БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Март 2015

12 Март 2015

Аз баракати Наврӯз бебаҳра намонед!

Баъзеро ташнагии бардавому дилбеҳузуршавӣ ба ранҷ афканда бошад, баъзеи дигар аз дарунравию қабз шикоят мекунанд ва албатта як нафари аз илми тиб маълумоти кофӣ надошта аз куҷо медонад, ки синдром Золлингер - Эллисона чист?

 

Ин синдромест, ки дар натиҷаи вайроншавии фаъолияти рӯдаи дувоздаҳангушта саратон пайдо мешавад, ки оқибат ба зиёд шудани кислотаи меъда оварда мерасонад. Аз се як қисмати ин саратон бадсифат мебошад. Ва ё бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рӯдаҳо, бастани варикозҳои сурхрӯда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхрӯда бо балон ва стент, гузоштани лӯлаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва ҳама намуди гепатитҳо ба хотири чӣ анҷом дода мешаванд? Албатта, барои барқарор намудани саломатии узвҳои ҳозима ва ба низом даровардани ситемаи фаъолияти бадани инсон, зеро пайдо шудани як беморӣ сабаби афзоиши дигар нуқсонҳои ҷисмиву равонӣ мегардад, ки инро ҳамагон бояд донем.

            Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

            Дигар узвҳоро намонад қарор.

Хушбахтона, бахши гастроэнтерологияи Бемористони Ибни Сино тамоми имкониятҳои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва гепатитҳоро доро мебошад. Бахш бо беҳтарин ва навтарин таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили эндоскоп ва клоноскоп муҷаҳҳаз буда, табобат бо кор гирифтан аз усулҳои навтарин сурат мегирад. Мутахассисони дараҷаи баланд 24 соат ба хидмат сафарбар карда шудаанд.

Бемористони Ибни Сино тарҳи хусусӣ мебошад ва роҳбарияти он барои

Муфассал...

11 Март 2015

Зарипов Асадулло, муовини Директори генералӣ дар умури равобити беруна:

Бемористони Ибни Сино, ки то имрӯз бузургтарин тарҳи сармоягузории хусусӣ дар бахши иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аз ҳамон замони оғози фаъолияташ (сентябри соли 2009) аз чанд нигоҳ тарҳи намунавӣ ва ҳатто мунҳасир ба фард буд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо бо ворид кардани технологиҳои навтарини риштаи тибб ва даъвати мутахассисони варзидаи хориҷӣ чандин навъи чарроҳии дилро барои аввалин бор дар Точикистон анҷом додем ва ниёзмандонро аз сафари тӯлонӣ, хастагиовар ва пурҳазина ба марказҳои ҷарроҳии хориҷӣ бениёз гардонидем. 

Муфассал...

Пайки хуши наврузӣ!!!

Иқдоми наврӯзӣ  аз Бемористони Ибни Сино

            Ба мардум дасти ёрӣ  дароз намудану амали хайр анҷом додан аз суннат ва расми хуби ниёгони  башардӯстамон  будааст. Ба пос ва идомаи ин суннат роҳбарияти  Бемористони Ибни Сино профессор, мутахассиси варзидаи эронӣ, ҷарроҳи дил Маҳмудризо Сарзаимро ба Тоҷикистон даъват кард!

           Пизишки маъруфи эронӣ  аз 12 - ум то 15 - уми март ба Бемористони мо ташриф меорад!

         Ва онҳое, ки аз бемориҳои мухталифи  дил  азият мекашанд, метавонанд аз машварати ин мутахассиси ботаҷриба   комилан ройгон баҳраманд шаванд!

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо (аз 22 то 29 - уми март) бо  даъвати роҳбарияти бемористон гастроэнтерологи маъруф,  доктор Сиёвуш  Мансурӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад!

            Эндоурологи ботаҷрибаву варзида доктор Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор низ маҳз дар ин рӯзҳои наврӯзӣ бо истифода аз шеваҳои навтарин, дар муддати кӯтоҳ бемории шуморо шифои оҷил мебахшад.

            Хотиррасон мекунем, ки дар яке аз ин рӯзҳо сафари хидматии пизишкони гастроэнтеролог ва эндроуролог  ба ноҳияи Фархор ва сафари эндроурологи  маъруф Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор ба шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст!

            Имконияти мусоидро аз даст надиҳед,   аз машварату тавсияҳои судманди мутахассисони байналмилаллӣ  истифода кунед!

            Маълумоти бештарро тариқи телефонҳои  (44) 640 01 02 метавонед дастрас намоед!

Муфассал...

10 Март 2015

Иқдоми наврӯзии Бемористони мо идома дорад!

Эндоурологи ботаҷрибаву варзида доктор Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор таҷрибаи бою ғании гузаронидани амалҳои эндоҷарроҳӣ ва табобати ҳама гуна бемориҳои гурдаву роҳҳои пешобро дошта, яке аз беҳтарин мутахассисони соҳаи урология мебошад. 

Ин пизишки маъруф бо даъвати роҳбарияти бемористон аз 22 то 29 - уми март ба кишварамон ташриф оварда, бо истифода аз шеваҳои навтарин, дар муддати кӯтоҳ бемории шуморо шифои оҷил мебахшад. Фурсати мусоидро барои машварат  ва дармон аз даст надиҳед!

