Май 2014
23 Май 2014
Мутахассисони Бемористони Ибни Сино бори аввал дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд амали ангиопластӣ анҷом доданд
Имрӯз (23 май) бори аввал дар бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд се амали ангиопластӣ анҷом дода шуд. Се нафар беморони 48, 51 ва 62-сола бо бемории ишемиявии дил амали ангиопластӣ шуданд. Амали ангиопластиро мутахассиси тоҷик, доктор Сарҳадҷон Бобоалиев, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон давраҳои коромӯзиро тай кардааст, анҷом дод. С. Бобоалиев гуфт, бемори аввал хонуми 48-сола фарбеҳии дараҷаи чаҳорум ва фишорбаландии дараҷаи севум дошт.
22 Май 2014
Чӣ гуна холестеринро бояд коҳиш дод?
Сатҳи холестерин дар хун вобаста ба синну сол ва сарфи назар аз сиҳатии режими зиндагӣ афзоиш меёбад. Чанд роҳи табиие вуҷуд дорад, ки тариқи он коҳиш додани сатҳи холестерини хун осонтар аст. Холестерин аслан ба организми инсон
15 Май 2014
Мутахассиси маъруфи эронӣ, доктор Сомӣ дар Бемористони Ибни Сино имрӯз -15 –май ба қабули беморон шурӯъ менамояд
15-05-2014 Имрӯз дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ, кардиолог-интервенсионист -Алдубонй Амирҳусейн (Доктор Сомй) ба қабули беморони дил, тангии рагҳо ва бемориҳои модарзодии дил шурӯъ менамояд.
13 Май 2014
Шуруъ аз панҷшанбеи 15-уми май дар Бемористони Ибни Сино пизишки чашм, доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ ба қабули беморон машғул мешавад
Аз 15-уми майи соли равон мутахассиси маъруфи эронӣ, пизишки чашм Аҳмадалии Фирдавсӣ дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати беморон шурӯъ менамояд. Номбурда мутахассиси варзидаи соҳа буда, зимни табобат аз навтарин усулҳои табобатӣ кор мегирад.
06 Май 2014
Диабети қанд
Ин беморӣ бештар дар байни чавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш аст. Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 6-10% афзоиш меёбанд. Сабаби онро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд ва аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд. Диабети қанд бемории хатарнок аст.