БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Март 2015

31 Март 2015

Муҳаббати Шабнам

Ё чӣ тавр дар Бемористони Ибни Сино табобати ҳаловатбахш ва беозорро ба ӯ ва хонаводаашон пешкаш намуданд.

             Мо вақте ба беморхона меоем ҳатман фикре сарамон чарх мезанад, ки маблағи он чӣ қадар бошад! Аммо дар ҳамин ҳол фикр намекунем, ки сифати табобат ва натиҷаи табобатамон чӣ мешуда бошад?! Метавон даҳҳо маротиба табобат гирифт, вале агар сатҳи тахасусии пизишк баланду  шароити дармон ҷавобгӯи меъёр набошад, пас аз ин табобату сарфи маблағ чӣ суде?!

            Пеш аз ҳама мо бояд барои дармон ва натиҷаи табобатамон фикр кунем. Натиҷае, ки барои ба даст овардани он мо ба бемористон муроҷиат мекунем! Натиҷаи мусбат, қаноатбахш ва эҳсосшаванда!

Ин бонуи нозуку дар ҷавонӣ басе шебу фарози зиндагӣ дида,  аз таҷрибаи шахсиаш мисолҳо меоварду мо дар баробараш гоҳе таассуф мехурдему гоҳи дигар  шод  ҳам мешудем:

Муфассал...

27 Март 2015

Хирагии чашмро оҷилан рафъ мекунем!

Мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзоъи  номусоиди экологӣ  умр ба сар мебарем, ки ин ҳама омилҳо  ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Вале оё метавон ин авоқиби номусоидро бартараф кард? Дар бораи бемориҳои чашм, нигоҳубин ва табобати он сўҳбате доштем бо офтомологи Бемористони  Ибни Сино Шаҳло Бобоҷонова, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.

          - Чӣ сабаб мешавад, ки чашмҳо хира мебинанд, инро метавон беморӣ  ном бурд?

         Сабабҳо хеле  зиёданд:  риоя накардани  гигиенаи босира,  таъсири  воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонхои мобилӣ)  ба чашм, инчунин бемориҳо,  инфексияҳо ва осебҳо.

Муфассал...

26 Март 2015

Рӯзи Нав, Соли Нав муборак, дустони азиз!

Омад баҳори хуррам бо рангу буи тииб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб!

 

Мо,   кормандони Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино омади баҳори пурфайз ва хушпайкро ба кулли ҳамватанон муборак гуфта, хоҳони саломатӣ, сарбаландӣ ва иқболу бахти некатон ҳастем!

         Бо он байти бузургвор пири панҷрудӣ оғоз кардем ва бо ин абёти дигараш хоҳони шоду хушнуд буданатон  дар ин рӯзҳои чашни иди бостонии муқаддаси ниёгон - Наврӯзи хуҷастапай мебошем! Бигзор дар ин  сол нишоту тараб меҳмони доимии хонадонатон бошад!

Муфассал...

20 Март 2015

Ташхиси дуруст - асоси табобати муваффақ!

Ташхиси амалкард бахши тиб аст, ки бо истифода аз дастгоҳҳои муосир кори узвҳои баданро месанҷад ва ба мутахассис имкон медиҳад, ки норасоии кори узвро дар марҳилаи аввал, ки ҳанӯз бемории шахсро азият намекунад, муайян намояд. Ин қисмати тиб низ дар Бемористони Ибни Сино хеле пешрафта аст ва дастгоҳҳои дақиқ дорад.

            Дар бахшҳои урологӣ, гинекологӣ ва дохилӣ аз Ултрасадо кор мегиранд.

            Бо ин дастгоҳ кори гурдаҳо, ҷигар, талхадон, масона, роҳҳои пешоб, узвҳои занон, ҳолати кӯдак дар батни модар ва ғайра ташхис карда мешаванд.

            Дар бахши кардиологӣ бошад, барои ташхиси амалкарди дил аз дастгоҳҳои ЭКГ, ЭХО КГ, ЭХО аз дохили сурхруда, тести варзиш ва ғайра истифода мебаранд.

Муфассал...

