БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Сабабҳои гирифторшавӣ ба сактаи қалб…

  Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳар як 34 сония дар рӯи замин як нафар одам аз бемориҳои қалбу рагҳои хунгузар мемирад.

Омилҳои гирифтории сактаи қалб…

Танҳо дар Русия, ки яке аз кишварҳои калонтарини Аврупоаст, 56%-и марги одамон ба бемориҳои қалбу рагҳои хунгузар рост меояд. Дар ин кишвар ҳамасола аз ин бемориҳо 1 миллион нафар одамон мемиранд ва 10 миллион нафари дигар гирифтори бемориҳои ишемикии дил мебошанд. Беморихои ишемикии дил-ин бемории

давомноке мебошад, ки аз норасоии мушакҳои хунрасони дил ба вуҷуд меоянд. Сактаи дил як намуди мушкил, маъмул ва хатарноки беморихои ишемикии дил ба шумор меравад.

Акнун биёед чанд ҳолат ва ё хавфи гирифторшавӣ ба ин бемориро дида мебароем:

Сину сол. Чунин меҳисобанд,  ки одатан бемориҳои дил бештар дар одамони солхӯрда ба мушохида мерасад, аммо солҳои охир аз ин беморӣ ҷавонон низ азият мекашанд.

Мардҳо. Бемории дил одатан дар занон нисбат ба мардҳо дертар пайдо мешавад. Аммо ин мизони гирифторӣ низ солҳои охир қариб ки баробар шудааст. Як сабаби он ба ҳолати рӯҳии одамон (фишори рӯҳӣ) ва зуд-зуд асабонӣ шудани онҳо вобаста аст.

Асабоният. Одамоне, ки бештар дар онҳо норасоии вақт, саросамегӣ ва асабоният дида мешавад, доимо  таҳти фишори рӯҳӣ қарор доранд ва дар онҳо хавфи гирифторшавӣ ба ин беморӣ 7% -ро ташкил медиҳад.

Вазни зиёдатӣ. Ҳамагӣ 10%-и вазни зиёдатӣ дар шумо хавфи гирифторшавиро  20 % зиёд мекунад.  Интихоби нодурусти хӯрок. Норасоии меъёри муайяни меваю сабзавот хавфи гирифторшавӣ ба беморихои ишемикии дилро ба 3% мерасонад.

Фишори атмосферӣ ё ва якбора тағирёбии харорати ҳаво. Чунин ходисаҳои табиат ба низоми кори дилу рагҳо таъсир мерасонад, хусусан дар одамоне, ки аллакай гирифтори ин беморӣ ҳастанд.

Аммо  набояд интизор шуд, ки ….

Аксари ҳолатҳои дар боло номбаршуда дар ҳаёти рӯзмарраи ҳар яки мо вомехӯрад. Барои ин набояд интизори он шуд, ки кай беморӣ аз худ дарак медихад, балки кӯшиш бояд кард, ки онро пешгирӣ намоем.

Қабл аз ҳама бояд кӯшиш кард, ки таркиби хӯроки шабонарӯзии мо аз миқдори лозимаи витамин ва микроэелементҳои лозима ғанӣ бошад. Барои ба қалби худ ёрӣ расонидан мизони лозимаи таркиби хӯрокаро бо витаминҳои лозима баробар карда, бештар меваю сабзавоти тару тоза бояд хӯрд.  Аммо фикр накунед, ки бо истеъмоли меваю сабзавот мушкили шумо зуд осон мешавад. Гап дар сари он аст, ки дар ҳолати ғанӣ будани таркиби хӯрока аз микроэелементҳои лозима организми шахс фаъол мегардад. Дар акси ҳол, масалан ҳангоме, ки шахс гирифтори бемории «язва» ва илтиҳоби меъда (гастрит) бошад, организми шумо кобилияти ҳазм кардан ё аз худ кардани витаминҳои лозимаро, ки ба саломатии мо фоидаи калон мерасонанд,  гум мекунад.

Агар хохед, ки табъи шумо доимо хуш бошад, интихобт дурусти хӯрок ва истеъмоли меваю сабзавот ба шумо кӯмак мекунад ва хамчунин дар пешгирии ҳама гунна бемориҳо мусоидат хоҳад кард.

ФОТО