БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

     
  • Валвулопластик чист?

    Агар дар гузашта танҳо роҳи дармони нуқси модарзодӣ ва пайдошудаи дил ҷарроҳии кушод буд ва қалби бемор боз мешуд, имрӯз бо равиши замонавии валвулопластик ин нуқсро метавон осон бартараф кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тахфифи солинавӣ аз Бемористони Ибни Сино!

Хонумон ва ҷанобони гиромӣ!

Аз 15-ум то 31-ми декабри соли равон, ба муносибати фарорасии Соли нави 2016 ва бо мақсади дастгирии молии ҳамватанонамон, мудирияти Бемористони Ибни Сино имконияти гузаронидани анҷиогрофӣ (ташхиси дил) ва анҷиопластиро (стентгузорӣ) бо тахфифи мутаносибан 5% ва 10% ба ниёзмандон пешкаш мекунад. Шахсоне, ки ба гузаронидани ингуна амалҳои тиббӣ ниёз доранд бо рақами 227-43-76 дар тамос шуда худро пешакӣ номнавис намоянд.

Инчунин Шумо метавонед фикру мулоҳизаҳои хешро дар чорабинии фейсбукии мо https://www.facebook.com/events/953678828045182/ изҳор намоед. Аъзои чорабинии мазкур шудан ба Шумо имконият медиҳад, ки ҳарзамон аз рӯйдодҳои ҷадид ва хабарҳои тозаи бемористони мо бохабар шуда, ҳамчунин аз маълумотҳои муфиди соҳаи тиб огоҳ гардед.

ФОТО