БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Март 2015

12 Март 2015

Утоқи ташхис

Утоқи рентгении Бемористони Ибни Сино дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир буда, аз субҳ то шом дар хизмати мизоҷон қарор дорад. Утоқи рентгении бемористон бо навтарин таҷҳизоти истеҳсоли олмонӣ муҷҷаҳаз гардида аст ва дар он муттахасисони варзида фаъолият мекунанд, ки имкони баргузории озмоиши дақиқ ва саривақтӣ муҳайё мебошад.


Дар утоқи рентгенӣ озмоишҳои зерин гузаронида мешаванд:

-        рентгенографияи мағзи сар;

-        рентгенографияи девораҳои бинӣ;

-        рентгенографияи устухонҳои бинӣ;

-        рентгенографияи қисми гардани сутунмӯҳра;

-        рентгенографияи қисми синаи сутунмӯҳра;

-        рентгенографияи қисми миёни сутунмӯҳра; 

-        рентгенографияи устухонҳои думғоза;

-        рентенорафияи устухонҳои рон;

-        рентгенографияи қафаси син;а

-        урография (рентгени гурдаҳо ва обдон) ;

-        урографияи экскретарӣ (бо кумаки дору гузаронида мешавад) ;

-        рентгенографияи узвҳои шикам;

-        систография (рентгени обдон) ;

-        урографияи ретроградӣ;

-        урорафияи атеградӣ;

-        рентгенографияи мушакҳо;

-        рентгенографияи оринҷҳо;

-        гастросалпинография (рентгени бачадон).

Муфассал...

БАХШИ АСАБШИНОСӢ

МАШВАРАТИ АСАБШИНОС

Қабули асабшинос 83 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор (муоина бо тонометр, фонендоскоп, болғачаи неврологӣ ва муоинаи визуалии бадани мариз)

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва дар ҳолати зарурӣ таъини озмоишҳои иловагӣ.

4. Баррасии озмоишҳо, (ренгенографияи устухонҳо, томографияи майнаи сар ва сутунмӯҳра)

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат (навиштани дорухат)

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад.  

БАХШИ АСАБШИНОСӢ

Мутахассиси бахши асабшиносии Бемористони Ибни Сино, доктор Саидалиев Шералӣ рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 13 беморонро қабул мекунад. Бахши асабшиносии бемористон дар ошёнаи дуввум воқеъ гардидааст ва дар ин ҷо бемориҳои гуногуни системи марказӣ ва канории асаб аз ҷумла:   

- сактаҳои мағзи дар марҳалаи барқароршавиашон;

-  фалаҷҳо;

- остеохандроз;

- дарди миён (ки аз ҳасоби асаб ба вуқӯъ мепайвандад); 

- хастагии асаб;

- фаромӯшхотирӣ;- неврозҳо;           

- дарди нимсара (мигрен) ташхису табобат мегарданд.     

Нархномаи бахши асабшиносиро метавонед аз ин нишонӣ пайдо кунед: http://www.ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/1091-asabshinos.html 

Муфассал...

БАХШИ КАРДИОЛОГӢ

МАШВАРАТИ КАРДИОЛОГ

 

Қабули кардиолог 83 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

 

1.ЭКГ

 

2. Қабул ва муоинаи бемор (аз назар гузаронидани бемор, санҷидани фишори хун, гӯш кардани дили бемор, набзи бемор, гирифтани кардиограмма, муоина бо фанендоскоп, муоинаи визуалии бадани мариз)

 

3. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

 

4. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои зарурӣ.

 

5. Баррасии озмоишҳои хун ва пешоб, эхокардиография, баъзан рентгени қафаси сина, тести варзиш, спирометрия, ангиография.

 

6. Таҳлили натиҷаҳои ба даст омада ва гузоштани ташхис.

 

7. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).

