БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

     
  • СИНДРОМИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

     

    Унвони аслӣ

     

    Шикоятҳои пайдарпайи невропсихиатрикӣ дар занони ҷавони мубталои ҷоғари сода, дар Тоҷикистон (Синдроми занони ҷавони тоҷик?!).

     

    Аббоси Таваккулиёни Арҷманд, интернист, эндокринолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Малика Юсупова, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

    Унвони кӯтоҳ

    «Ҷоғари содаи эндемикӣ ва ҳолатҳои асабхастагии шадид; оё ин ду бо ҳам иртибот доранд?»

     

     

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот: Малика Юсупова, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к.  Фотеҳ. Ниёзи 34, +992446400102, +992446400103  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Август 2015

31 Август 2015

Дар Бемористони Ибни Сино бемории нодири Миеломӣ ташхис карда шуд

Коршиносони ҷаҳонии соҳаи тиб ба афзудани шумораи бемориҳои саратонӣ дар тамоми ҷаҳон ишора менамоянд. Имрӯз мушкилоти беморони гирифтори саратон натанҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳо хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Бемории Миеломӣ як намуди бемории саратон маҳсуб меёбад. Ин беморӣ варамии системаи В-лимфоситҳо - ҳуҷайраҳое, ки вазифаҳои масуниятро

Муфассал...

29 Август 2015

Синдроми нефретикӣ

Синдроми нефретикӣ  аломатҳоест, ки дар бисёре аз бемориҳои гурда дида мешавад. Ин беморӣ боис мешавад, ки сафедаҳо тавассути пешоб аз организм берун шуда, миқдори онҳо дар хун кам мегардад  ва намаку об дар бадан аз меъёр зиёд ҷамъ мешаванд. Синдроми нефретикӣ метавонад  дар ҳар синну сол домангири инсон шавад.

Дар кӯдакон бемории мазкур бештар миёни 18 моҳагӣ ва 4 солагӣ паҳн мегардад. Писарбачаҳо аз духтарбачаҳо дида бешар гирифтори он  мегарданд. Ин беморӣ аломатҳои

Муфассал...

Озмоишгоҳи муосир - кафолати табобати муваффақ

Аз фаъолияти самараноки озмоишгоҳ муваффақияти ташхису табобат вобастагии бениҳоят зиёд дорад. Дар озмоишгоҳ аз инсон намуна мегиранд ва дар асоси мушаххасоти он ба вазъи ин ва ё он узв баҳо медиҳанд.

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино дорои тамоми таҷҳизоти зарурии ҳозиразамон буда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Дар озмоишгоҳи бемористон мутахассисони баландтаҷриба фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо дар

Муфассал...

Табиат воқеан тансиҳатӣ мебахшад!

Мо тӯли 24 соат ҳамарӯза дар асорати хона ё коргоҳамон, қарор дорем, таҳти рӯшнои сунъӣ кор мекунем, дар дохили бино ғизо мехӯрем, аз хона ба кор тариқи нақлиёт ҳаракат мекунем ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба табиат рӯ намеорем. Ва агарам рӯ овардем, ин табиат шакли пешгӯишудаи поркиро ба худ мегирад, бо роҳравҳои сементӣ бо харакҳояш дар канори сабзазорҳо ва бо навиштаи "Дар сабазазоро нагардед!".

Муфассал...

27 Август 2015

Серрози ҷигар

Дар аксари марги ҳуҷайраҳои ҷигар таҳти таъсири омилҳои гуногуни зараррасон, бофтаи солими ҷигар бо бофтаи суддабанд ҷойгузин мегардад ва дар он уқдаҳо шакл гирифта, тамоми сохтори ҷигар дигаргун мешавад. Ин иллатро сиррози ҷигар меноманд. Сиррози ҷигар касалии музмини ҷигар буда, бо норасоии афзояндаи ҷигар дар натиҷаи пажмурдашавӣ  дигаргун шудани  сохтори ҷигар зоҳир мегардад. Дигаргун шудани сохтори ҷигар ба вайроншавии тамоми вазоифи он оварда мерасонад. Сиррози ҷигар бемории паҳнгардида ба шумор меравад. Тибқи  омор дар кишварҳои  пешрафтаи  дунё сиррози ҷигар ба

Муфассал...

