

  24-12-2013 То ин замон аллакай беморони зиёде барои қабул , муоина ва табобат ба ин мутахассиси варзида муроҷиат намуданд. Ҳамзамон аз дигар бемороне, ки мубталои бемории гурда ва роҳҳои пешоб ҳастанд,

Муфассал...

21 Декабр 2013

Чурраи сутунмӯҳра (грыжа позвоночника) чӣ тавр пайдо мешавад?

То пайдоиши чурра дар сутунмӯҳра ба таври номуайян сол то сол тағироти ҷузъӣ ба миён меояд. Ин беморӣ замоне пайдо мешавад, ки дискҳои байни мӯҳраҳои сутунмӯҳра аз фишор ё зӯровардан ва ё якбора бардоштани бори вазнин хӯрда мешавад ва қисми чандирии он ба моддаи сахт (фиброзной) табдил ёфта, оҳиста-оҳиста калон шудан мегирад. Табибон дар ин ҳолатҳо ба бемор ташхиси «остеохондроз» мегузоранд ва агар бемор аз дард

Муфассал...

18 Декабр 2013

Нодир Муталлибзода дар Бемористони Ибни Сино

  18-12-2013 Ба диққати шахсоне, ки ба иваз кардани буғум ва ё гузоштани буғумҳои сунъӣ дар косу рон ва зону ниёз доранд, расонида мешавад, ки мутахассисони маъруфи эронӣ : ортопед Нодир Муталлибзода дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморон шурӯъ намуд.

Муфассал...

17 Декабр 2013

Қабули навбатии эндоурологи маъруфи эронӣ, Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор аз рӯзи якшанбе- 22-уми декабр шурӯъ мешавад

  17-12-2013  Эндоурологи маъруфи эронӣ доктор  Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор , мутаххасиси беназири ин соҳа  буда, бо ширкати ӯ дар Бемористони Ибни Сино   дармони ҳама намуди беморихои гурда ва роҳҳои пешоб, ҳамчунин ҷарроҳиҳои боз ва амалҳои ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодӣ дар маҷрои пешоб  дар сатҳи  баланд анҷом дода мешаванд

Муфассал...

13 Декабр 2013

Маҳмудризо Сарзаим -ҷарроҳи дил душанбеи 16-уми декабр дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати беморони дил шурӯъ мекунад

  13-12-2013  Шурӯъ аз 16 декабри соли равон Маҳмудризо Сарзаим-ҷарроҳи дил дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони дил машғул мешавад. Бахши ҷарроҳии дили бемористон бо кўмаки ҷарроҳони моҳир аз кишварҳои Эрон, Олмон, Русия ва бо истифода аз ҳуҷраи ҷарроҳии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои пешрафта қавитарин бахши ҷарроҳии дили кушода дар Осиёи Марказӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки танҳо дар   соли 2012 бо ширкати ин мутахассис дар Бемористони Ибни Сино 6 амали нодири ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки дар Тоҷикистон бори аввал сурат гирифтааст.

Муфассал...

11 Декабр 2013

Шикастан ва ё гирифтани санги ҳолиб бо истифода аз дастгоҳҳои эндоскопӣ

 Интишори рӯзафзуни  бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар мутахасисонро водор намудааст, ки роҳҳои нав ва ҳарчӣ содатари  табобати онҳоро  эҷод кунанд.              

   Яке аз ин бемориҳо санги ҳолиб мебошад. Мавҷудияти  санг дар ҳолиб аксаран  боиси  халаи гурда мешавад, ки гоҳе  дарди шадиди камар ва тиҳигоҳи шикам ба он ҳамроҳ аст .

Муфассал...

10 Декабр 2013

Ангиопластика

   10-12-2013  Бемориҳои рагҳои дил фаровонтарин иллати маргу мирро дар аксари кишварҳо ташкил медиҳанд. Илова бар ин бемориҳои рагҳои хунрасони мағзи сар низ як сабаби аслии сактаҳои мағзи сар ё инсулт мебошанд, ки яке аз иллати асосии маргу мир ва  корафтодагӣ     дар бисёре аз кишварҳо ба ҳисоб мераванд.

Бемории рагҳо асосан бо далели пайдошавии сафедаҳо ё плокҳои сахтии раг дар дохили пӯст («остеросклероз»)  рух медиҳад. Дар ин беморӣ плокҳо рагро аз дохил маҳкам карда, ҳаракати хунро дар дохили он боз медоранд. Дар натиҷа хунрасонӣ ба бофтаҳое, ки аз раг ғизо мегиранд, вайрон шуда, бофтаҳо дучори беморӣ ё марг мешаванд.

Муфассал...

09 Декабр 2013

Истифодаи бештари методҳои ҳадди ақали таҳоҷумӣ (minimal invasive) дар Бемористони Ибни Сино

  Дар Бемористони Ибни Сино пизишкон бештар аз методҳои ҳадди ақали таҳоҷуми (minimal invasive) истифода мекунанд, ки барои бемор хеле муфид аст. Ин методҳо дар аксари бахшҳои бемористон: кардиология, урология, гинекология, нейрохирургия, ортопедия ва ғайра истифода мешаванд. 

Муфассал...

07 Декабр 2013

Бемористони Ибни Сино-даргоҳи наҷот аст!

Сокини пойтахт- Маҳбуба Ҳафизова ки ба наздикӣ фарзанди хешро дар Бемористони ибни Сино муолиҷа намудаст, Бемористони Ибни Синоро даргоҳи наҷот хондааст.

Муфассал...

ФОТО