БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Март 2015

03 Март 2015

Муроҷиати Раиси Ҳайати Мудирони Бемористони Ибни Сино Холиқов Абдухалил:

            Дустони мўҳтарам!

           Ин муроҷиат ба  ҳамаи  касоне дахл дорад, ки Тоҷикистонро самимона дўст медоранд  ва  ба  рушду ояндаи дурахшони он манфиат доранд. Аз дигарон  хоҳиш  мешавад, вақти худро зоеъ накунанд!

            Вазъи имрўзаи соҳаи тандурустии кишварамон  барои   ҳамагон маълум аст ва он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён надорад.    Аммо  илм ва амалияи  тиб дар дунё   бо  суръати рўзафзун  рушд мекунад. Пешрафти соҳа  ба дараҷае  расидааст,  ки дигар аксари ҷарроҳиҳо  бо усули  камзахм ва ба воситаи роботҳо анҷом мешаванд. "Да Винчи",  "Сайбер Найф" ва дигар васоили пешрафтаи пизишкӣ  ҳанўз ҳам дар  кишвари мо афсона метобанд,  гарчанде дар кишварҳои пешрафта таҷҳизоти маъмулӣ  шудаанд.

            Дар натиҷаи пошхўрии  Иттиҳоди  Шўравӣ ва ҷанги дохилӣ  соҳаи тандурустии  кишвари мо ақиб  афтод  ва  мутахассисон барои кор бо таҷҳизоту технологияи навин омўзиш  надиданд.  Мутаассифона, дар аксари бемористонҳои  мо ҳанўз  ҳам аз технологияи солхои 60-уми   асри гузашта (тибби шўрави худ 20 сол  аз дастовардҳои технологияи дармони ҷаҳонӣ аҷиб монда буд) кор гирифта мешавад.  Дар ҷомиъа  зехнияти нолоиқе  дар шаъни пизишкон шакл  мегирад. Кор ба ҷое расидааст, ки халқ хатто  мақол эҷод кардааст: Худо гӯй,  корат ба ... балниса наафтад. Ҷаҳолату гумроҳӣ,    аз як сў,  аз сўи дигар пурзахму пуравориз ва гарону номуассир будани дармон сабаб шудааст, ки мардум  аз духтурон дилсард шуда, бештар ба табибони ба истилоҳ «халқӣ», фолбинон  ва қаллобон руй меоранд.

Муфассал...

ФОТО