БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Барои чӣ витаминҳо моро бо йод таъмин карда наметавонанд?

   Ба организми мо йод зарур аст. Аксари аҳолии кишвар норасоии ин микроэлементи ба организм бениҳоят зарурро аллакай ҳис намудаанд. Аз ин мушкилӣ, яъне норасоии йод солимии насли ояндаи ҳар як халқу миллат вобастагии калон дорад.

Аз миқдори муайяни ин микроэлемент фаъолнокии пеш аз ҳама мағзи сар

вобаста аст. Фаҳмотар карда бигӯем, рушди интеллекти кӯдакон ва таъминоти муайяни интеллекти калонсолон низ  пурра аз йод вобаста аст. Тавре маълум мешавад, норасоии ин витамин рӯз аз рӯз бисёр тар мешавад.

Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки дар ҳама манотиқи кишвар аҳолӣ норасоии йодро дар организми худ дарк кардаанд, ки натиҷаи онро метавон аз нишондодҳои бемории ба он алоқаманд дарёфт. Пеш аз ҳама пайдоиши бемории ғадуди сипаршакл ва «зоб» аз норасоии йод сарчашма мегирад.

Йод ба мо барои мӯътадил кор кардани мағзи сар зарур аст, аз ҷумла барои дуруст  ва фаъол гардидани фикрронӣ. Ҳангоми норасоии ойд ҳар як шахс (хусусан наврасон) зуд гирифтори фаромушхотирӣ мегарданд ва ин гунна наврасон аз хурдӣ қобилияти дуруст ақида ронданро гумм мекунанд. Хусусан агар норасоии ойд дар занони ҳомила ба назар рассад мумкин аст, ки тифли ӯ бо бемории креатинизм (бозмондагии модарзодии фаъолияти фикрронӣ) таваллуд мешавад.

Талабот ба йод ба синну сол вобаста аст : барои кӯдакони  0-59 моҳа-90 мкг, кӯдакони 6-12 сола -120мкг, наврасони аз 12 сола боло ва калонсолон 150 мкг-ро ташкил медихад. Зимни ҳомиладорӣ ва ҳангоми кӯдаки ширхора доштан талабот ба йод мумкин аст 250мкг дар як шабонарӯзро ташкил диҳад.

Тибқи маълумоти ҷойдошта айни замон норасоии ойд се баробар камтар аз меъёри лозимаро ташкил медиҳад. Барои хамин хам таркиби хӯроки ҳамарӯзаи мо аз миқдори лозима йод бояд ғанӣ бошад.

Шояд шумо мегӯед, ки ойд дар таркиби бисёр витаминҳо вуҷуд дорад? Албатта не, на дар ҳамааш. Ҳамчунин на хамаи витаминҳо миқдори лозимаи ойдро ба мо дода метавонанд. Дар чунин ҳолат шумо бояд бештар доруи йодомарин бихӯред

 

ФОТО