 

8. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ

 

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

 

БАХШИ КАРДИОЛОГӢ

 

Мутахассисони бахши кардиологӣ, докторон  Сомии Алдубонӣ, Бобоалиев Сарҳадҷон, Юсупова Малика, Нугмонова Мунира, Сатторов Орифҷон, Қудратов Акмал ва Ҷамолов Фирдавс рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзи шанбе аз соати 8 то 12 беморонро қабул мекунанд.

 

Бахши кардиологӣ яке аз бахшҳои муҳими бемористон ба шумор меравад ва дар инҷо ба маризон хизматрасониҳои зерини пизишкӣ расонида мешаванд: 

 

- Муоинаи беморон;           

- Навори барқии дил;  

- ЭХОКГ; 

- Тести варзишӣ;     

- Ангиографияи шарёнҳои коронарӣ, каротидӣ ва шараёнҳои периферал; 

- Катетеризатсияи ковокиҳои дил, аортографӣ;                             

- Ангиопластикаи шарёнҳои иллатёфтаи коронарӣ, каротидӣ ва шараёнҳои периферал;       

- Бастани иллати байнидквории даҳлезҳои дил ва маҷрои кушодаи артериалӣ ба василаи окклюдер (интервенисонӣ);

- Валвулопластикаи баллонии даричаи шараёни шушӣ (интервенсионӣ);   

- Комисурротомии балонии даричаи митралӣ (интервенсионӣ);   

- Аблатсияи транскатетерии байнидевори меъдачаҳо бо этанол, чун табобати кардиомиопатияи гипертрофикии абструктивӣ; 

- Перикардӣ ва плевросинтез;                                             

- Кардиоверсии маводӣ ва барқӣ.         

Аз нархномаи  хизматрасониҳои бахши кардиологӣ бошад, метавонед бо муроҷиа ба нишонаи зерин: http://ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/1084-angiografiyatj.html иттилоъ пайдо кунед.

 

Ин бахш дар ошёнаи сеюми бинои Бемористон ҷойгир буда, тӯли 24 соат дар ҳолати омодабош қарор дорад.

Ангиография дар бахши кардиологи барои муайян намудани тангихои  рагҳои хунгард, дакик намудани нуксонхои дил, аневризма (васеъшавии раг) ва ҳамчунин барои дақиқ  намудани фаъолияти дил, ташхиси функсияи гурдаҳо, ташхиси омосҳову кистаҳо васеъ ба кор бурда мешавад.

Дар аксҳои рентгенӣ артерияву вена ва капиляр дида намешаванд, чунки онҳо нурҳои рентгениро фурӯ мебаранд. Ин аст, ки зимни ташхиси ангиографӣ  моеъи махсуси рентгенӣ ба рагҳои бемор ворид карда мешавад ва баъд навори видеоии рентгении рагҳо гирифта мешавад. Ин намуди ташхис ҳолати ҳама рагҳои хурду бузург ва  узви маврии назарро  пурра ва аниқу дақиқ нишон медиҳад. Ғайр аз ин, ангиографияи рагҳо пеш аз ҷарроҳӣ низ барои ташхиси ниҳоӣ гузоштан ва хачми амалро мушаххас кардан ба кор бурда мешавад. Нишондодҳои асосӣ барои ангиографияи рагҳо чунинанд:

- бемории ишемикии дил;

- бемории тангшавии шараёнҳои гурда ва шараёнҳои мағзи сар;

- тромбоэмболияи рагҳои шуш;

- бемории нуқсонҳои дил;

Аммо сарфи назар аз ин афзалиятҳо  ва камзахмиву камзарар будани ин усул ҳолатҳое ҳастанд, ки дар он сурат анҷоми ташхиси  ангиографӣ  нисбатан тавсия дода намешавад:

- норасоии кори гурдаҳо бо меъёри баланди креатинин;

- ҳассосият ба йод ва дигар маводи барои ин амал истифодашаванда;

- бордорӣ ва марҳилаи ширмаконии кӯдак.

Ёрии авваллиндараҷаи ангиопластикӣ чист?           

