БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

     
  • ЗОБИ БАЪД АЗ ВАЛОДАТ

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

                                    

    Як намуди хеле шоеъ аз бемориҳои ғадуди сипаршакл, зоби баъди валодат аст. Аз ҳар 10 зани валодаткарда, яке аз онҳо гирифтори зоби пас аз валодат  мегардад. Зоби баъди валодат дар касоне иттифоқ меуфтад, ки зоби камкори пинҳонӣ дошта бошад, аммо аз вуҷуди он бехабар бошад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Март 2016

30 Март 2016

КОРШИНОСИ ДИСКОГЕЛ БА БЕМОРИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД

Ба самъи азизон, ки аз бемории чурраи мӯҳраҳои байни сутунмӯҳра азият мекашанд мерасонем, ки аз 12 июн дар Бемористони Ибни Сино табиби варзидаи эронӣ, доктор Тудекешт ба қабул  ва машварати  ниёзмандон оғоз мекунад. Доктор Тудекешт коршиноси масоили бемориҳои сутунмӯҳра буда, дар табобат бо доруи Дискогел таҷрибаи ғанӣ дорад. Маҳз ин таҷрибаи доктор дар табобат бо ин дорӯи нав, боиси даъвати ӯ ба бемористон гардид, чун мо мӯътақидем, ки муваффақияти ҳар усул пеш аз ҳама аз маҳорат ва таҷрибаи мутахассис вобастагӣ дорад. Вуҷуди коршиноси ботаҷриба, кафолати табобати бо муваффақияти чурраи сутунмӯҳраро бидуни ҷарроҳӣ, ба василаи Дискогел таъмин мекунад. Шифои комили маризон ҳамеша дар мадди назари маъмурияти бемористон қарор дорад ва даъвати коршиносони соҳаҳои мухталиф пеш аз ҳама ба ҳамин ҳадаф нигаронида шудааст.  

Муфассал...

25 Март 2016

ТАШРИФИ НАВБАТИИ ЭНДОУРОЛОГ

Ба таваҷҷӯҳи касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд:

Бемористони Ибни Сино дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз тӯҳфаи навбатии худро барои ҳамватанони азиз арза медорад. Ба наздикӣ дар Бемористони Ибн Сино эндоурологи варзидаи эронӣ, доктор Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор ба машварат ва табобати беморон оғоз мекунад. Доктор Мусавибаҳор раиси анҷумани эндоурологони ҶИЭ мебошад ва раёсати Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадонро низ ба ӯҳда дорад.

Муфассал...

ТАВВАҶӮҲ!

Ба диққати касоне, ки аз бемориҳои дилу раг азият мекашанд мерасонем, ки крдиологи варзидаи эронӣ, доктур Амирҳусейн Алдубонии Сомӣ аз 28 марти соли 2016 дар Бемористони Ибни Сино ба ташхис ва табобати беморон идома медиҳад. Доктор Сомӣ - кардиолог- интервенсионист яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи кардиологӣ ба шумор меравад ва бештари бемориҳои дилро ташхису табобат мекунад. Шумо метавонед бо номнавис кардани худ,  дар вақти бароятон муносиб аз хизматрасонии мутахассиси варзида истифода намоед!

Муфассал...

17 Март 2016

Дискогел (DiscoGel)

Табобати муосир ва инқилобии чурраи сутунмӯҳра

Акнун бештари маризон, ки аз чурраи мӯҳраҳои байни сутунмӯҳра азият мекашанд, имкон пайдо карданд, бо истифода аз доруи муъҷизаофари нав бо номи Дискогел, ки самараи   таҳқиқотҳои чандинсолаи олимони фаронсавӣ мебошад, бидуни ҷарроҳӣ ба зиндагии маъмулии худ баргарданд. Дар ҳоли ҳозир ин дору, қариб дар 60 кишвари дунё мавриди истифода қарор гирифтааст. Дискогел тариқи сӯзандору бо анестезияи маҳаллӣ дар муддати 20-30 дақиқа ба мӯҳраи сутунмӯҳра тазриқ мегардад ва ба ҷо ба ҷо шавии мӯҳраи баромада мунҷар мегардад ва мӯҳра ба ҷои аввалияи худ бармегардад.

Муфассал...

ФОТО