БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

     
  • Валвулопластик чист?

    Агар дар гузашта танҳо роҳи дармони нуқси модарзодӣ ва пайдошудаи дил ҷарроҳии кушод буд ва қалби бемор боз мешуд, имрӯз бо равиши замонавии валвулопластик ин нуқсро метавон осон бартараф кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Қиссаи Муниса

Муниса фарзанди шашуми оила мебошад. Дар сесолаги вазъи саломатии ӯ бад шудан гирифт, ва барояш ташхиси нуқсони модарзодии дил гузошта шуд. Дар шаҳри Самара, ки он замон волидонаш он ҷо ба сар мебурданд, гуфтанд, ки шонси зинда мондан надорад. Дар дигар бемористонҳои кишвар низ барои амал тавсия надоданд

ва гуфтанд, ки дер шудааст ва шонси муваффақияти амал ба сифр баробар аст.

Мутахассисони Бемористони Ибни Сино баъд аз муоина ба ӯ ташхиси сӯрохии байни меъдачаҳои дил бо фишорбаландии шушӣ (VSD+PH) гузоштанд ва тасмим гирифтанд, ки ба ин духтарчаи умедвор шонси ҳаёт бидиҳанд. Ба ин тифли зебо амали думарҳилаи тавсия дода шуд. Марҳилаи аввал бомуваффақият се сол пеш анҷом шуд ва ҳоло қарор аст марҳилаи дуввуми амали ӯ рӯзҳои наздик анҷом шавад.

Дӯстони азиз, бо лайкҳои худ дастгириятонро аз ин тифл изҳор кунед! Бубинем, чанд лайк мегирад ин духтари зебо?

P.S. Пештар, Муниса розӣ набуд, ки аксашро бигузорем, зеро қаблан аксашро барои ҷамъоварии пул дар расонае гузошта буданд ва оилаашон хеле таъна шунида буд. Имрӯз бошад, худаш исрор кард, ки аксашро бо кормандони бемористон гузорем, то ба ҳама кӯдакони бемор умеди наҷот бибахшад.

 

ФОТО