Сентябр 2015
30 Сентябр 2015
Астсит ва сабабҳои пайдоиши он
Ҷамъшавии моеъ дар дохили ковокии шикамро астсит номида мешавад. Бемориҳои мухталиф метавонад ин ҳолатро ба вуҷуд оранд. Бино бар гуфтаи пизишкони Бемористони Ибни Сино танҳо 30 – 40% шахсони гирифтори астсит давомнокии умрашон тақрибан то 5 сол кам мешавад. Аз ин рӯ ҳар замоне, ки шахс дучори аломатҳои астсит шавад, бояд ҳатман ба пизишк муроҷиат намояд.
Ташхиси функсионалӣ - заминасози табобати дуруст
Ташхиси функсионалӣ яке аз бахшҳои муҳими тибби имрӯз ба шумор меравад. Ворид намудани усулҳои замонавӣ ва дақиқи таҳқиқот ва технологияҳои компютерӣ дар илми тибб, аз ҳама бештар ба рушди диагностикаи функсионалӣ мусоидат мекунанд.
Имрӯз барои гузоштани ташхиси саҳеҳи функсионалӣ нақши муҳимеро иҷро мекунад. Инчунин сохтани таҷҳизоти нави замонавии бо сифат ва истифода аз усулҳои нави ташхиси организми одам, яке аз сабабҳои дигари рушди бо суръати
23 Сентябр 2015
Бемористони Ибни Сино: Табобат бо усули гистероскопия
Гистероскопия имрӯз дар таҷрибаи клиникии гинекологӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Дар бахши амрози занонаи Бемористони Ибни Сино низ аз ин усули муосир ба наҳви аҳсан истифода мекунанд. Гистероскопия муолиҷаи ташхисӣ - табобатӣ буда, имкон медиҳад роҳи гарданаи бачадон, дохили бачадон ва нойҳои даҳанаи бачадонро ба василаи асбоби дақиқи оптикӣ - гистероскоп муоина кунанд.
21 Сентябр 2015
Анъанаи хуби Бемористони Ибни Сино ва сафари кории пизишкони маъруфи бемористон ба филиалҳо идома дорад!
Ба тавваҷӯҳи сокинони шаҳру ноҳияи Панҷакент мерасонем ки дар санаи 25-29 сентябр бо сафари кори ба ноҳия кардиолог Малика Юсупова ташриф меорад! Онҳое, ки аз бемориҳои мухталифи дил азият мекашанд, метавонанд аз машварат ва табобати ин мутахассиси ботаҷриба баҳраманд гарданд!
Табобати санги талхадон
Ҷарроҳии умумӣ бахше аз ҷарроҳист, ки бештар бо узвҳои маҳватаи шикам, аз ҷумла сурхрӯда, меъда, рӯдаи борик, рӯдаи ғафс, ҷигар, ғадуди зери меда, талхадон, роҳҳои талхагузар ва ғадуди сипаришакл нигаронида шудааст.
Инчунин ин бахши ҷарроҳӣ бо беморҳои пӯст, сина, бофтаҳои мулоим, ки нишони варамӣ доранд ва чурра сару кор дорад. Ҷарроҳии умумӣ яке аз соҳаҳои муҳими тибби муосир ба шумор меравад. Яке аз бемориҳои паҳнгаштаи узвҳои
16 Сентябр 2015
Тавсияҳои табибони Бемористони Ибни Сино барои пешгирии бемориҳои мавсимӣ
Бо фарорасии фасли тирамоҳ, ки тағйирёбии зуд-зуди ҳаво, боду борон, рутубату намноки оғоз меёбанд имконияти гирифтории инсон ба бемории зуком дучанд мегардад. Баъд аз тобистони гарм ҷисми одам ҳанӯз ба чунин боду ҳаво мутобиқ нашудааст. Ҳамин ки каме пойҳояшон нам шуд, зуд таб мекунанд ё сулфаю оби димоғашон ҷорӣ мешавад. Зуком оризаҳои нохуш дорад. Бино бар ин, бо он бояд сари вақт ва ҷиддӣ мубориза бурд.
12 Сентябр 2015
Ҷарроҳии эндоскопӣ - усули босамари табобати склерози ғадуди простата
Простатити музмин (хронический) аз ҳама бемории паҳнгардидаи узвҳои ҷинсии мард ба шумор меравад ва аксаран дар мардони синну соли қобили меҳнат ва аз нигоҳи ҷинсӣ фаъол ба назар мерасад.
Паҳншавии аз ҳад зиёд, зуҳуроти хусусиёти вазнини асосии клиникӣ ( аломатҳои дардӣ ва дизурикӣ, безурёти дар оила, халалдоргаштани муносиботи ҷинсӣ ва ғ.) ва зарурати муроҷиати тез тез ба духтур дар синну соли нисбатан ҷавон, простатити музминро на фақат мушкилоти тиббӣ, балки мушкилоти иҷтимоъӣ низ мегардонанд.
Безуриётӣ табобатшаванда аст
Табибони гинекологи Бемористони Ибни Сино, ки мутахасиссони дараҷаи олӣ буда, таҷрибаи бисерсолаи корӣ доранд бемории безуриётиро табобатшаванда медонанд.
Табибони ин беморхона дар фаъолияташон аз дастгоҳҳо ва озмоишу ташхисоти муосир истифода мебаранд. Таҷҳизоти ташхисию табобатии замонавӣ, ва дараҷаи баланди тахасуссии кормандон ба беморон кафолати табобати оҷилӣ ва
11 Сентябр 2015
Остеоартроз
Остеоартроз дар миёни бемориҳои буғумҳо аз ҳама бемории паҳнгашта ба шумор меравад. Тибқи омори расмӣ беш аз 20% аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморӣ мебошанд. Асоси ин бемориро бадҷинсшавии (дегенератсия) тағояки буғумӣ, бо сабаби камгаштани маҳлули "протеогликан" дар он ташкил мекунад. Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ низ гуногунанд. То ба ҳол мутахасссон сабабҳои пайдоиш ва рушди ин бемориро пурра муаян накардаанд. Ҳангоми остеоартроз бадҷинсшавии зуд
10 Сентябр 2015
Ҷарроҳии сутунмӯҳра ва табобати он дигар мушкили
Мутахассисони Бемористони Ибни Сино мегӯянд, таҷҳизоти муосир ва таҷрибаи ғанӣ имкон додааст, ки ҷарроҳиҳои мухталифи сутунмӯҳраро бо муваффақият анҷом диҳанд.
Аз ҷумла, табибони Бемористон борҳо ҷарроҳиҳои спондилолистез, ё бартараф намудани беҷошавии мӯҳраҳо, спондилолиз - бартараф намудани ноустувории мӯҳраҳо бо воситаи лавҳаи титанро анҷом дода, беморонро