БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Таб чист?

    Кардиологи бемористон,

    доктор Малика Юсупова.

     

    Чаро бисёриҳо аз таб метарсанд?

    Таб аз нигоҳи илми пизишкӣ аксуламал ё вокуниши системи эмании бадан ба беморӣ ё таъсири авомили хориҷӣ дар бадан аст. Аммо на ҳама вақт бояд аз он ҳарос дошт. Ҳарорати меъёр асосан аз 36.6 то 37 дараҷа маҳсуб мешавад.

     
  • Хариди дору ва васоили тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино чи гуна сурат мегирад?

    Масъули воридот ва таъминоти бемористон,

    Фарзона Абдуллоева.

     

    Дар Бемористони Ибни Сино хариди маводи доруӣ ва васоили тиббиро масъули воридот аз бахши таҳия ва танзим ё таъминот анҷом медиҳад. Маводи доруиро бемористон танҳо барои таъмини ниёзҳои худ ворид мекунад.

     
  • Ҳадафи мо мусоидат кардан ба беҳбуди саломатии борварии шумост!

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова. 

     

    Бахши гинекологии Бемористони Ибни Сино фаъолияти худро аз соли 2011 ба ин сӯ ба роҳ монда ва ҳоло даҳҳо нафар барои муоина, ташхис, дармон ва ҷарроҳиҳо ҳамарӯза муроҷиат мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

06 Март 2015

Бонувони азиз!

      Занон табиатан тарбиятгари тавоно ва бо хоксориву меҳрубониашон марҳами дили дардмандонанд. Модарону  хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ - маорифу тандурустӣ ҳамеша сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардидаанд!

     

     Иди  Модарон ҳампою ҳамқадам бо фасли баҳорон буда, чеҳраи рангини замину замон, шикуфтани гулу лола, ёсуману райҳон, нағмаи мурғони хушилҳон, навои дилнавози обшорон, резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳама пайку навид ба Модар медиҳанд,  сари таъзим назди ў фуруд меоваранд  ва армуғони шодӣ ба ин олиҳаи Замин мерасонанд!

     Вақте Худо тан офарид,

     Аз барги гул зан офарид!

    Кормандони  Бемористони Ибни Сино тамоми модарон, духтарон ва тифлакони гулбасари Тоҷикистони азизро бо ин ҷашни фархунда, ки ҷашни Зиндагист муборак бод намуда, ба ҳамаи онон 

Муфассал...

Дар Бемористони мо тамоми намудҳои гепатит табобат карда мешавад!

Маҳсули ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дуҷонибаи бемористон бо ҷумҳурии исломии Ирон ворид сохтани навтарин таҷҳизоти тибии гаронбаҳо ва дастрас намудани доруҳои қимматтарин  бо нархи комилан арзон гардида аст.

Дар ин бора ба мо доктор Сомӣ - табиби дилшиноси Бемористони Ибни Сино  иттилоъ дода,  афзуд, ки бемории гепатит дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёди аҳолии Тоҷикистонро мубтало кардааст. Вируси гепатитии навъи В аз хатарноктарин вирусҳо буда, маҳву нобуд карданааш аз таркиби хун ба маротиб мушкилтару гаронтар будааст. Доктор Сомӣ сабаби пайдоиши ин бемориро, ки нишонаҳои аввалини он камҳаракатӣ, хастагии бардавоми эҳсосшаванда, беиштиҳоӣ ва дар мавориди

Муфассал...

ФОТО