БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Июл 2016

21 Июл 2016

ТАШРИФИ ЭНДОУРОЛОГИ ВАРЗИДАИ ЭРОНӢ БА БЕМОРИСТОН

 

Ба таваҷҷӯҳи касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд мерасонем, ки ба зудӣ эндоурологи варзидаи эронӣ барои ташхис ва табобати беморон ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад.

Муфассал...

19 Июл 2016

Бехобӣ - хатари ҷиддӣ барои саломатии инсон

Хоби солим барои фаъолияти муътадили организми ҳар инсон амри зарурист. Мутаасифона имрӯзҳо бо сабабҳои гуногун одамони зиёде бо мушкилот дар хобашон гирифтор гардидаанд. Ин иллатро дар тибб бехобӣ меноманд. Тибқи оморҳои расида, ҳар нафари 5 ум дар сайёраи Замин мубтало ба бехобист ва теъдоди одамоне, ки аз бехобӣ азият мекашанд рӯз аз рӯз меафзояд.  Бо омӯзиш ва табобати халалдор гаштани хоб илми асабшиносӣ ва равонпизишкӣ машғул аст. Тибқи гуфтаи равонпизшкон зиёда аз 100 ихтилол дар хоби инсон вуҷуд дорад. Онҳо метавонанд гуногун бошанд ва ҳатто ба зиндагии инсон хатар эҷод кунанд.

Муфассал...

16 Июл 2016

Ба таваҷҷӯҳи сокинони пойтахт!

Онҳое, ки дар тарбияи фарзанд ба мушкилҳо дучор мегарданд ва шахсоне, ки бо кӯдакони душвортарбия сарукор доранд, Бемористони Ибни Сино тренинг-семинари равонпизишки варзидаи эронӣ, профессор, устоди донишгоҳи Далҳауси Канада, Президент ва асосгузори академияи равонпизишкии "Кӯдакон ва Ҷавонон"-и Эрон устод Маҳдии Ҷаводи Алағбандрадро дар мавзӯи "Омӯзиши маҳоратҳои фарзандпарварӣ (тарбияи фарзанд) ба хонаводаҳо" баргузор менамояд.

Муфассал...

Тибб - пулакӣ ё бе пул?

Имрӯз дар ҷомеъаи мо сару садоҳое оиди пулгирии табибон барои хизматрасониҳояшон баланд шудаанд ва назарҳои гуногунеро ба бор овардаанд. Албатта дар мавриди ин, ки оё хизматрасониҳои тиббӣ бояд пулакӣ ё бе пул бошанд низ андешаҳо муттафовитанд.

Муфассал...

15 Июл 2016

Оромии асаб - оромии рӯҳ!

Ба таваҷҷӯҳи афроде, ки аз бемориҳои гуногуни системаи асаб  монандӣ: афсурдагӣ, синдроми маниякалӣ, мутизм, неврозҳо,  ҳолатҳои  ҳарос, васваса, неврози пас аз зарбаи асаб, ихтилолоти шахсиятӣ, ихтилолоти иртиботи ҷинсӣ - заношӯӣ, норасоии ҷинсӣ, бемориҳои равонии кӯдакон, пуртаҳаррукӣ,  ихтилолоти таҳсили кӯдакон, эпилепсия, мултисклероз, паркинсон, ихтилолоти хоб - бехобӣ, исултҳо, ишемияи мағзӣ, дардҳои асабӣ, невропатия, полиневрит,  майзадагӣ, вобастагӣ аз сигор, вобастагӣ ба маводи нашъаовар азият мекашанд мерасонем, ки аз таърихи 24 июли соли 2016 профессор, устоди донишгохи Далхауси Конодо, президент ва асосгузори академияи равонпизишкии "Кӯдакон ва Ҷавонон"-и Эрон Маҳдии Ҷаводи Алағбандрад дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати мизоҷон шурӯ мекунанд.

Муфассал...

13 Июл 2016

Рӯихати ташрифи мутахассисони хориҷӣ

Шаҳрвандони гиромӣ! Бемористони Ибни Сино рӯихати ташрифи мутахассисони хориҷиро ба бемористон дар моҳи июл пешкаши азизон мегардонад:

Муфассал...

07 Июл 2016

ҶАРРОҲИИ РЕКОНСТРУКТИВӢ (ТАЪМИРӢ) ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Ба хотири дастрасии бештари мардум ба дастовардҳои тибби муосир Бемористони Ибни Сино ҷарроҳи варзидаи плостикиро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намудааст. Шопури Ёрипур ҷарроҳи варзида аз 14 июли соли 2016 дар бемористон ба қабули мизоҷон оғоз мекунад.

Муфассал...

04 Июл 2016

ТАШРИФИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИ ВАРЗИДАИ ЭРОНӢ БА БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Ба таваҷҷӯҳи нафароне, ки аз бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург ва гепатит азият мекашанд мерасонем, ки 28.07.2016 табиби варзидаи эронӣ, гастроэнтерологи дараҷаи олӣ, профессор Сиёвуши Мансурӣ ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад.

Муфассал...

ФОТО