Ин ҳамон ёрии аввалиндараҷаест, ки тангихо ва гирфторихои рагҳои хунгарди дилро бартараф сохта, гардиши мӯътадили хунро таъмин менамояд, ва аз сактаи дил пешгирӣ мекунад.

Дар  Бемористони Ибни Сино мутахассисони ин соҳа 24 соат дастбакоранд ва новобаста аз рӯзу вақт омодаанд ба беморон мадад расонанд!

Ҳам дар Душанбе ва ҳам дар бахши дар Хуҷанд будаи бемористон ёрии аввалин ба таври зуд, ки хело мухим аст, расонида мешавад!

 

Муфассал...

Бахши офталмологӣ

МАШВАРАТИ ЧАШМПИЗИШК

Қабули чашмпизишк 83 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор (муоина бо биомикроскоп, тонометр, авторефракератометр, визометр, линзометр ва ретиноскоп).

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои иловагӣ.

4. Баррасии озмоишҳо (томографияи рагҳои сар, ренгенографияи каҷшавии биниш, УЗИ- шабакия(сетчатки))

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат(навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ)

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

Мутахассиси бахши чашмпизишкӣ (офталмологӣ) Бемористони Ибни Сино доктор Бобоҷонова Шаҳло рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 ба қабули мизоҷон машғул аст. Бахши чашмпизишкӣ дар ошёнаи 3 юми бемористон ҷойгир аст ва дар ин ҷо бемориҳои гуногуни чашм аз қабилӣ: 

- олусӣ;

- катаракта (оби марворид);

Муфассал...

Бахши ҷарроҳи умумӣ

Шӯъбаи ҷарроҳии умумӣ дар пайвастагӣ бо шӯъбаҳои ҷарроҳии урологӣ ва ҷарроҳиҳои гинекологиву дил, аз бахшҳое ба ҳисоб меравад, ки берун аз ҷумҳурӣ медонанду эътироф мекунанд. Мутахассисони ин бахш мураккабтарин ва нозуктарин ҷарроҳиҳоро дар сатҳи олӣ ва сифати баланд гузаронида, садҳо нафарро ба зиндагии маъмулии бедарду ранҷ-зиндагии пурумед баргардонидаанд!

Сифати баланд ва розигии мардумон беҳуда ба даст намеояд: Бемористони Ибни Синотарҳи бесобикаи хусусӣ буда, дар сатҳу меъёри байналмилаллӣ ба аҳолӣ хидмат мерасонад! Натиҷаи ҳамкориҳои судмандбо бемористонҳои хориҷӣ ва заҳмату кӯшиши роҳбарияти бемористон аст, ки беҳтарин мутахассисони хориҷиву дохилӣ инҷо фаъолияти босамар доранд. Ворид сохтани таҷҳизоти навтарини тиббӣ, доруву маводҳои масрафшавандаи тиббӣ аз хориҷи кишвар шароитеро фароҳам сохтааст, ки хидматрасониву табобат дар тамоми бахшҳои бемористон( Хуҷанд, Фархор, Панҷакент) бесобиқа ва камназир бошад!

Дар сӯҳбат ба мо, мудири бахши ҷарроҳии умумӣ Акрамҷон Самадов иброз дошт, ки танҳо дар як моҳи охир ҷарроҳии гирифтани санги талхадон дар 4-бемор бо усуливидео-эндоскопӣ гузаронида шуда аст:

- Пештар ин гуна амалиёт тариқи буридани бадани бемор сурат мегирифт ва ниҳоятан душвору хафнок низ ҳисоб меёфт. Барои онки хавфи сироятшавиии бемор вуҷуд дошту чор-панҷ нафар дар ин амалиёт ширкат меварзиданд ва бемор низ пас аз даҳ дувоздаҳ рӯз ҷавоб дода мешуд. Ҳоло бошад тавасути дастгоҳҳои аврупоӣ видео-эндоскопӣ ин амал зуд ва бехавф гузаронида мешавад, ки бемор низ пас аз як ё ду рӯз метавонад пурра ба фаъолияти маъмулияш машғул шавад!

