Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ГУРДАИ ИНСОН ЧАРО САНГ ПАЙДО МЕКУНАД?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    урологи дараҷаи олӣ 

    Аминов Мубин Муҳиддинович.

     

    Ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонем, ки пас аз бемориҳои уфунии роҳҳои пешоб (инфекция мочевыводящих путей) ва бемориҳои мухталифи простат, сангҳои дастгоҳи пешобӣ - сеюмин бемории маъмули урологӣ ҳастанд. Истилоҳоти марбут ба бемориҳои сангҳои пешобӣ аз манобеъи гуногун интихоб шудаанд.

     
  • ҶАРРОҲИИ МУОСИРИ ТАНГИИ СУТУНМӮҲРА (Spinal Stenosis)

    Ба андешаи мутахассисон тангии сутунмӯҳра бемории бисёр паҳнгаштата ба шумор меравад. Мутахассиси бахши ҷарроҳии аъсоби Бемористони Ибни Сино Парвиз Иброҳимов мегӯяд, ки миёни бемориҳои сутунмӯҳра, тангии сутунмӯра ҷои аввалро ишғол мекунад. Тангии сутунмӯра маъмулан миёни афроди 45-50 сола бештар ба назар мерасад.

     
  • ДОКТОР АҲМАДАЛИИ ФИРДАВСӢ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

    Ба самъӣ азизон мерасонем, ки дар санаи 15 марти соли 2018 чашмпизишки маъруфи эронӣ, доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ дар Бемористони Ибни Сино ба ташхис ва табобати беморон шурӯ мекунад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Январ 2016

25 Январ 2016

Таваҷҷӯҳ!

Ба зудӣ табиби маъруфи эронӣ, мутахассиси варзидаи соҳаи офтолмологӣ, доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ ба Беморситони Ибни Сино ташриф меорад.
Мутахассиси варзида, бо истифода аз таҷҳизоти муосири бемористон ба ташхис ва табобати беморон оғоз мекунад. Ташрифи мутахассис барои одамони гирифтор ба бемориҳои чашм имкони хуберо фароҳам меорад,

Муфассал...

22 Январ 2016

Китоби «Ҳепотити С» мунташир шуд

Китоби «Ҳепотити С» - таълифи мутахассиси варзидаи эронӣ Саййид Муаййиди Алавиён аз сўйи Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Точикистон ва Бемористони Ибни Сино ба ду алифбои кириллӣ ва форсӣ мунташир шуд.

Муфассал...

Ман аз гепатити С озод шудам!

Гепатит яке аз бемориҳои сироятии хатарнок мебошад. Хусусан гепатити С шакли аз ҳама вазнини гепатити вирусӣ ба шумор меравад.

Пештар ба ин бемори асосан ҳангоми гузаронидани хун мубтало мегардиданд. Хушбахтона имрӯз тамоми хуни эҳдоӣ (донорӣ) ба таври ҳатмӣ, барои вируси гепатити С мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Аммо бо вуҷуди ин роҳҳои

Муфассал...

19 Январ 2016

Профессор Мансурӣ боз ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад!

Ба диққати ҳамаи шаҳрвандон мерасонем, ки 21-уми январи соли 2016  яке аз пизишкони варзидаи эронӣ, гастроэнтрологи маъруф, профессор Сиёвуш Мансурӣ, боз ба Бемористони Ибни Сино ташриф меоранд.

 Ин фурсати муносибест барои  нафароне, ки аз бемориҳои гастроэнтерологӣ (бемориҳои узвҳои ҳозима,  хусусан бемориҳои

Муфассал...

09 Январ 2016

ТАВАҶҶӮҲ!

Ба диққати касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд  мерасонем, ки ба наздикӣ эндоурологи варзидаи эронӣ доктор Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз машварат ва табобати доктори варзида истифода баред.  Шумо метавонед худ ва наздиконатонро пешаки номнавис кунед ва дар вақти бароятон муносиб аз

Муфассал...

07 Январ 2016

Чурра ва табобати он

Яке аз бемориҳои паҳнгашта, ки бо он ба ҷарроҳи умумӣ муроҷиат мекунанд чурра ба шумор меравад. Чурра ин лундагиест, ки дар натиҷаи даридани пардаи апаневроз ба вуҷуд меояд. Одатан ин лундаҳо аз тариқи сӯрохиҳои патологӣ пайдо мешаванд. Намудҳои чурра зиёданд, аммо бештар чурраҳои қадкашак, ноф, рон ва шикам вомехӯранд. Одатан халтаи чуррагӣ дар миёни мушакҳо, зери пӯст ё дар ғози (клетчатка)

Муфассал...

Ташхиси функсионалӣ - ояндаи тибб

Ташхиси функсионалӣ имкон медиҳад табибон бемориҳои гуногунро дар марҳилаи ибтидоии онҳо ошкор намоянд.

Ин бахш имрӯз ба яке аз самтҳои бисёр муҳими тибби муосир мубаддал гардидааст ва бархе онро ояндаи тибб меноманд. Ин намуди ташхис имрӯз дар бештари дармонгоҳҳову бемористонҳо ба ҳайси сохти ташкилии алоҳида

Муфассал...

ФОТО