19 Март 2015

Дармонгоҳ

Дар  қабати дуввуми бинои бемористон ҷойгир буда, хизматрасонии ташхисро пешкаши аҳолӣ мегардонад. Дар ин дармонгоҳ, мизоҷон метавонанд аз машварати мутахассисони зерин истифода намоянд:

- духтури дарунӣ;

- ҷарроҳи умумӣ;

- духтури дил;

- уролог;

- духтури чашм;

- ортопед;

- нейроҷарроҳ;

- духтури амрози занона;

- гастроэнтеролог;

- ҳуҷайрашинос;

- ЛОР;

- дандонпизишк.

Кафили муваффақияти шуъбаро ҳамоҳангии кори ҳайъати тиббии баландихтисос, бо дастрасӣ ба хизматрасонии утоқи ташхис, томографияи компютерӣ, УЗИ-и ҳамаи узвҳо, дармонгоҳи пурра муҷҷаҳазгардонидашудаи кардиологӣ (ЭКГ, ЭХО, Тести Фишор), озмоишгоҳ ва дорухона  ташкил медиҳад.

 

Муфассал...

Як ҳафта кофист, ки беморон пурра табобат шаванд!

Бемористони Ибни Сино тарҳи хусусӣ буда, аз пешқадамтарин бемористонҳои  минтақа мебошад, ки тамоми бемориҳои ортопедӣ дар ин ҷо табобат карда мешаванд. Аз ҷумла амалиёти  эндропротез (иваз кардани буғум  ё гузоштани буғуми сунъӣ) дар буғуми косу рон ва зону хеле хуб анҷом дода мешавад. Инчунин  насб ва роҳандозии ҷарроҳии гузоштани штифти интрамедуляри ҳангоми шикастани устухонҳои соқ ва рон гузаронида мешавад, ки дар кишвар бесобиқа мебошад. Таҷҳизоти замонавӣ ва тарзу усули табобати мо шароитеро фароҳам месозад,  бемор зуд   фаъол карда мешавад.

            Ин бор мо бо мудири бахши ортопедии Бемористони Ибни Сино Мирзобеков  Қурбон суҳбате доштем дар мавриди бемориҳои буғуми

Муфассал...

17 Март 2015

Бемористони Ибни Сино: арақи бадан ва фарбеҳиро низ нест мекунем!

   Тобистону  гармшавии ҳаво ба арақ кардани зиёди бадан ва  натиҷаҳои  нохуши он – бадбӯӣ ва нороҳатӣ  мешавад.  Ҳарчанд араққунӣ худ беморӣ набошад ҳам,  метавон арақ кардани зиёдро нишонаҳои баъзе бемориҳо  тахмин зад.  Арақ  метавонад натиҷаи  фишори баланд, дарди узвҳо бошад   ва гоҳе модарзодӣ низ мешавад!

            Аммо шумо метавонед аз ин омили бадбуйӣ ва хиҷолат раҳо бишавед,  мо дар ин амр  ба шумо мадад мерасонем!

            Дар Бемористони Ибни Сино арақи бадан ва зери каш бо истифода аз технологияи м

Муфассал...

14 Март 2015

Ҷаҳонро бо чашми равшан нигаред!

   Модар вақте писарашро ба Бемористони Ибни Сино овард, шояд он қадар боварӣ надошт, ба ин дараҷа чашми ҷигарбандаш ҷарроҳию табобат мешавад, ки аз чашми солимаш умуман фарқе надошта бошад! Зеро, тибқи суханони модари Шамили 10-сола, ӯ дар дусолагӣ, пас аз гузаронидани воксин ба страбизм (олусӣ) мубтало шуда, кӯшиши 8-солаи волидонаш барои табобат натиҷаи дилхоҳ надодааст.

   Мутобиқи мутолиоти анҷомдодаи донишмандон, инсон 90%-и маълумотро дар бораи гирду атроф ба воситаи чашмҳояш дарк менамояд. Қадимиён ҳафт табақаи чашмро ба табақаҳои ҳафт осмон монанд кардаанд. Дидану назора кардан ва хондану донистану огаҳ шудан ҳама аз шарофати чашм аст. Аммо чашм ҳам мисли дигар узвҳо ниёз ба муроқибат, тамрин ва табобат дорад. Мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои

Муфассал...

12 Март 2015

Пизишки умумӣ (GP)

МАШВАРАТИ ПИЗИШКИ УМУМӢ

Қабули пизишки умумӣ 47 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1.ЭКГ

2. Қабул ва муоинаи бемор (муоина бо стетоскоп, пиксиметр, тонометр, чен намудани ҳарорати бадани мариз ва муоинаи визуалии бадани мариз).

3. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

4. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои иловагӣ.

5. Баррасии озмоишҳо (сабти ЭКГ, ренгенографияи устухонҳо, буғумҳо ва узвҳои қафаси сина, УЗИ и маҳватаи шикам, ФГДС ва ЭКГ)

6. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

7. Тавсияи табобат(навиштани дорухат)

8. Додани маълумотнома (справка) барои мактаб, муъоинаи тиббӣ, справка барои ҳавзи шиноварӣ.

9. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

Мутахассиси ин бахш доктор Дилором Ахмедова рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 ба қабули беморон машғул аст. Утоқи пизишки умумӣ дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир аст. Пизишки умумӣ аввалин мутахассисест, ки бемор бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Чи тавре, ки аз номаш бармеояд, пизишки умумӣ ҳамаи беморихоро мешиносад ва ташхис дода метавонад.

Зиёда аз навад дар сади беморон аз тарафи пизишки умумӣ ташхис ва дармон шуда, камтар аз даҳ дар сади онхо бо тавсияи ӯ ба муоинаи мутахассиси дахлдор равон карда мешаванд.

Утоқи кории ӯ бо фишорсанҷ, негатоскоп, стетоскоп ва асбобҳои санҷишу баррасии аввалия муҷаҳҳаз кунонда шудааст:

 

Дар ҳолатхои зарурӣ ӯ метавонад аз хидмати озмоишгоҳ, ки 24 соат фаъолият мекунад, истифода кунад:

 

Инчунин аз ташхиси ултрасадо барои баррасии узвҳои дохилӣ кор мегирад:

 

Утоқи рентгени бемористон низ дар гузоштани ташхис ба пизишки умумӣ кӯмак мекунад:

Пизишки умумӣ чиро муолиҷа мекунад?

Пизишки умумии бемористон ба ҳамаи маризон метавонад ёрии аввалия расонад.

Маризиҳои зеринро худаш табобат мекунад:

- самохӯрдаги, орви,

- дармони доругии маризиҳои гӯшу гулуву бинӣ ва чашм;

- маризиҳои дохилӣ, шушу роҳи нафас;

- узви ҳозима;

- маризиҳои роҳҳои пешобгузар;

- дардҳои андом ва ғайра.

Дорухонаи бемористон бо доруҳои баландсифат, ки худи бемористон ворид кардааст таъмин мебошад. Ин доруҳо низ кафили табобати хуби таъиноти пизишки умумии бемористон мебошанд:

Пизишки умумии Бемористони Ибни Сино сохибихтиёр аст аз имконоти фаровони дигари бемористон барои ташхису дармон истифода кунад:

- машварати мутахассисони гуногун;

- клиникаи қалб;

- физиотерапия;

- томографи компютерӣ:

 

Муфассал...

Ултрасадо

Утоқи УЗИ и шӯъбаи ташхис  дар ошёнаи дуввуи бемористон ҷойгир буда, аз субҳ то шом дар хидмати мизоҷон қарор дорад. Утоқи УЗИ и шӯъба бо дастгоҳи замонавии муосири "SONECA. X.4" и  истеҳсоли ширкати "MEDISON" и кореяи ҷанубӣ муҷҷаҳаз гардидааст, ки имкон медиҳад ташхиси дуруст ва саривақтии бемориҳо гузаронида шавад. Дастгоҳи мазкур инчунин имкон медиҳад, ки маълуоти ташхисии ҳар бемор ба муддати то як сол маҳфуз бимонад ва ин низ дар раванди табобати мизоҷон таъсири басо мусбӣ дорад.

Дар утоқи УЗИ и шуъба ташхисҳои  зерин гузаронида мешаванд:

Ташхиси узвҳои ҳозима;

- УЗИ и ҷигар;

- УЗИ и талхадон;

- УЗИ и ғадуди зери меъда;

- УЗИ и испурч.

Ташхиси узвҳои пешоброн:

- УЗИ и гурда;

- УЗИ и ҳолиб;

- УЗИ и масона;

- УЗИ и бачадон ва тухмдонҳо;

- УЗИ и ғадуди сипаришакл

Муфассал...

ФОТО