БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

     
  • ЗОБИ БАЪД АЗ ВАЛОДАТ

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

                                    

    Як намуди хеле шоеъ аз бемориҳои ғадуди сипаршакл, зоби баъди валодат аст. Аз ҳар 10 зани валодаткарда, яке аз онҳо гирифтори зоби пас аз валодат  мегардад. Зоби баъди валодат дар касоне иттифоқ меуфтад, ки зоби камкори пинҳонӣ дошта бошад, аммо аз вуҷуди он бехабар бошад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Апрел 2016

26 Апрел 2016

ДОКТОР МУСАВИБАҲОР БОЗ БА ҚАБУЛИ БЕМОРОН ОҒОЗ МЕКУНАД

Ба таваҷҷӯҳи касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд мерасонем, ки дар таърихи 28 апрели соли 2016 эндоурологи  варзидаи эронӣ, доктор Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор дар Бемористони Ибн Сино ба машварат ва табобати беморон оғоз мекунад. Доктор Мусавибаҳор раиси анҷумани эндоурологони ҶИЭ мебошад ва раёсати Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадонро низ ба ӯҳда дорад. Доктор Мусавибаҳор  мутахассиси варзидаи соҳаи эндоурологӣ ба шумор меравад ва дар анҷоми амалҳои эндоҷарроҳӣ таҷрибаи ғанӣ дошта,

Муфассал...

25 Апрел 2016

ТАШРИФИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИ ВАРЗИДАИ ЭРОНӢ БА БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Ба таваҷҷӯҳи нафароне, ки аз бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург ва гепатит азият мекашанд мерасонем, ки 14.07. 2016 табиби варзидаи эронӣ, гастроэнтерологи дараҷаи олӣ, профессор Сиёвуши Мансурӣ ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Профессор Мансурӣ бо истифода аз таҷҳизоти замонавии Бемористони Ибни Сино, ба машварат ва табобати беморон оғоз мекунад.

Муфассал...

21 Апрел 2016

ТАШРИФИ НЕЙРОҶАРРОҲИ ВАРЗИДАИ ЭРОНӢ БА БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Ба самъи азизон мерасонем, ки  16 июни соли 2016 нейроҷарроҳи варзидаи эронӣ, профессор  Маҷиди Зуҳробӣ дар Бемористони Ибни Сино  ба ташхис ва табобати беморон мепардозад. Профессор Маҷиди Зуҳробӣ дар табобат ва ҷарроҳии бемориҳои  сутӯнмуҳра  ва асаб таҷрибаи ғанӣ дошта, тамоми ин бемориҳоро бо шеваҳои ҷадидтарин табобат мекунад. Профессор Зуҳробӣ дар табобати чурраи сутунмӯҳра бо дорӯи Дискогел низ дасти тавоно дорад  ва аз ҳамаи нозукиҳои ин табобат ба хубӣ огоҳ аст.

Муфассал...

19 Апрел 2016

ГЕМОДИАЛИЗ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Мушкили тоза кардани хун диққати илми тибро ҳанӯз аз давраҳои қадим ба худ ҷалб карда буд. Аммо қадами устувор дар ин самт дар авали қарни ХIХ ум гузошта шуд. Маҳз дар ин давра бо рушди биохимия равандҳои зиёд дар организми одамӣ ба табибон ошкор гардиданд ва онҳо тавонистанд усули нави тоза кардани хунро кор карда бароянд. Ин усул гемодиализ номгузорӣ гардид. Гемодиализ - тоза кардан ва полоиши хун бо ёрии дастгоҳи махсуси гурдаи сунъӣ ба шумор меравад. Ин дастгоҳ имкон медиҳад, аз хун моддаҳои молекулавии паст ва миёнаро ҷудо кунанд.

Муфассал...