Лозим ба ёдоварист, дар назди бемористон ширкати суғуртаи тиббӣ амал менамояд, ки қисме аз хароҷоти табобати шуморо пардохт мекунад!

Муфассал...

Иқдоми наврӯзии Бемористони Ибни Сино идома дорад!

Ба таваҷуҳи касоне, ки аз бемориҳои гастроэнтерологӣ (бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург,) азият мекашанд!

Бо  даъвати роҳбарияти бемористон аз 22 то 29- уми март мутахассиси шинохташудаи эронӣ доктор Сиёвуш Мансурӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад!

Имконияти мусоидро аз даст надиҳед, аз машварату табобати доктор Мансурӣ, ба суди худу  пайвандонатон истифода кунед!

Ёдовар мешавем, ки дар назди бемористон ширкати суғуртаи тиббӣ амал менамояд, ки қисме аз хароҷотит табобати шуморо пардохт мекунад!

Муфассал...

06 Март 2015

Бонувони азиз!

      Занон табиатан тарбиятгари тавоно ва бо хоксориву меҳрубониашон марҳами дили дардмандонанд. Модарону  хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ - маорифу тандурустӣ ҳамеша сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардидаанд!

     

     Иди  Модарон ҳампою ҳамқадам бо фасли баҳорон буда, чеҳраи рангини замину замон, шикуфтани гулу лола, ёсуману райҳон, нағмаи мурғони хушилҳон, навои дилнавози обшорон, резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳама пайку навид ба Модар медиҳанд,  сари таъзим назди ў фуруд меоваранд  ва армуғони шодӣ ба ин олиҳаи Замин мерасонанд!

     Вақте Худо тан офарид,

     Аз барги гул зан офарид!

    Кормандони  Бемористони Ибни Сино тамоми модарон, духтарон ва тифлакони гулбасари Тоҷикистони азизро бо ин ҷашни фархунда, ки ҷашни Зиндагист муборак бод намуда, ба ҳамаи онон 

Муфассал...

Дар Бемористони мо тамоми намудҳои гепатит табобат карда мешавад!

Маҳсули ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дуҷонибаи бемористон бо ҷумҳурии исломии Ирон ворид сохтани навтарин таҷҳизоти тибии гаронбаҳо ва дастрас намудани доруҳои қимматтарин  бо нархи комилан арзон гардида аст.

Дар ин бора ба мо доктор Сомӣ - табиби дилшиноси Бемористони Ибни Сино  иттилоъ дода,  афзуд, ки бемории гепатит дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёди аҳолии Тоҷикистонро мубтало кардааст. Вируси гепатитии навъи В аз хатарноктарин вирусҳо буда, маҳву нобуд карданааш аз таркиби хун ба маротиб мушкилтару гаронтар будааст. Доктор Сомӣ сабаби пайдоиши ин бемориро, ки нишонаҳои аввалини он камҳаракатӣ, хастагии бардавоми эҳсосшаванда, беиштиҳоӣ ва дар мавориди

Муфассал...

05 Март 2015

Ташхиси дақиқ асоси дармони беморист!

      Ташхиси дастгоҳӣ вазъу ҳолати узвҳои дарунӣ ва рагу бофтаҳои баданро баррасӣ мекунад. Ҳамаи беморон ва ниёзмандонро сарфи назар аз синну соли онҳо метавон бо чунин ташхисҳо, ки ба воситаи дастгоҳхои мухталиф ва бидуни дард анҷом дода мешавад, фаро гирифт. 

      Бахши ташхиси дастгоҳии Бемористони Ибни Сино бо таҷҳизоту дастгоҳҳи навтарин муҷаҳҳаз аст, ки ба мутахассисон имкон медиҳад, ҳолати норасоии дил ва рагҳо, роҳҳои нафаскашӣ, рӯдаву бофтаҳо, системаи марказии асаб ва кори гурдаҳо, ҷигар, талхадон, масона, роҳҳои пешоб, узвҳои занон, ҳолати кӯдак дар батни модар ва ғайраро ташхис кунанд. Мудири бахши мазкур, номзади илмҳои тиб, доктор Меҳроҷ Ҳақназаров таъкид

Муфассал...

Пайки хуш!!!

     Аз ҷароҳатҳои дил ғофил мабош,

                                                                                                                              Рангҳо дорад дукони гулфурӯш.

 

Иқдоми наврӯзӣ  аз Бемористони Ибни Сино

            Ба мардум дасти ёрӣ  дароз намудану амали хайр анҷом додан аз суннат ва расми хуби ниёгони  башардӯстамон будааст. Хосса дар арафаи Соли нави аҷдодӣ  Наврўзи оламафрўз  иқдомҳои хайрхоҳона аз суннатҳои волои  гузаштагони ҳисоб меёфтааст. Ба пос ва идомаи ин суннат роҳбарияти  Бемористони Ибни Сино профессор, мутахассиси варзидаи эронӣ, ҷарроҳи дил Маҳмудризо Сарзаимро ба Тоҷикистон даъват кард!

            Пизишки маъруфи эронӣ  аз 12 - ум то 15 - уми март ба Бемористони мо ташриф меорад!

            Ва онҳое, ки аз бемориҳои мухталифи  дил  азият мекашанд, метавонанд аз машварати ин мутахассиси ботаҷриба комилан ройгон

Муфассал...

ФОТО