Назар ба гуфтаи ин доктори ҷавон пас аз соли нав, чандин амалиётҳое аз қабилибуриши болои маҳбали баччадон,ҷарроҳиҳоипластикӣ дар узвҳоии ҷинсии занона (вагинопластика), ҳабобаҳои узвҳои ковокии шикам дар якҷоягӣ бо мутахассисони шуъбаи урология ва гинекология гузаронида шудааст.

”Мо имкони гузаронидани аксари ҷарроҳиҳоро дорем, ба таври мисол, бемории эхинококи ҷигар, гемангиомаи ҷигар, бемориҳои вобаста ба рӯдаву меъда, гирифта партофтани омосҳои хушсифат, буриши қисмати рост ё чапи ҷигар ва амалиётҳои ҷарроҳиҳои бемории ҷоғар (зоб) аз ин қабил мебошанд. Бемориҳои фассодгирифтаи пӯст, флегмона(илтиҳоби фассодии насҷи пӯст), фрункул (илтиҳоби мавтии фассодноки пӯст, ки дар натиҷаи уфунати халтачаи мӯй ба вуҷуд меояд), карбункул(илтиҳоби мавтии фассоднокии пӯст, ки дар натиҷаи уфунати якчанд халтачаи мӯй ба вуҷуд меояд, гидроденит(илтиҳоби фассодноки ғадудҳои арақбарор ва чарбидор) ҷарроҳиҳо дар бартараф намудани омосҳо ва ғурраҳои бадан ва даҳҳо намуди дигар низ гузаронида мешаванд. Тавре зикр намудем, аксари ин ҷарроҳиҳо тавассути таҷҳизотҳои мудерн анҷом дода мешаванд, ки ба сифат ва натиҷаи амалиёт таъсири мусбӣ мегузоранд”, мегӯяд Акрамҷон Самадов.

Доктор Акрамҷон Самадов изҳор дошт, ки роҳбарияти бемористон дар садади ифтитоҳи бахши ҷарроҳии таъҷилӣ мебошанд. Таври маълум ин гуна беморон ба таври фаврӣ аз ташхис гузаронида шуда, натиҷаю нишондодашон низ бояд зуд муайян карда шавад. Ин шароитро ба таври комил ва аҳсан бемористони Ибни Сино дорост.

Чун сухан дар бораи нарху наво ва имтиёзҳо рафт доктор Самадовқайд намуд, ки вобаста ба намудҳои ҷарроҳӣ нархи он ҳам фарқ мекунад: «Нархҳои мо дастрас ва мутаносибан бо душвориашон қобили қабуланд. Роҳбарияти бемористон ба хотири дастрасӣ доштани ҳамаи мардум дар якҷоягӣ бо ташкилоти «Суғуртаи миллӣ», барномаеро роҳандозӣ намуда аст, ки харҷу сарфи беморонро комилан коҳиш медиҳад! Дар шуъбаи мо аз 20% то 30% хароҷоти сарфмешударо ташкилоти "Суғуртаи миллӣ” пардохт мекунад. Гумон мекунам ин кори хайр ва қобили дастгирист! Зеро роҳбарияти бемористон ин амрро ба хотири ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум пеш гирифтааст ва ҳадафашон ин аст, ки кулли мардум аз табобати босифат ва хидматҳои тибии пешқадам баҳраманд гарданд!»

Муфассал...

Бахши амрози занона

МАШВАРАТИ ГИНЕКОЛОГ

Қабули гинеколог 50 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор.

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз.

4. Баррасии озмоишҳо (баррасии ташхиси функсионалии ултрасадо, томографияи коси хурд, ташхиси акси ренгении бачадон ва найчаҳо).

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад.