16 Апрел 2016

ХУСУСИЁТИ ШИФОБАХШИ ЧОРМАҒЗ

Чормағз бо хусусиятҳои шигифтангезе, ки дорад, метавонад сипаре дар баробари бисёре аз бемориҳо, монанди диабет, қанди хун ва мушкилоти қалбӣ бошад. Ба гузориши "Саломат нюз", нон, паниру чормағз ноштои содда аст, аммо нерӯе, ки ин ҳама дорад, метавонад гузинаи муносибе барои шурӯи як рӯз бошад. Он чӣ ин таркиби соддаро лазиз ва дар айни ҳол муфид мегардонад, чормағз аст.

 

Назоратчии вазн

 

Чормағз миқдори қобили таваҷҷӯҳи фибрро дар даруни худ ҷой додааст ва ҳамон мӯҷиб мешавад, пас аз масрафаш барои муддати тӯлонӣ эҳсоси серӣ дошта бошед.

Муфассал...

14 Апрел 2016

ТИББ ДАР ХИДМАТИ ЗЕБОГӢ

ТАВАҶҶӮҲ! Бемористони Ибни Сино ҷарроҳи варзидаи плостикиро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намудааст. Ҷарроҳи варзида аз 19 апрел ба қабули мизоҷон оғоз мекунад. Ин ҷарроҳи чирадаст амалҳои зебосозии рӯй, чашм, абрӯ, пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои пӯст ва чарбии пилки чашмон, тарангкунии пӯсти рӯй, тағйир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, бартараф кардани деформатсия ва каҷии бинӣ, пластикаи гӯшҳо, тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш ва ғ. ро, бо маҳорати баланд анҷом медиҳад.

Муфассал...

06 Апрел 2016

ДОКТОР СОМӢ БА ХУҶАНД ТАШРИФ МЕОРАД

Ба таваҷҷӯҳи сокинони Хуҷанд ва навоҳии гирду атрофи он мерасонем, ки  14 ва 15 апрели соли 2016 доктор Амирҳусайн Алдубонии Сомӣ дар филиали хуҷандии Бемористони Ибни Сино ба ташхис ва табобати беморон  мепардозад.  Доктор  Сомӣ  кардиолог - интервенcионист буда, дар ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг таҷрибаи ғинӣ дорад. Касоне, ки аз бемориҳои гуногуни дил монанди: бемории ишимикии дил (ИБС), бемории даричаҳои дил, бемориҳои модарзрдии дил, бемориҳои қалбии кӯдакон, бемории меъдачаҳои дил

Муфассал...

ТАШРИФИ ЭНДОУРОЛОГ

Ба диққати касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд  мерасонем, ки 11 апрели соли 2016 эндоурологи варзидаи эронӣ ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз машварат ва табобати мутахассис истифода баред. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро пешаки номнавис кунед ва дар вақти бароятон муносиб аз хизматрасонии табиби ҳозиқ истифода баред. Мутахассиси эронӣ дорои таҷрибаи ғанӣ буда, табобати ҳамаи бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобро, бо истифода аз шеваҳои ҷадидтарин анҷом медиҳад. 

Муфассал...

01 Апрел 2016

ТАШРИФИ МУТАХАССИС

Ба самъи азизон, ки аз бемориҳои гуногуни дил азият мекашанд мерасонем, ки аз 1 апрели соли 2016 дар Бемористони Ибни Сино  кардиоҷарроҳи варзида, доктор Шамсиев Ғуфрон Абдумавлонович  ба қабул ва табобати беморон оғоз мекунад. Доктори илмҳои тибб  Шамсиев  Ғуфрон зодаи Тоҷикистон буда, аъзои ҷамъияти ҷарроҳони дилу раги ФР  мебошад  ва ҳоло ба ҳайси ҷарроҳ дар Маркази Илмии ҷарроҳии рагу-дили ба номи Бакулеви шаҳри Маскав фаъолият мекунад. Маркази мазкур дар Федератсияи Руссия яке аз асоситарин муассисаҳои ҷарроҳии рагу  дил ба шумор рафта, дар он беҳтарин мутахассисони соҳа фаъолият мекунанд.

Муфассал...

ФОТО