БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Таб чист?

    Кардиологи бемористон,

    доктор Малика Юсупова.

     

    Чаро бисёриҳо аз таб метарсанд?

    Таб аз нигоҳи илми пизишкӣ аксуламал ё вокуниши системи эмании бадан ба беморӣ ё таъсири авомили хориҷӣ дар бадан аст. Аммо на ҳама вақт бояд аз он ҳарос дошт. Ҳарорати меъёр асосан аз 36.6 то 37 дараҷа маҳсуб мешавад.

     
  • Хариди дору ва васоили тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино чи гуна сурат мегирад?

    Масъули воридот ва таъминоти бемористон,

    Фарзона Абдуллоева.

     

    Дар Бемористони Ибни Сино хариди маводи доруӣ ва васоили тиббиро масъули воридот аз бахши таҳия ва танзим ё таъминот анҷом медиҳад. Маводи доруиро бемористон танҳо барои таъмини ниёзҳои худ ворид мекунад.

     
  • Ҳадафи мо мусоидат кардан ба беҳбуди саломатии борварии шумост!

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова. 

     

    Бахши гинекологии Бемористони Ибни Сино фаъолияти худро аз соли 2011 ба ин сӯ ба роҳ монда ва ҳоло даҳҳо нафар барои муоина, ташхис, дармон ва ҷарроҳиҳо ҳамарӯза муроҷиат мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

05 Март 2015

Ташхиси дақиқ асоси дармони беморист!

      Ташхиси дастгоҳӣ вазъу ҳолати узвҳои дарунӣ ва рагу бофтаҳои баданро баррасӣ мекунад. Ҳамаи беморон ва ниёзмандонро сарфи назар аз синну соли онҳо метавон бо чунин ташхисҳо, ки ба воситаи дастгоҳхои мухталиф ва бидуни дард анҷом дода мешавад, фаро гирифт. 

      Бахши ташхиси дастгоҳии Бемористони Ибни Сино бо таҷҳизоту дастгоҳҳи навтарин муҷаҳҳаз аст, ки ба мутахассисон имкон медиҳад, ҳолати норасоии дил ва рагҳо, роҳҳои нафаскашӣ, рӯдаву бофтаҳо, системаи марказии асаб ва кори гурдаҳо, ҷигар, талхадон, масона, роҳҳои пешоб, узвҳои занон, ҳолати кӯдак дар батни модар ва ғайраро ташхис кунанд. Мудири бахши мазкур, номзади илмҳои тиб, доктор Меҳроҷ Ҳақназаров таъкид

Муфассал...

Пайки хуш!!!

     Аз ҷароҳатҳои дил ғофил мабош,

                                                                                                                              Рангҳо дорад дукони гулфурӯш.

 

Иқдоми наврӯзӣ  аз Бемористони Ибни Сино

            Ба мардум дасти ёрӣ  дароз намудану амали хайр анҷом додан аз суннат ва расми хуби ниёгони  башардӯстамон будааст. Хосса дар арафаи Соли нави аҷдодӣ  Наврўзи оламафрўз  иқдомҳои хайрхоҳона аз суннатҳои волои  гузаштагони ҳисоб меёфтааст. Ба пос ва идомаи ин суннат роҳбарияти  Бемористони Ибни Сино профессор, мутахассиси варзидаи эронӣ, ҷарроҳи дил Маҳмудризо Сарзаимро ба Тоҷикистон даъват кард!

            Пизишки маъруфи эронӣ  аз 12 - ум то 15 - уми март ба Бемористони мо ташриф меорад!

            Ва онҳое, ки аз бемориҳои мухталифи  дил  азият мекашанд, метавонанд аз машварати ин мутахассиси ботаҷриба комилан ройгон

Муфассал...

ФОТО