24 Август 2015

Ҳолати равониатонро дар Бемористони Ибн Сино санҷед

Бахши равоншиносӣ ва равонпизишкии Бемористони Ибни Сино, яке аз бахшҳои ҷадиди бемористон ба шумор меравад. Аммо бо вуҷуди ин аллакай миёни мардум шуҳрати зиёде пайдо намудааст. Бино ба иттилои равонпизишкони бемористон зиёдтар барои кўмаки тиббӣ шахсони гирифтори якчанд бемории равонӣ муроҷиат менамоянд. Афсурдагӣ (депрессия) яке аз бемориҳои паҳнгашта маҳсуб меёбад.

Аксар вақт афсурдагӣ аз сабаби дучор шудани шахс

Муфассал...

21 Август 2015

Заҳролудшавӣ аз маводи ғизоӣ

Заҳролудшавӣ аз маводи ғизоӣ истилоҳи ҷомеъ буда,  ин мафҳум ба маънои  халалдор шудани кори узвҳои ҳозима (монанди дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ) истифода мешавад, ки  дар натиҷаи истеъмоли   хӯрок  ё нӯшокиҳои вайроншуда  ба вуқуъ мепайвандад. Заҳролудшавӣ хусусан дар ин шабу рӯз, яке аз мушкилоти доғ ба шумор меравад ва одамони зиёде гирифтори ин беморӣ мегарданд.  Мутахассисон  заҳролудшавӣ бо  маводи ғизоиро  шартан ба ду даста тақсимбандӣ намудаанд: заҳролудшавии

Муфассал...

19 Август 2015

Дастгоҳи автоматии Минивойдос

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино дорои дастгоҳҳои нави замонавӣ гардид. Ин дастгоҳ имкон медиҳад,  ки  ташхис бо суръат ва сифати баланд, дар кӯтоҳтарин муддат анҷом дода шавад

Дастгоҳи автоматии Минивойдос

-        Дорои суръат ва диққати бисёр

-        Дорои ҳассосияти бисёр боло

Муфассал...

Аутотрансплантатсия

Инсон ҳамеша таваҷҷӯҳи хосе ба симои зоҳириаш дошт ва гоҳе як беморӣ метавонист сабаби тағйири симояш гардад. Яке аз чунин бемориҳо "калшавӣ" ё "алопетсия" ба шумор меравад. Мӯи сар нақши амиқе дар шаклгирии симои зоҳирии инсон мебозад. Тибқи иттилои мутахассисин калшавӣ сабабҳои зиёде дорад.  Шакли аз ҳама бештар маъруфи ин беморӣ, "калшавии андрогенӣ" ба шумор меравад, ки сабаби пайдоишашро ба ҳормонҳо нисбат медиҳанд. Ин беморӣ ҳам дар мардҳо ва ҳам дар занҳо дида мешавад. Аз рӯи маълумоти мутахасиссин сеяки тамоми мардони аз 20 то 60 солаи саёраи Замин ба ин шакли

Муфассал...

18 Август 2015

БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН АМАЛИЁТИ ҶАРРОҲИИ РЕЗЕКТСИЯИ АНЕВРИЗМАИ ШОҲРАГ ВА ИВАЗИ ҚИСМИ БОЛОРАВАНДА, КАМОНАК ВА ПОЁНРАВАНДАИ ОН БО ПРОТЕЗИ РАГӢ ДАР ШАРОИТИ ХУНГАРДИШИ СУНЪӢ ВА КАРДИОПЛЕГИЯИ ФАРМАКОСАРДӢ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО АНҶОМ ШУД

Ҷарроҳони эронӣ ва тоҷик бори аввал дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии резектсияи аневризма ишоҳраг ва ивази қисми болораванда, камонак ва поёнравандаи он бо протези рагӣ дар шароити хунгардиши сунъӣ ва кардиоплегияи фармакосардиро дар Бемористони Ибни Синои Душанбе бомуваффақият анҷом доданд. Бемори 56 солаи амалиётшуда пас аз ҷарроҳӣ худро хуб эҳсос мекунад ва айни ҳол ба хона мураххас шудааст ва таҳти назорат ва табобати амбулатории духтурон мебошад.

Муфассал...

ФОТО