БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • БЕМОРИҲОИ ДАСГОҲИ ГУВОРИШ

    Дастгоҳи гувориш (системи ҳозима) узвҳои барои инсон муҳимро дар бар мегирад. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки халал дар кори меъда танҳо ба рӯда таъсиргузор хоҳад буд. Аммо дар асл равандҳои дар ин дастгоҳ ҷараёндошта, бисёр печидаву мураккабанд ва барои дарки ин ҳақиқат кофист ҳар як узви дастгоҳи гуворишро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунем.

     
  • БЕМОРИИ ГИПЕРТОНӢ: ОМИЛҲОИ АСОСӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

    Мутахассиси бахши кардиологии

    Бемористони Ибни Сино,             

    доктор Мунира Нуъмонова.

     

    Дар илми тибб, болоравии фишори дохили шарёнӣ (артериалиро) бемории гипертонӣ меноманд. Ин беморӣ  дар зиёда аз 30% аҳолии Замин ба назар мерасад.

     
  • САРЧАРХЗАНӢ ВА САБАБҲОИ ОН!

    Асабшиноси Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Саидалиев Шерали.

      

    Ҳар инсон, ақалан боре дар ҳаёти худ гирифтори сарчархзанӣ гардидааст. Сарчархзанӣ метавонад бо зуҳуроти гуногун буруз кунад. Одатан сарчархзанӣ, дар натиҷаи халадор гаштани интиқоли импулсҳои асабӣ, аз дуртарин қисматҳои дастгоҳи вестибюларӣ ба мағзи сар иттифоқ меуфтад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Декабр 2015

25 Декабр 2015

Панкреатит

Панкреатит гуфта, илтиҳоби ғадуди зери меъдаро меноманд. Сабаби пайдоиши ин беморӣ, басташудани маҷрои ғадуд тавассути сангҳо аз талхадон, варам ё киста ба шумор меравад. Дар ин ҳолат роҳи ҷорӣ шудани оби ҳозима бо ферментҳо ба рӯдаи борик халалдор мегардад. Дар натиҷа ин ферментҳои панкреатӣ дар ғадуд

Муфассал...

23 Декабр 2015

Илтиҳоби сурхбодӣ (Рожа)

Сурхбод ё илтиҳоби сурхбодӣ - бемории вазнини сироятист, ки нишонаи зоҳирии он иллтиҳоби шадиди сатҳи пӯст ба шумор меравад. Сурхбод метавонад дар ҷойҳои гуногуни бадани инсон пайдо шавад ва гӯши инсон низ аз он истисно нест. Сурхбод дар гӯш, бештар системаи лимфавии сатҳи пӯсти гӯши берунӣ ва зербахшҳои онро фаро мегирад. Сурхбод аз рӯи паҳнгаштанаш дар системаи муосири патологияҳои илтиҳобӣ

Муфассал...

21 Декабр 2015

Муҳаммадиқбол ва Рухшеда баъди 18 соли интизорӣ соҳиби тифли дастрӯяке шуданд.

Ин оилаи хушбахт Азизқулов Муҳаммадиқбол Рустамович ва Азизқулова Рухшеда Абдураҳмоновна бо тифлаки 52 рӯзаи худ Сосон.

Муҳаммадиқбол ва Рухшеда баъди 18 соли интизорӣ соҳиби тифли дастрӯяке шуданд. Рухшеда модари Сосон, ин 18 солро соли муборизаҳо меномад. Муҳаммадиқболу Рухшеда дар тӯли ин солҳо ба таъбири худашон "ҷои норафтаашон намонд".

Муфассал...

15 Декабр 2015

Тахфифи солинавӣ аз Бемористони Ибни Сино!

Хонумон ва ҷанобони гиромӣ!

Аз 15-ум то 31-ми декабри соли равон, ба муносибати фарорасии Соли нави 2016 ва бо мақсади дастгирии молии ҳамватанонамон, мудирияти Бемористони Ибни Сино имконияти гузаронидани анҷиогрофӣ (ташхиси дил) ва анҷиопластиро (стентгузорӣ) бо тахфифи мутаносибан 5% ва 10% ба ниёзмандон пешкаш мекунад. Шахсоне, ки ба гузаронидани ингуна амалҳои тиббӣ ниёз доранд бо рақами 227-43-76 дар тамос шуда худро пешакӣ номнавис намоянд.

Муфассал...

11 Декабр 2015

Тетрада Фалло ва табобати он

Тетрада Фалло иллати модарзодии дил буда, бори аввал аз ҷониби патологоанатоми фаронсавӣ Фаллот, дар соли 1888 ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳамин хотир онро тетрада Фалло номиданд

Муфассал...

10 Декабр 2015

Қиссаи Муниса

Муниса фарзанди шашуми оила мебошад. Дар сесолаги вазъи саломатии ӯ бад шудан гирифт, ва барояш ташхиси нуқсони модарзодии дил гузошта шуд. Дар шаҳри Самара, ки он замон волидонаш он ҷо ба сар мебурданд, гуфтанд, ки шонси зинда мондан надорад. Дар дигар бемористонҳои кишвар низ барои амал тавсия надоданд

Муфассал...

ФОТО