БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РАВИШИ АКАДЕМИКИ НИГОРИШИ ЯК МАҚОЛАИ ИЛМӢ ДАР ЗАМИНАИ ТИБ

    Муаллиф – Аббоси Тавакуллиён Арҷманд – эндокринологи Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Баргардон ба хати кириллӣ ва вироишӣ – Абдухалил Холиқзода, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш.Душанбе, Тоҷикистон, к.Фотеҳ Ниёзи 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Май 2016

31 Май 2016

ИРОАИ КИТОБҲОИ НАВИ ПИЗИШКӢ

Бемористони Ибни Сино дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ - тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон чанд китоби навро аз силсилаи "Роҳнамое ҷомеъ барои умум" мунташир кард.

Китобҳои "Ҳепотити В", "Ҳепотити А ва Е", "Серрози ҷигар", ки ба қалами доктор Сайид Муаййиди Алавиён таалуқ доранд, ба таври сода иллатҳои пайдоиши бемориҳои ҷигарро шарҳ дода, дар асоси дастовардҳои навтарини илми пизишкии муосир роҳҳои дармон ва ҳамчунин пешгирии ҳепотитҳои мухталиф ва серози ҷигарро нишон медиҳанд.

Муфассал...

28 Май 2016

Табобати бемориҳои ЛОР бо усули эндоскопӣ (лазерӣ)

Ба самъи азизон мерасонем, ки анъанаи хуби Бемористони Ибни Сино дар қиболи даъвати мутахассисони пуртаҷрибаи хориҷӣ ба бемористон идома дорад. Ин бор мутахассиси варзидаи соҳаи ЛОР, оториноларинголог, номзади илмҳои тибб, доктор Умаров Парвиз Уктамович ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Доктор Умаров ходими илмии Маркази илми - клиникии оториноларингологии шаҳри Маскав буда, дар ташхис ва табобати  бемориҳои ЛОР таҷрибаи ғанӣ дорад.

Муфассал...

Дастоварди навбатӣ

Як маврид атстити такрорӣ бо ташхиси нодурусти серози ҷигар ва миокардити дил, ки дучори перикардити фишороваранда (конструктивӣ) буд ва дар Бемористони Ибни Сино пас аз 2 сол бо муввафақият ташхис дода шуд.

 

Қурбонова Мадина 16 сола. Ин духтарак муддати 2 сол бо ташхиси бемории атстит (обовардани шикам ё истеҳқоқ) дар маркази гастроэтерологии пойтахти Руссия шаҳри Маскав табобат гирифт.

Муфассал...

19 Май 2016

ТАШРИФИ ДОКТОР СОМӢ

Ба самъи азизон мерасонем, ки аз 23 маи соли 2016  доктор Амирҳусайн Алдубонии Сомӣ дар Бемористони Ибни Сино ба ташхис ва табобати беморон  мепардозад.  Доктор  Сомӣ  кардиолог - интервенcионист , яке аз беҳтарин мутахассисони бемористон  ба шумор меравад ва  дар ташхис ва табобати  бемориҳои дилу раг таҷрибаи ғанӣ дорад. Касоне, ки аз бемориҳои гуногуни  дил монанди: бемории ишимикии дил (ИБС), , бемории даричаҳои дил, бемориҳои модарзрдии дил, бемориҳои қалбии кӯдакон, бемории меъдачаҳои  дил  ва  диабети  қанд  азият мекашанд,

Муфассал...

16 Май 2016

ҶАРРОҲИИ РЕКОНСТРУКТИВӢ (ТАЪМИРӢ) ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Бемористони Ибни Сино ҷарроҳи варзидаи плостикиро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намудааст. Ҷарроҳи варзида аз 2 июн ба қабули мизоҷон оғоз мекунад. Ин ҷарроҳи чирадаст амалҳои зебосозии рӯй, чашм, абрӯ, пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои пӯст ва чарбии пилки чашмон, тарангкунии пӯсти рӯй, тағйир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, бартараф кардани деформатсия ва каҷии бинӣ, пластикаи гӯшҳо,

Муфассал...

10 Май 2016

ТАШРИФИ ЧАШМПИЗИШК

Ба зудӣ табиби маъруфи эронӣ, мутахассиси варзидаи соҳаи офтолмологӣ, доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ ба Беморситони Ибни Сино ташриф меорад. Мутахассиси варзида, бо истифода аз таҷҳизоти муосири бемористон ба ташхис ва табобати беморон оғоз мекунад. Ташрифи мутахассис барои одамони гирифтор ба бемориҳои чашм имкони хуберо фароҳам меорад, то аз ташхис ва табобати табиби ҳозиқ истифода намоянд. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро пешакӣ номнавис гардонида, дар вақти бароятон муносиб ба қабули табиб ташриф биёред.

Муфассал...

03 Май 2016

ШАКЛСОЗӢ

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ҷарроҳии плостикӣ самти нави илми тибб ба шумор меравад. Аммо дар асл ҷарроҳии плостикӣ таърихи кӯҳан дорад. Пластика калимаи юнонист ва маънояш "шаклсозӣ" мебошад. Инсон ҳамеша ба симои зоҳирии худ диққати фаровон медод. Ҷарроҳиҳо, барои беҳтар гардонидани симои зоҳирии инсон дар тӯли тоърихи илми тибб ҳеҷ гоҳ қатъ нашудаанд. Олимон амалигардонии ҷаррҳии плостикиро дар Мисри қадим ҳанӯз 1600 сол қабл аз милод зикр кардаанд. Дар Ҳиндустон ҳанӯз 800 сол қабл аз милод бинии каҷшударо ба воситаи ҷарроҳии пластикӣ рост ва зебо мекарданд.

Муфассал...

АСАБИ СОЛИМ - КАФОЛАТИ ТАНИ СОЛИМ

Ба таваҷҷӯҳи афроде, ки аз бемориҳои гуногуни системаи асаб  монандӣ: афсурдагӣ, синдроми маниякалӣ, мутизм, неврозҳо,  ҳолатҳои  ҳарос, васваса, неврози пас аз зарбаи асаб, ихтилолоти шахсиятӣ, ихтилолоти иртиботи ҷинсӣ - заношӯӣ, норасоии ҷинсӣ, бемориҳои равонии кӯдакон, пуртаҳаррукӣ,  ихтилолоти таҳсили кӯдакон, эпилепсия, мултисклероз, паркинсон, ихтилолоти хоб - бехобӣ, исултҳо, ишемияи мағзӣ, дардҳои асабӣ, невропатия, полиневрит,  майзадагӣ, вобастагӣ аз сигор, нос, вобастагӣ ба маводи нашъаовар азият мекашанд мерасонем,

Муфассал...

ТИББ ДАР ХИДМАТИ ЗЕБОГӢ

Ба самъи азизон мерасонем, ки Бемористони Ибни Сино ҷарроҳи варзидаи плостикӣ, доктор Ёрипурро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намудааст. Доктор Ёрипур аз 5 май ба қабули мизоҷон оғоз мекунад. Ин ҷарроҳи чирадаст амалҳои зебосозии рӯй, чашм, абрӯ, пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои пӯст ва чарбии пилки чашмон, тарангкунии пӯсти рӯй, тағйир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, бартараф кардани деформатсия ва каҷии бинӣ, пластикаи гӯшҳо, тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш ва ғ. ро, бо маҳорати баланд анҷом медиҳад.

Муфассал...

ФОТО