БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Май 2015

30 Май 2015

Томографияи компютерӣ дар Бемористони Ибни Сино

Томографияи компютерӣ усули ташхиси қабат ба қабати бадани одамӣ мебошад. Ин усул бар асоси нурафкании  рентгенӣ амалї сурат мегирад ва имкон медиҳад  аз ҳар узви лозим  дар муддати кӯтоҳ тасвири сифатан хубе ба даст оварда шавад. Бемористон бо дастгоњи томогорафияи компютерии пешрафта, ки  истеҳсоли ширкати "Siemens" мебошад, муҷаҳҳаз мебошад. Табиби радиолог 

Томографияи компютерӣ усули ташхиси қабат ба қабати бадани одамӣ мебошад. Ин усул бар асоси нурафкании  рентгенӣ амалӣ сурат мегирад ва имкон медиҳад  аз ҳар узви лозим  дар муддати кӯтоҳ тасвири сифатан хубе ба даст оварда шавад. Бемористон бо дастгоҳи томогорафияи компютерии пешрафта, ки  истеҳсоли ширкати "Siemens" мебошад,

Муфассал...

27 Май 2015

Нефропатияи диабетикӣ

Гурда узви муҳим дар организм аст. Яке аз функсияи асосии  он  хориҷ ва тоза намудани моддаҳои зараровар аз организм мебошад.

Тозакунӣ тавассути филтри гурда, ки “клубочка” мегӯянд, шурӯъ мешавад. Ҳар гурда дорои ҳудуди миллион клубочкаи филтркунанда мебошад. Ҳар рӯз то 35 - маротиб хуни бадани инсон аз  клубочкаҳо филтр шуда, мегузарад ва аз токсинҳову дигар моддаҳои зараровар тоза мешавад. Ин моддаҳои зараровар тавассути пешоб аз организм хориҷ мегарданд.

Ғайр аз вазифаи (функсия) тозакунӣ, гурда  дигар вазифаҳоро  низ анҷом медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо  синтези гормонҳо мебошад:

Муфассал...

18 Май 2015

Чаро ҳарорати бадани инсон баланд мешавад?

Маводе бо номи пайроҷен вуҷуд дорад, ки ҳангоми ба хун ворид шудан, ба баландшавии ҳарорати бадан оварда мерасонад. Бадани инсон онҳоро асосан дар лимфоцитҳо тавлид мекунад.

Микробҳо, самумҳо (токсины) ва дигар маводи монанд ба инҳо вақте ба бадани инсон ворид мешаванд низ сабабгори тавлиди пайроҷенҳо мегарданд.

Пайроҷенҳо аз тариқи хун ба ҳипоталамус (бахше аз мағзи сар) мерасанд. Дар ҳипоталамус нуқтаи танзими ҳарорат вуҷуд дорад, ки маъмулан руи

Муфассал...

08 Май 2015

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст

Бемористони Ибни Сино тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро, бо  ҷашни фархундаи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният мегӯяд  ва,  хусусан, ба иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз, ки маҳз  бо талошу  ҷонфишории онҳо, мо имрӯз озодаву осуда зиндагӣ дорем, аз самими қалб умри дароз ва аз ҳама чиз бештар, саломатии бардавом таманно менамояд. Имсол бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон, 70 солагии ин ҷашни фархунда дар томоми қаламрави кишвар бо тантана  баргузор мегардад.  Роҳбарияти Бемористони Ибни Сино низ,  ин иқдоми Ҳукумати кишварро ҷонибдорӣ мекунад 

Муфассал...

07 Май 2015

Дард чист?

Дард як механизми дифоъии бадан аст, ки чанд намуд мешавад: дарди ҷисмони, дарди рухи, дарди фантом ва ғайра. Мавзуи мо дарди ҷисмонист. Бадани инсон саропо бо торҳои асаб фаро гирифта шудааст. Вақте ҷои бадани мо сахт фишурда мешавад ё кашиш мехурад ин торҳои асаб озор меёбанд ва мо дард эхсос мекунем. Дард гарчанде, ки хисси ногувораст, вале дар асл сигналест, ки ба мағз фиристода мешавад ва тавассути он мо аз бемории узв огоҳ мешавем. Дар натиҷаи ин сигнал системаи имунии бадан низ ба «табобат» сар мекунад. Вақте дард пайдо мешавад, хохиш пайдо мешавад, ки зуд онро рафъ кунем

Муфассал...

Профессор Сиёвуш Мансурӣ 11 июн ба бемористони мо ташриф меоварад!

Ба таваҷљуҳи касоне, ки аз бемориҳои гастроэнтерологӣ (бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург) ва гепатит азият мекашанд!

Бо ибтикори ташкилоти “Суғуртаи миллӣ” ва даъвати роҳбарияти Бемористони Ибни Сино профессор Сиёвуш Мансурӣ, мутахассиси дараҷаи олии гастроэнторология 11 июн боз ба кишварамон ташриф меоранд!

Муфассал...

06 Май 2015

Кист чист?

Кист ҳубобест, ки дар дохили узвҳо пайдо шуда, пур аз моеъ, чарб ё дигар пуркунандаҳо буда, девора низ дорад. Кистҳо модарзодӣ ва пайдошуда мешаванд, ки натиҷаи вайрон шудани фаъолияти узвҳоянд. Масалан, гурдаи инсон аз нефронҳои борик иборат аст, ки дар онҳо доим моеъ ҷорист ва тозакунии хун анҷом мешавад. Механизми пайдошавии кисти гурда чунин аст, ки дохили бофтҳои гурда басташавии найчаҳои нефрон дар натиҷаи ғафсшавии эпителия сурат мегирад ва боиси ҷамъшавии моеъ гашта, кист (хубоб) шакл мегирад. Фаъолияти пешобхориҷкунии найча катъ шавад ҳам девораҳои он бо хун таъмин мешаванд.

Муфассал...

ФОТО

 
Раиси ҳайати мудирон
Холиқов Абдухалил
ibnisino.tj

Тақвими рӯз

<< < Январ 187 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31