Мутахассиси бахши амрози занона (гинекологӣ), доктор Ситора Кодирова рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 16.00 ва рӯзҳои шанбе аз 8 00 то 12 00 беморонро қабул мекунад. Бахши амрози занона дар ошёнаи шашуми бемористон ҷойгир гардидааст. Табибони гинекологи бемористони мо - мутахассисони дараҷаи олӣ  ва ботаҷрибаи бисерсолаи корӣ, ки дар фаъолияташон аз дастгоҳҳо ва озмоишу ташхисоти муосир истифода мебаранд. Таҷҳизоти ташхисию табобатии замонавӣ, интихоби фаровони озмоишот, ТУС  ва дараҷаи баланди тахасуссии кормандон ба Шумо кафолати табобати оҷилӣ  ва бомуваффақият медиханд. 

Қабул аз тарафи табибони гинеколог гузаронида мешавад.

Муфассал...

Гепатологӣ

Бемории гепатит дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёди аҳолии Тоҷикистонро мубтало кардааст. Вируси гепатитии навъи В аз хатарноктарин вирусҳо буда, маҳву нобуд карданааш аз таркиби хун ба маротиб мушкилтару гаронтар будааст.

Гепатит бемории сироятӣ буда , тариқаи алоқаи ҷинсӣ, хунгузаронӣ ва истифодаи сўзандорўҳо низ мегузарад.Хатари ин бемори на камтар аз бемори ВИЧ – Спид мебошад. Табобат накардани вируси С, 30%- ин беморонро  дар муддати 20 сол тамоман аз ҷигар маҳрум мегардонад!

Зардпарвин як навъи сабуки гепатит мебошад, ки моддаи билирубин дар девораи чашм ва зери пўст ҷамъ шуда, ранги инсонро зард ва ҳазин нишон медиҳад.

Ҳоло Беморхона дорои дастгохҳои мудерни гастроскопӣ ва колоноскопӣ, буда, дастгоҳи озмоиши репатинро низ муҷаҳҳаз гардонида аст. Профессор Мансурӣ ва профессор Алавиён барои бо нархи арзон ва дастраси мардуми Тоҷикистон гардонидани дорувориҳои мансуб ба гепатит, бо бузургтарин ширкати дорусозии Эрон гуфтушуниди босамар анҷом додаанд.  Ба  таври мисол арзиши пегинтерферон, барои дармони гепатити С, ҳамагӣ тақрибан 70 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ин доруворӣ дар бозор на камтар аз 450- 500 доллар арзиш доштааст. Ҳамчунин, як қисми озмоишҳо бо тариқи махсус, ба Эрон фиристода мешаванд ва посухашон дар муддати кутоҳтарин баргардонда мешавад. Доктор Хайрободӣ, ки раиси ширкати дорусозӣ буда, дар таъмини доруҳо барои ин бахш саҳмгузор мебошад, аз идомаи ҳамкориҳо умедвории худро баён намудааст.

Табобат накардани беморони мазкур ба саратони ҷигар гирифтор мешаванд. Норасоии  кашиши кори ҷигар (тсирроз), хунрезии гуворишӣ (аз сурхрўда), об ҷамъ кардани шикам ва иғмо (беҳушии ҷигар) аз аломатҳои бемории музмини ҷигар мебошанд. Ин бемориҳо ба гурда ва рагҳо таъсири ҷиддии манфӣ расонида онҳоро низ зери хатар мемонанд.

Дар ҳоли ҳозир аз рӯи баъзе манбаъҳо, қариб 3% аҳолии кишвар гирифтори ин бемориҳо буда, хатари сирояти он рўз то рўз меафзояд. Дар Бемористони мо чунин шароите фароҳам оварда шудааст, ки 70% бемориҳои мансуб ба ҷигар ва хунро метавон бо сифати аъло ва дар муддати кутоҳ табобат кард. Дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи эмкунонии модару кўдак низ роҳандозӣ шуда аст, ки метавонад барои пешгирии ин беморӣ такони ҷиддие расонад.

Маълумоти бештарро аз: http://www.ibnisino.tj/ru/nauchnye-stati.html метавонед бо мақолаи Д. Алавиён ба забони русӣ ошно шавед.

 

Муфассал...

ФОТО