БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Муҳаммадиқбол ва Рухшеда баъди 18 соли интизорӣ соҳиби тифли дастрӯяке шуданд.

Ин оилаи хушбахт Азизқулов Муҳаммадиқбол Рустамович ва Азизқулова Рухшеда Абдураҳмоновна бо тифлаки 52 рӯзаи худ Сосон.

Муҳаммадиқбол ва Рухшеда баъди 18 соли интизорӣ соҳиби тифли дастрӯяке шуданд. Рухшеда модари Сосон, ин 18 солро соли муборизаҳо меномад. Муҳаммадиқболу Рухшеда дар тӯли ин солҳо ба таъбири худашон "ҷои норафтаашон намонд".

Ҳатто дар хориҷ аз кишвар низ табобат гирифтаанд. Аммо мутаасифона ин ҳама талош бе натиҷа анҷом ёфт. То билохира ба шӯъбаи гинекологии Бемористони Ибни Сино муроҷиат карданд ва доктор Ситора Қодирова табобати онҳоро ба дӯш гирифт. Падару модари хушбахт мегӯянд: доктор Ситора ба мо ваъда дод, ки дар муддати як сол иншооллоҳ фарзанддор хоҳед шуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ва инак, Сосони дастрӯяк зиндагии ин ду нафарро рангинтару зеботар кард.

Дӯстони гиромӣ биёед дар арафаи Соли нав бо лайкҳои худ ба ин тифли дастрӯяк хушбахтӣ дар зиндагии ояндааш таманно намоем! Худованд умри садсолааш ато кунад ва ҳар, ки дар орзӯи фарзанд ҳаст дар ин сол орзӯяш бароварда гардад!

ФОТО