БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Таб чист?

    Кардиологи бемористон,

    доктор Малика Юсупова.

     

    Чаро бисёриҳо аз таб метарсанд?

    Таб аз нигоҳи илми пизишкӣ аксуламал ё вокуниши системи эмании бадан ба беморӣ ё таъсири авомили хориҷӣ дар бадан аст. Аммо на ҳама вақт бояд аз он ҳарос дошт. Ҳарорати меъёр асосан аз 36.6 то 37 дараҷа маҳсуб мешавад.

     
  • Хариди дору ва васоили тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино чи гуна сурат мегирад?

    Масъули воридот ва таъминоти бемористон,

    Фарзона Абдуллоева.

     

    Дар Бемористони Ибни Сино хариди маводи доруӣ ва васоили тиббиро масъули воридот аз бахши таҳия ва танзим ё таъминот анҷом медиҳад. Маводи доруиро бемористон танҳо барои таъмини ниёзҳои худ ворид мекунад.

     
  • Ҳадафи мо мусоидат кардан ба беҳбуди саломатии борварии шумост!

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова. 

     

    Бахши гинекологии Бемористони Ибни Сино фаъолияти худро аз соли 2011 ба ин сӯ ба роҳ монда ва ҳоло даҳҳо нафар барои муоина, ташхис, дармон ва ҷарроҳиҳо ҳамарӯза муроҷиат мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

11 Март 2015

Зарипов Асадулло, муовини Директори генералӣ дар умури равобити беруна:

Бемористони Ибни Сино, ки то имрӯз бузургтарин тарҳи сармоягузории хусусӣ дар бахши иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аз ҳамон замони оғози фаъолияташ (сентябри соли 2009) аз чанд нигоҳ тарҳи намунавӣ ва ҳатто мунҳасир ба фард буд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо бо ворид кардани технологиҳои навтарини риштаи тибб ва даъвати мутахассисони варзидаи хориҷӣ чандин навъи чарроҳии дилро барои аввалин бор дар Точикистон анҷом додем ва ниёзмандонро аз сафари тӯлонӣ, хастагиовар ва пурҳазина ба марказҳои ҷарроҳии хориҷӣ бениёз гардонидем. 

Муфассал...

Пайки хуши наврузӣ!!!

Иқдоми наврӯзӣ  аз Бемористони Ибни Сино

            Ба мардум дасти ёрӣ  дароз намудану амали хайр анҷом додан аз суннат ва расми хуби ниёгони  башардӯстамон  будааст. Ба пос ва идомаи ин суннат роҳбарияти  Бемористони Ибни Сино профессор, мутахассиси варзидаи эронӣ, ҷарроҳи дил Маҳмудризо Сарзаимро ба Тоҷикистон даъват кард!

           Пизишки маъруфи эронӣ  аз 12 - ум то 15 - уми март ба Бемористони мо ташриф меорад!

         Ва онҳое, ки аз бемориҳои мухталифи  дил  азият мекашанд, метавонанд аз машварати ин мутахассиси ботаҷриба   комилан ройгон баҳраманд шаванд!

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо (аз 22 то 29 - уми март) бо  даъвати роҳбарияти бемористон гастроэнтерологи маъруф,  доктор Сиёвуш  Мансурӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад!

            Эндоурологи ботаҷрибаву варзида доктор Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор низ маҳз дар ин рӯзҳои наврӯзӣ бо истифода аз шеваҳои навтарин, дар муддати кӯтоҳ бемории шуморо шифои оҷил мебахшад.

            Хотиррасон мекунем, ки дар яке аз ин рӯзҳо сафари хидматии пизишкони гастроэнтеролог ва эндроуролог  ба ноҳияи Фархор ва сафари эндроурологи  маъруф Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор ба шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст!

            Имконияти мусоидро аз даст надиҳед,   аз машварату тавсияҳои судманди мутахассисони байналмилаллӣ  истифода кунед!

            Маълумоти бештарро тариқи телефонҳои  (44) 640 01 02 метавонед дастрас намоед!

Муфассал...

ФОТО