БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

     
  • ЗОБИ БАЪД АЗ ВАЛОДАТ

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

                                    

    Як намуди хеле шоеъ аз бемориҳои ғадуди сипаршакл, зоби баъди валодат аст. Аз ҳар 10 зани валодаткарда, яке аз онҳо гирифтори зоби пас аз валодат  мегардад. Зоби баъди валодат дар касоне иттифоқ меуфтад, ки зоби камкори пинҳонӣ дошта бошад, аммо аз вуҷуди он бехабар бошад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тетрада Фалло ва табобати он

Тетрада Фалло иллати модарзодии дил буда, бори аввал аз ҷониби патологоанатоми фаронсавӣ Фаллот, дар соли 1888 ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳамин хотир онро тетрада Фалло номиданд

(тетрада - яъне чор). Бемории мазкур 4 нишонаи асосии ташреҳӣ (анатомӣ) дорад.

Ин нишонаҳо иборатанд аз;

-иллати калон дар девораи байни меъдачаҳо;

- гипертрофияи меъдачаи рост;

- ҷойивазкунии зиёди даромадгоҳи раги калон (аорта) аз меъдачаи чап ба рост;

- ва тангии ҷараёни шушӣ.

Ин тағйиротҳои ташреҳӣ ба тағйирёбии ҷараёни хун дар дил оварда мерасонанд. Хуни шараёнӣ аз рагҳои варидӣ ба даҳлезчаи рости дил гузашта, тавассути даричаи селахтӣ ба меъдачаи рост ворид мегардад. Баъдан хун бояд дар ҳаҷми лозима ба раги шушӣ ва шуш ворид гардад, аммо ҳангоми бемории тетрадо Фалло хун тавассути иллати калони девораи байни меъдачаҳо ба раги калон (аорта) ва давраи калони гардиши хун ворид мегардад.

Маҳз ин роҳи ҷараёни хуни шараёнӣ сабаби асосии сианоз (кабудшавӣ) дар кӯдакони дорои бемории тетрадо Фалло мегардад. Сианоз ва нафастангӣ аз аломатҳои асосии ин беморӣ ба шумор мераванд.

Тетрадо Фалло яке аз паҳнгаштатарин иллатҳои модарзодии дил миёни кӯдакон мебошад ва тибқи омор дар 5-8% кӯдакони бо иллати дил таваллудгардида, ба қайд гирифта мешавад. Бемории тетрада Фалло бисёр хатарнок буда, ҳангоми дараҷаи баланди тангии маҷрои раги шушӣ 25% кӯдакон дар соли аввали ҳаёташон мемиранд. 50% и дигар то синни 5 солагӣ умр намебинанд. Танҳо 5% беморон бе гузаронидани ҷарроҳӣ метавонанд то синни 40 солагӣ умр бинанд ва баъдан аз норасоии кори дил мефавтанд. Ташхиси ин беморӣ асосан тавассути таҳқиқоти эхокардиографӣ (ЭхоКГ) гузошта мешавад. Дар мавриди ҳалли масъалаи баргузории ҷарроҳӣ, мӯҳлат ва усули баргузории он, мариз бояд аз таҳқиқоти ангиографӣ гузарад. Ин муоинаи инвазивӣ буда, дар шӯъбаи кардиоҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Инчунин барои ташхиси тетрадо Фалло аз томографияи компютерӣ низ васе истифода мебаранд. Ин ташхис метавонад ҷузъитарин қисматҳои сохт ва фаъолияти дилро намоиш диҳад. Интихоби усули дурусти табобати ин беморӣ аз шахси бемор, синну соли ӯ, ҳолати ҷисмонӣ ва мавҷудияти бемориҳои дигар вобастагӣ дорад.

Табобати консервативӣ (доруӣ) ҳангоми бемории тетрада Фалло судманд қарор намегирад ва роҳи ягонаи наҷоти ҷони беморон гузаронидани амали ҷарроҳӣ ба шумор меравад. Дар табобати ин беморӣ асосан ду намуди ҷарроҳӣ мавриди истифода қарор мегиранд - ҷарроҳии паллиативӣ (муваққатӣ) ва ислоҳи қатъии иллат.

Ҷарроҳии паллиативӣ ҷарроҳии муқаддимавӣ буда, бештар ҳангоми хатарнок будани ислоҳи қатъӣ гузаронида мешавад. Асоси ин ҷарроҳиро зиёд кардани ҷараёни хуни шушӣ ба василаи аз байн бурдани тангии маҷрои шушӣ ё ба василаи барпо кардани хатти иртиботӣ миёни доираи хурд ва калони ҷараёни хунгард ташкил медиҳад. Ин ҷарроҳӣ бо истифода аз васоили муосир дар муддати кӯтоҳ анҷом дода мешавад. Аммо ҷарроҳии ислоҳи қатъии иллат дар табобати тетрада Фалло авлотар ба шумор меравад ва танҳо дар ин сурат, ҷарроҳ метавонад тамоми хусусиёти ташреҳии иллатро бартараф намояд. Ин намуди ҷарроҳӣ - ҷарроҳии боз буда, дар дили кушод бо ҷараёни хуни сунъӣ амалӣ мегардад. Кӯдакон баъди ислоҳи қатъӣ комилан солим гардида, аз ҳамсолони худ тафовуте надоранд. Танҳо як бор дар сол ба хотири дуруст ба роҳ мондани табобати доруӣ, бояд аз муоинаи духтури дил гузаранд.

Дар шӯъбаи ҷарроҳиҳои дили Бемористони Ибни Сино тамоми намудҳои ҷарроҳиҳои дил ва рагҳои бузург, аз ҷумла ҷарроҳиҳои ҳамаи навъҳои иллатҳои модарзодии дил амалӣ мегарданд. Шӯъбаи ҷарроҳии дили бемористон бо таҷҳизоти муосири зарурӣ муҷаҳҳаз гардидонида шудааст ва дар он мутахассиони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ кору фаъолият мекунанд.

ФОТО